Тадқиқгарон аз замонҳои пеш диққати худро ба омухтани масъалахои истеҳсолоти ҷомеа ҷудо мекарданд. Ҳануз мутафаккири халқамон Закариёи Розй, ки дар даврони салтанати Сомониён умр ба сар бурдааст, дар асараш «Тибби рудонӣ» нишон дода буд, ки ба туфайли пайдо қардани тахассусҳо ҳар яке аз бандагони Худованд бо ихтисосе пайванд шуда мемонданд ва бо василаи иҷрои заҳмат дар ҳамон тахассус қути зиндагонии худро дарёфта метавонанд. Яъне, дар даврони тотаърихии хаёти одамизодагон истеҳсолот таъиноти бевоситаи истеъмолиро дошт. Неъматҳои истеҳсолшаванда дар шафати хоҷагӣ ва ё дохили худи он ба истеъмол масраф карда мешуданд. Гӯё неъматҳо бидуни мубодила ба истеъмол ҷалб мешуданд.
Хоҷагиҳои дар ин гуна марҳилаи таъриҳӣ фаъолиятбарандаро хоҷагиҳои маҳсулотӣ (натуралӣ) номидаанд. Ба хоҷагиҳои маҳсулотӣ хоҷагидории авлодию қабилагӣ, ғуломдорӣ, феодалӣ мансуб дониста мешаванд. Тақсимоти минбаъдаи меҳнат, пайдо шудани тахассусҳо, ҷабҳаҳову соҳаҳои истеҳсолот ва дигарҳо боиси пайдо шудани хоҷагиҳои молӣ мегарданд. Тафовути намоёнтарини хоҷагиҳои молӣ – ин инкишофи тақсимоти меҳнат, пойдоршавии мулки хусусӣ, манфиатҳои иқтисодии инфиродӣ мебошанд. Ин нишонаҳо боиси ба саҳнаи фаъолият расидани хоҷагиҳои молӣ мегарданд.
Хоҷагиҳои молӣ одатан хоҷагиҳое мебошанд, ки дар ҳиссаи аксар маҳсулотро барои дар бозор фурӯхтан истеҳсол менамоянд. Ин ҳолат талаб менамояд, ки хоҷагиҳои молӣ амалан озод буда, шумораи нисбатан зиёду беинтиҳои хоҷагиҳоро дарбар гиранд. Дар ин гуна маврид мақсаду мароми онҳо дар натиҷаи фурӯши молҳои истеҳсолшуда ба даст овардани фоида буда метавонад. Хислати умумии хоҷагиҳои молӣ ҳамон мебошад, ки ҷамеи онҳо мақсади ягонаи фоидаситониро доранд. Аммо ин мақсади умумиро ҳар яке аз онҳо бо роҳу василаи худ амалан пиёда карда метавонанд.
Равиши ба хоҷагиҳои молӣ табдил ёфтани хоҷагиҳои маҳсулотиро дар нақша тасвир карда метавонем (ниг. ба нақша 4.1.)
Нақшаи 4.1.
Табдилшавии хоҷагиҳои маҳсулотӣ ба хоҷагиҳои молӣ
Хоҷагии молӣ якчанд марҳилаи инкишофу таҳаввулро аз сар гузаронидааст. Аз ҳамин нуқтаи назар фарқ карда мешавад:
© Хоҷагии молии оддӣ.
- Хоҷагии молии сармоядорӣ (ривоҷёфта).
- Хоҷагии молии танзимшаванда.
Ҳар яке аз ин ҳоҷагиҳои молӣ сатҳи ба ҳуд хоси инкишоф, зиддиятҳо ва афзалиятро доро мебошад.