Главная / Илм / Таҳия ва пешниҳоди дархост барои бакайдгирии тамғаи молй

Таҳия ва пешниҳоди дархост барои бакайдгирии тамғаи молй

Дархост дар бораи бақайдгирии тамғаи молӣ ба Идо- раи патентии ҶТ аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё шахси воқеӣ пеш- ниҳод карда мешавад. Бурдани кор бо Идораи патентии ҶТ метавонад аз ҷониби худи аризадиҳанда, соҳибҳуқуқ, шахси дигари манфиатдор мустақилона ё ба воситаи намояндаи патентии аз тарафи мақоми марбута ба қайд гирифташуда, амалӣ гарданд. Шахсони воқеие, ки ба таври доимӣ берун аз қаламрави Тоҷикистон истиқомат мекунанд ва шахсони ҳу- қуқи хориҷӣ ё намояндагони онҳо фаъолияташонро бо Идо- раи патентии ҶТ ба воситаи намояндагони ваколатдор- шудаи патентӣ, ки ҳуқуқи ба амал баровардани фаъолияти намояндаи патентиро тибқи қонунгузории Тоҷикистон соҳиб шудаанд, пеш мебаранд.

Дархост барои як тамғаи молӣ пешниҳод карда меша- вад, ки бояд инҳоро дар бар гирад: арзнома дар бораи ба- қайдгирии нишона ба сифати тамғаи молӣ бо нишон додани номи аризадиҳанда ва нишонии макони ҷойгиршавӣ ё зисти ӯ; нишонаи арзкунанда; номгӯи молҳое, ки тибқи ТБМХ гу- руҳбанди шудаанд ва бақайдгирии тамғаи молӣ нисбат ба онҳо дархост мешавад; шарҳу тавсифи нишонаи арзшаванда.

Ба дархост бояд ҳуҷҷатҳои зерин илова карда шаванд: ҳуҷҷате, ки бо андозаи муқарраргардида ворид шудани пар- дохти ҳатмиро барои пешниҳоди дархост тасдиқ мекунад; оинномаи тамғаи коллективӣ, агар дархост барои бақайдги- рии тамғаи молии коллективӣ пешниҳод шавад; ҳуҷҷате, ки ҳуқуқу салоҳияти намояндаи патентиро тасдиқ мекунад, агар дархост ба воситаи намояндаи патентӣ дода шавад.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …