Главная / Илм / Тағйирёбиҳои антропогении иқлим

Тағйирёбиҳои антропогении иқлим

Дар давоми ҳазорсолаҳо фаъолияти хоҷагидории одам ба шароити берунаи икдим мувофиқат карда, ҳеҷ кас фикр намекард, ки он ба иқлим таъсири мусбат ё ки манфӣ мерасонад. Аз аввал аҳолии Замин хеле энергетикии одам ба устувории иқлим таъсир расонида наметавонист. Лекин бо афзоиши аҳолии сайёраи Замин фаъолияти одам характери сайёравӣ гирифта, таъсири он ба иқлим ва дигар ҷараёнҳои табиии дар ҳудуди биосфера амалишуда бештар гардид. Ба тағйирёбии иқлим чунин ҷараёнҳои характери сайёравигирифта таъсир мерасонанд:

  • ба майдонҳои кишт табдил додани манзараҳои табиӣ, ки ба тағйирёбии албедо, талафоти намнокӣ ва ба атмосфера интиқолёбии чангу ғубори зиёд оварда мерасонад;
  • нест кардани ҷангалзорҳо, бахусус ҷангалзорҳои тропикӣ, ки ба ҳосилшавии оксигени молекулавӣ, тағйирёбии албедо ва намнокӣ оварда мерасонад;
  • аз меъёр зиёд чарондани ҳайвонот дар чарогоҳҳо, табдилёбии дашту саваннаҳо ба биёбон, ки ба тағйирёбии албедо ва хушкшавии хок оварда мерасонад;
  • дар натиҷаи сӯхтани сӯзишвориҳои узвй ба атмосфера микдори зиёди СО2, СНд ва дигар газҳои самараи гармхонагй интиқол меёбанд;
  • ба атмосфера интиқол ёфтани партовҳои саноатӣ, таркиби атмосфераро тағйир дода, микдори газҳо ва аэрозолҳои аз нуқтаи назари радиатсионӣ фаъолро зиёд мекунад, ки ин эҳтимолияти самараи гармхонагиро баланд мекунад.

Имрӯз аз ҳама бештар афзуншавии СО2, фреонҳо, метан, оксидҳои нитроген ва озон тамоми одамонро ба ташвиш овардааст, ки онҳо газҳои асосии баамалорандаи самараи гармхонагй ба ҳисоб мераванд. Оморҳои гузаронидаи соли 2001 нишон медиҳанд, ки аз соли 1750 то соли 2000 сол дар атмосфера микдори дуоксиди карбон (СОг)-то 31%, метан (СНд) – то 151%, оксиди нитроген (N€>2)-17% зиёд шудаанд ва солҳои минбаъда микдори онҳо зиёдтар хоҳанд шуд. Ҳамаи ин бошад, самараи гармхонагиро афзун карда, ба камшавии микдори озони атмосфера сабаб мешавад.

Аз тарафи дигар интиқоли табиии аэрозолҳо (кӯҳҳои оташфишон) ва сунъӣ (партовҳои фаъолияти одам) ба атмосфера ҳарорати онро паст мекунанд.

Маълум аст, ки афзуншавии газҳои атмосфера СО2, СНд, фреонҳо ба самараи гармхонагӣ оварда ҳавои сайёраи Замин ва қабатҳои поёнии атмосфераро зиёд мекунанд, ки ин ба тағйирёбии иқлим оварда мерасонад.

Ба атмосфера интиқоли додани газҳо ва аэрозолҳои дар самараи гармхонагӣ иштирокдошта ба инкишофи инсоният дар асри XXI вобастагй дорад. Пешгӯйиҳое ҳастанд, ки то соли 2100 дараҷаи ғилзати СНд аз 190 то 1970 млрд-], N2O- аз 38 то 144 млрд4 ва озони дар тропосфера буда, аз 12 то 62% назар ба дараҷаи ғилзати дар соли 2000 будаи онҳо бештар мешавад, ки ин ҳарорати сайёраи Заминро то 1,5-5,8°С зиёд мекунад. Баландшавии ҳарорат дар солҳои 1990-2100 ба баландшавии сатҳи Уқёнуси Ҷаҳонӣ то 14-80 см (ба ҳисоби миёна то 47 см) оварда мерасонад, ки то ҳол оқибатҳои он пурра баҳо дода нашудаанд. Барои пешгӯйй кардани тағйирёбиҳои иқлими сайёраи Замин, ки бо фаъолияти одамон алоқаманд мебошанд, як қатор назарияҳо пешниҳод карда шудаанд. Аз рӯйи ин назарияҳо, тағйирёбиҳои сайёравии иқлими Заминро дар фосилаи 100 сол пешгӯйӣ мекунанд (расми 65).

v

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …