Чи тавре дар хок ва об гармшавӣ ва хунукшавӣ аз боло ба поён интиқол меёбад, хамин тавр гармшавй ва хунукшавии хаво аз қабатҳои поёнӣ ба қабатхои болоӣ интиқол дода мешавад. Барои ҳамин тағйирёбии шабонарӯзии харорат на танхо дар сатҳи замин, балки дар қабатҳои болоии атмосфера хам мушоҳида мешавад. Интиқоли гармӣ дар атмосфера ба монанди об, бо – роҳи гармигузарони турбулентӣ амалӣ мешавад, яъне дар рафти омехташавии хаво. Азбаски ҳаракати ҳаво фаъолтар аст, гармигузаронии турбулентӣ зиёдтар мушоҳида мешавад. Бинобар ин тағйирёбии харорати шабонарӯзӣ дар қабатҳой атмосфера назар ба тағйирёбии шабонарӯзии уқёнус бештар паҳн мешавад. Дар баландии 300 м тағйрёбии ҳарорати шабонарӯзӣ ба 50%-и тағйирёбиҳои сатҳи Замин рост меояд, дар баландии 1 км ба 1-2°С ва дар баландии 2-5 км бошад, ба 0,5-1°С баробар аст.
Ба туфайли инъикоскунии баланди рӯшноӣ дар баландкӯххо вобаста ба баландӣ тағйирёбии шабонарӯзии харорат оҳиста- оҳиста кам мешавад. Дар баландиҳои 3000 м ва бештар аз ин тағйирёбии дараҷаи ҳарорат ба водиҳо монанд аст, ки ин бо фурӯбарии радиатсия ва самараи шуоъпошиҳо ин ҷо ба монанди алоқамандии ҳаво ва хок зиёд аст. Тағйирёбии ҳарорати шабонарӯзии ҳаво дар Мурғоб (Тоҷикистон) ба ҳисоби миёна дар як сол ба 15,6°С ва дар Тошканд (Узбакистон) ба 12°С баробар аст.