Табдилоти радиоактиви гуфта, худ аз худ ба якдигар табдил- ёбии ядрохоро хангоми афканишотҳои гуногуни радиоактивИ меноманд. Ядроҳо новобаста ба якдигар табдил меёбанд. Муд- дати вакте, ки дар давоми он нисфи ядроҳои аввалаи моддаи радиоактив табдил меёбад, даври нимтабдилёбИ ном дорад ва бо Т„2 ишора карда мешавад.
Шумораи табдилёбии ядрохои моддаи радиоактивро (Д ЛОдар вохиди вакт (Дг) фаъолияти моддаи радиоактив (Ф) меноманд:
Ф=-^ (4.14.1)
Ба сифати вохиди фаъолияти моддаи радиоактив дар системаи байналхалкии вохидхо (СИ) фаъолияти моддае кабул карда шудааст, ки дар 1 с дар он 1 табдилёбй ба амал меояд. Ин вохидро Беккерел(1 Бк) меноманд:
1 Бк = 1 табдил/с.
Вохиди ғайри системавии фаъолияти моддаи радиоактив Кюри (Ки) мебошад:
1 Ки = 3,7 -Ю10 табдил/с.
Кохиши ядрохои моддахои радиоактив вобаста ба вақт ба конуни экспоненсиалй итоат менамояд ва он ба шакли математикй чунин ифода карда мешавад:
N = N„2-^, (4.14.2)
дар ин чо N0- шумораи аввалаи ядрохои моддаи радиоактив дар лахзаи аввали вакт (1=0), N – шумораи ядрохои мод даи радиоактив баъди фосилаи вакти I.
Аломати минус нишон медихад, ки бо ғузашти вакт шумораи атомхои табдилнаёфта кам мешавад.
Конуни табдилоти радиоактивй (4.14.2) ба тарзи ғрафикй дар расми 4.14.1 нишон дода шудааст.
Аз ғрафик дида мешавад, ки фаъолияти моддаи радиоактив бо конуни экспоненсиалй тағйир меёбад ва дар фосилаи даврй ним-
табдил (барои ин маврид 5 соат аст) ду маротиба кам мешавад.
Даврй нимтабдилёбй барои моддахои радиоактив ғуноғун бу- да, дар худуди аз 3 • 10“7 с то 5 • 10′0 сол мехобад.
Ҳангоми табдилёбии ядрохои радиоактив ядрохое хосил меша- ванд, ки дар навбати худ онхо хам радиоактив буда метавона- нд ва онхо низ ба табдилёбй ду- чор меғарданд.
Баъди табдилёбихои пай дар пайи ядрохои хосилғардида эле- менти устувор пайдо мешавад.
САВОЛҲО БАРОИ ТАКРОР——————————————————- —
- Т абдилоти радиоактивй гуфта чиро меноманд?
- Даври нимгабдилёбии моддаи радиоактив гуфта, чиро мено- манд?
- Фаъолияти моддаи радиоактив гуфта, чиро меноманд ва ба шакли математики чй тавр ифода карда мешавад?
- Воҳидҳои фаъолияти моддаи радиоактивро номбар ва маънн- додкунед.
- Қонуни табдилоти радиоактивиро ба шакли математики на- вишта ва ба таври графикй кашида, маънидод намоед.