Доман аз ҷиҳати дӯхт босифат буда, хусусан ба духтарон либоси зарурй аст. Агар хоҳед, ки худатон либосатонро дӯзед, аз дарсҳои «Технология» пурсамар истифода баред. Агар хоҳед, ки ба ягон шахс мӯҳтоҷ набошед, ин ҳунарро омӯзед.Агар хоҳед, ки ба оилаатон аз ҷиҳати иқтисодӣ ёрй расонед, ҳунар омӯзед. Ҳунаре, ки меомӯзед аз дастатон ҳеҷ кас гирифта наметавонад. Ба ҳар як духтар ва зан дӯзандагӣ ҳунари зебанда аст. Шумоён дар оянда хоҳ омӯзгор, хоҳ олим, хоҳ шоир, хоҳ табиб, хоҳ барномасоз ё соҳиби ягон касбу кори гуногун шавед ҳам, донистани ҳунарҳои дӯзандагӣ ба шумо ёрӣ мерасонад.
Ҳунар омӯз, к – аз ҳунармандӣ,
Даркушой кунӣ, на дарбандӣ.
Ривоят мекунанд, замоне як бой буд. Вай ду писар дошт, яке ҳунарманд, дигаре беҳунар. Баъди вафоти падар мерос ба ду тақсим гардид. Писари ҳунарманд бо даромади ҳунараш меросии худро зиёд намуд, лекин писари беҳунар чизу чораи боққимондаи падарро фурӯхту худ ба ягон кор машғул нашуд дар натиҷа муфлис гардид.