ТАДҚИҚОТИ ШОЁН
ДАР ИНКИШОФИ БИОЛОГИЯ
384 -322 то милод Арасту дар ин солҳо назарияи зина ба зина инкишоф ёф- тани олами зиндаро гуфта гузашт ва як қатор ақидаҳои табиию илмиро пешниҳод намуд.
Арасту ба чунин хулоса омад, ки олами зинда аз таби- ати ғайризинда бо таъсири қувваи илоҳй – энтелихия (аз юнонӣ – таъсир) пайдо шудааст.
1609 Аввалин бор микроскоп ихтироъ шуд. (Г.Галилей).
1628 Гардиши хун маълум гардид. (В.Гарвей).
1651 Ташкил ёфтани мавқеи тамоми мавҷудоти зинда аз тухм. (В.Гарвей).
1661 Капиллярҳо (рагчаҳо) кашф шуданд. (М.Малпиги).
1665 Сохтори ҳуҷайрагии бофтаи пӯк маълум гардид. (Р. Гук).
1668 Бо роҳи таҷриба исбот гардид, ки кирминаи пашша аз тух- ми онҳо пайдо мешавад. (Ф.Реди).
1674 Бактерияҳо ва содатаринҳо маълум гардиданд. (А. Левен- гУк).
1676 Пластидҳо ва хроматофорҳо маълум шуданд. (А.Левен- гУк).
1677 Нахустин бор мушоҳида шудани нутфаи (сперматозоид)-и одам. (А.Левенгук).
1688 Мафҳуми намуд ҳамчун ченаки систематикӣ қабул гардид. (Д.Рей).
1735 Сохтори систематика ва номенклатураи бинарӣ (дунома- гӣ) қабул шуд. (К.Линей).
1778 Маълум шуд, ки оксигенро рустаниҳо хорич мекунанд. (Ҷ. Пристли).
1779 Алоқамандии рӯшноӣ ва ранги сабзи рустаниҳо муайян гашт. (Я.Ингенхауз).
1809 Назарияи аввалини олами органикӣ ташкил ёфт. (Ж. Б.Ла- марк).
1814 Маълум гардид, ки аз маводди чав крахмал ба қанд бо ёрии фермент табдил меёбад. (Г.Кирхгоф).
1828 Қонуни бо ҳам монандии чанин ташкил ёфт. (К.М.Бер).
1831 Ядрои ҳучайра кашф гардид. (Р.Броун).
1839 Назарияи ҳуҷайраги пешниҳод гардид. (Т.Шванн, М. Шлейден).
1853 Воридшавии нутфа (сперматозоид) ба ҳуҷайратухм му- шоҳида шуд. (Ф.Кебер).
1858 Пайдоиши ҳар як ҳуҷайра аз ҳучайра ташаккул ёфт. (Р. Вирхов).
1859 Китоби Ч.Дарвин «Пайдоиши намудҳо бо роҳи интихоби табиИ ё зинда мондани фардҳои хубтар мутобиқшуда дар мубориза барои ҳаёт» нашр шуд.
1862 Назарияи худ аз худ пайдошавИ инкор гардид. (Л.Пастер).
1864 Қонуни биогенетикИ ташкил ёфт. (Э.Геккел, Ф.Мюллер).
1865 Қонунҳои ирсият нашр шуданд. (Г.Мендел).
1868 Кислотаҳои нуклеинИ кашф шуданд. (Ф.Мишер).
1871 Тасдик, шуд, ки сафедаҳо аз аминокислотаҳо сохта шуда- анд. (Н.Н.Любавин).
1874 Митозро дар ҳучайраи рустанИ мушоҳида намуданд. (И.Д. Чистяков).
1875 Маълум шуд, ки раванди оксидшавИ на дар хун, балки дар бофтаҳо ба амал меояд. (Э. Пфлюгер).
1878 Тақсимшавии митозИ дар ҳучайраи ҳайвон тасдиқ гардид. (В.Флелиминг, П.И.Перемежко).
1880 Витаминҳо маълум шуданд. (Н.И.Лукин).
1883 Назарияи биологии (фагоситарИ) иммунитет ташкил ёфт. (И.И.Мечников).
1892 Вирусҳо кашф шуданд. (Д.И.Ивановский).
1898 Нахустин бор мейоз маълум гардид. (В.И.Беляев).
1898 Дучанда бордоршавИ дар рустаниҳои гулдор маълум гар- дид. (С.Г.Навашин).
1899 Бактериофакҳо (вирусҳое, ки бактерияҳоро мехӯранд) кашф шуданд. (Н.Ф.Гамалея).
1900 Қонуни меросгузорИ дуюмбора кашф шуд. (К.Корренс, Э. Чермак, Г. Фриз).
1900 -1901 Тасаввурот доир ба фаъолияти рефлексҳои шартИ маълум гашт. (И.П.Павлов).
1903 Мавқеи рустаниҳои сабз дар гардиши энергия ва моддаҳо дар табиат маълум шуд. (К.А.Тимирязев).
1910 Назарияи филэмбриогенез-макроэволютсия ташкил ёфт.
(А.Н.Северсов).
1914 Назарияи хромосомии ирсият пешниҳод гардид. (Т.Мор- ган).
1920 Қонуни қатори гомологии тағйирпазирии ирсй ташкил ёфт. (Н.И.Вавилов).
1921 Таъсири як қисми ҷанин ба қисми дигар ва мавқеи ҷойдоштаи ин қисм дар инкишофи ҷанин маълум гашт. (Г.Шпеман).
1923 Фотосинтез ҳамчун ҷараёни оксидшавандаю барқарорша- ванда тасдиқ гардид. (Т.Тунберг).
1924 Назарияи табиию илмии пайдоиши ҳаёт дар рӯйи Замин маълум гардид. (А.И.Опарин).
1928 Асари Вернадский доир ба «Биосфера» нашр шуд.
1929 Пенитсилини табииро чудо карданд. (А.Флемминг).
1931 Сохта шудани микроскопи электронӣ. (Е.Руска, М.Кнолл).
1940 Антибиотики тозаи химиявии пенитсилинро дастрас наму- данд. (Г.Флори, Е.Чейн)
1940 Назарияи биогеосеноз пешниҳод шуд. (В.Н.Сукачёв).
1943 Мавчуд будани мутатсияи спонтанӣ (табиӣ) маълум гар- дид. (С.Лурия, М.Делбрюк).
1944 Моҳияти генетикии КДН исбот гардид. (О.Эвери, С.Ма- клеод, М.Маккарти).
1945 Тӯри эндоплазматикиро кашф намуданд. (К.Портер).
1945 Табиати иммунологии номувофиқии кӯчонидан (транс- плантатсия)-и бофтаҳо ва узвҳо маълум шуд. (П.Медавар).
1946 Системаи рекомбинатсиявӣ дар бактерияҳо маълум гар- дид. (Д.Ледерберг, Е.Татум).
1948 Ягонагии принсипи назорат дар системаи кибернетика ва организмҳои зинда тасдиқ гардид. (Н.Виннер).
1953 Тасаввурот доир ба сохтани модели сохтори КДН маълум гардид. (Д.Уотсон, Ф.Крик).
1960 Гибридизатсияи ҳучайраҳои соматикӣ (чисм) тасдиқ шу- данд. (Г.Барский).
1961 Типҳо ва табиати умумии код (рамз)-и генетикӣ муайян шуд. (Ф.Крик, Л.Барнет, С.Бреннер, Р.Уотс-Тобин).
1961 Клоникунонии ҳайвонот оғоз шуд. (Ҷ.Гердон).
1962 Фаҳмишҳо доир ба фаъол гардидани генҳои танзимгар (регулятор) аз тарафи генҳои операторй маълум шуд. (Ф. Жакоб, Ж. Моно).
1968 Бо усули химиявӣ генро синтез карданд. (Х.Корана).
1970 Нусхабардории (транскрипсия) баръакс маълум гардид, яъне аз КРН-КДН нусхабардор мешавад. (Х.Темин, Д. Балтиморе).
1973 Нахустин таҷрибаҳо доир ба клоникунонии молекулавӣ нашр гардиданд. (С.Коэн, А.Чанг).
1982 Имконияти дигар шудани генотипи ҳайвон бо ёрии моле- кулаҳои реконбинативӣ КДН исбот гардид. (Р. Толмитер, Р.Бринстер).