Дар зинаҳои аввали такомули Замин баъди пурра ташаккулёбии он гармшавии қаъри он, ташаккулёбии ядро, ки ба фаъолшавии магматикӣ сабаб шуд ва вулқонҳоро ба амал овард, баъдтар ба дегазатсияи мантия, пайдошавии гидросфера ва атмосфера оварда расонд. Дар дгвраи архей уқёнуси Олам тамоми сайёраи Замин ё ки қисми зиёди онро пӯшонида буд. …
Муфассал »10.1. Усулҳои тадқиқотии муайян кардани иқлим дар гузашта
Тағйирёбиҳои иқлимиро дар гузашта аз рӯйи баъзе маълумотҳои геологӣ баҳо медиҳанд. Аз ҳама бештар таърихи Замин (7/8 ҳиссаи он) ба давраи токембрий (аз 4,65 млрд. то 570 млн. сол) рост меояд. Тағйирёбиҳои иқлимии ин давраро аз рӯйи таҳшинҳои ҷинсҳои кӯҳӣ муайян мекунанд. Мисол иқлими сардро аз рӯйи бартарӣ доштани маҳсулотҳои …
Муфассал »Тағйирёбии иқлим
Сабабҳои тагйирёбии иқлим. Дар рафти инкишофи таърихи геологии Замин (4,8-5,0 млрд. сол) баробари табиат таркиби атмосфера, массаи он тағйир ёфта, ҳамроҳи онҳо иқлим ҳам гағйир меёфт. Аз нуқтаи назари имрӯза дар рафти такомули Замин симои қитъаҳо, сохтор ва баландии кӯҳҳо, майдони хушкӣ ва уқёнусҳо, расиши рӯшноии офтоб, гардиши замин дар …
Муфассал »Тақсимо ги ҳарораги миёнаи (°С) ҳаво дар Антарктида моҳи январ
Дар қисми кӯҳии пиряхҳо ҳарорати миёнаи солона ба – 38°С ва пуштакӯҳҳои шарқии Антарктида ба ҳисоби миёна то -50°С баробар буда, ҳарорати аз ҳама паст дар ин ҷо ба -70- 90°С мерасад. Дар арзҳои шарқии Антарктида ҳаво назар ба ғарбӣ хеле сард аст, ки ин ба баландӣ ва бодҳои гарми …
Муфассал »Тақсимоти ҳарорати миёнаи (°С) ҳаво дар Антарктида моҳи июл
Соҳилҳои Антарктида намнок буда, иқлими муътадил доранд. Тобистон харорати ин ҷо максималӣ буда, аз сифр боло аст, ки сабаби обшавии барф мешавад. Дар соҳилҳои Антарктида доимо бодҳои суръати ҳаракаташон то 15-20 м/сония мушоҳида мешаванд, ки боду ҳавои соҳилҳоро муайян мекунанд. Боришоти минтақаи соҳилҳои шарқии Антарктида ба 400-500 мм ва ғарбии …
Муфассал »Иқлими антарктидй
Антарктидаро уқёнуси Ҷанубй печонида гирифтааст. Иқлим ин қитъа яхӣ буда, дар рӯйи замин аз ҳама шаддидтарин ба ҳисоб меравад (расми 60, 61). Ҳарорат дар назди соҳилҳои ин ҷо то -10°С ва дар маркази қитъа то -50 – 60°С паст мефарояд. Боришоти миёнаи солонаи ин қитъа, ба 120 мм мерасад. Иқлими …
Муфассал »Иқлими Арктикӣ
Иқлими Арктикиро асосан норасоӣ ё ки пурра набудани рӯшноии офтоб зимистон ва расиши баланди тобистонаи он муайян мекунад. Новобаста ба он ки расиши солонаи рӯшноии офтоб мусбӣ аст дар як қисми он пурра норасоии он мушоҳида мешавад. Ҳарорати тобистон он қадар баланд нест, чунки рӯшноии офтоб бештар барои обшавии барф …
Муфассал »Иқлими назди қутбӣ (иқлими субарктикӣ ва субантарктикӣ)
Дар иқлими субарктикӣ (субантарктикй) зимистон ҳавои арктикӣ (антарктикӣ) ва тобистон ҳавои арзҳои мӯътадил бартарй доранд. Дар ин минтақа ду типи иқлим фарқ карда мешавад – қитъавӣ ва уқёнусӣ. Иқлими субарктикии қитъавӣ дар нимкураи Шимолӣ ва уқёнусӣ бошад, дар нимкураи ҷанубй бартарӣ дорад. Дар қисми шимолии Евразия ва Амрикои Шимолӣ минтақаи …
Муфассал »Иқлими уқёнусиии арзи муътадил
Укёнусҳои Атлантика, Ором ва Ҳинд майдони асосии ин иқлимро фаро мегиранд. Дар қисми нимкураи шимолии ин иқлим боришот зиёд буда, зимистонаш сард аст. Тағйирёбии ҳудуди ҳарорати солона ба 10-15°С мерасад. Дар давоми сол бодҳои сахт мушоҳида шуда, суръати миёнаи шамол ба 10-15 м/сония баробар аст.
Муфассал »Иқлими қисми шарқии қитъавии арзи муътадил
Дар шарқи Осиё типи иқлими мавсимӣ мушоҳида мешавад, ки онҳо давоми мавсимаҳои тропикӣ ва субтропикй буда, дар кишвари Приморя, шимолу шарқии Хитой, шимоли Япония ва Сахалинро фаро мегирад. Боришоти миёнаи солона 562 мм (Камчатка, Хабаровск), 1386 мм (Канада ва шарқии Осиё) -ро ташкил медиҳад.
Муфассал »