Давраи нави таҳаввули ислом аз нимаи аввали асри XVIII оғоз гардида то имрӯзро фаро мегирад. Ин давра, аз назари ҳаводиси сиёсӣ, таҳаввулоти мафкуравию мазҳабӣ, яке аз давраҳои пурихтилоф ва серсамари таърихи Ғарбу Шарқ мебошад. Пайдоиши наҳзати Ислоҳ (Реформатсия)-и насронӣ ва ба дунболи он ҳаракати Эҳё (Ренессанс) ва Маорифпарварӣ, инқилобҳои буржуозӣ …
Муфассал »Тамаддуни исломӣ – ШИЪА ВА ФИРҚАҲОИ ОН
Чунон ки гуфтем, пас аз вафоти Паёмбари ислом (с) чизе нагузашта буд ва ҳатто , ҳанӯз ӯро гӯр накарда буданд, ки ихтилоф дар атрофи масъалаи ҷонишини ӯ, яъне дар масъалаи интихоби х а л и ф – шахси ҷонишин, идомадиҳандаи кори Паёмбар (с), пешво ва роҳбари сиёсӣ ва мазҳабии уммати …
Муфассал »ҲИКМАТИ МУТАЪОЛИЯ
ҲИКМАТИ МУТАЪОЛИЯ, яке дигар аз мактаби фалсафии исломӣ аст, ки аз тарафи марди эроние бо номи Садр-ул-Мутаолиҳин Шерозӣ (ваф. с.1050 ҳ.қ.) поягузорӣ шуд. Садр–ул–Мутаолиҳин расман фалсафаи худро ҳикмати мутаолия хонд ва бо ҳамин ном машҳур шуд. Калимаи ҳикмати мутаолия аз тарафи Шайхурраис Абӯалӣ Сино низ дар китоби “Ишорот ва танбеҳот” …
Муфассал »Мактаби машшоия
Сардафтари фалосифаи машшоия Абӯюсуф Яъқуб ибни Исҳоқ ал-Киндӣ ва барҷастатарин симои он Шайхурраис Абӯалӣ Ибн Сино(980-1037) мебошанд. Мактаби машшоияи Шайхурраис Ибни Сино пайрави Арасту /384-322 қ. а.м./ ба шумор меравад ва номи ин мактаб низ аз он ҷиҳат аст, ки Арасту одат доштааст, бо шогирдонаш ҳангоми дар боғ ё гулгашти …
Муфассал »ТАШАККУЛИ ФАЛСАФАИ НОБ ДАР ОЛАМИ ИСЛОМ
Файласуфони исломӣ дар тақсими аввал ба ду равия: динӣ —фалсафӣ ва соф фалсафӣ ва дар тақсими сонӣ дар навбати худ равияҳои динӣ фалсафӣ ба ҳадди ақал ба се: равишҳои каломӣ ва ирфонӣ ва исмоилӣ; равиши соф фалсафӣ низ ҳадди ақал ба чаҳор даста тақсим мешаванд: файласуфони машшоъ \перипатетикҳо\ ва файласуфони …
Муфассал »Фалсафаи дин
Дар доираи маорифи исломӣ ҳангоми муайян намудани ҷою мақоми илми фалсафа баъзан ихтилофи ақида дар нуктаи назарҳо ба миён меоянд. Аввалин ихтилоф ношӣ аз он аст, ки оё метавон фалсафаро ба қатори илму маъорифи исломӣ ном бурд ё на? Сониян, оё илми калом ва тасаввуф мутааллиқ ба фалсафаанд ё ба …
Муфассал »Фирқаи Ясвия
ЯСАВИЯ фирқаест аз тасаввуф, ки асосгузори он шайх Аҳмади Ясавӣ (ваф.1166)мебошад. Ин фирқа таълимоти исломро барои шуури қабилаҳои турки Осиёи Марказӣ мувофиқ намудааст. Намояндагони маъруфи он – Сулаймони Боқиргонӣ ва Сӯфи Оллоҳёр мебошанд, ки дар интишори тасаввуф дар байни узбекон ва туркони Осиёи Марказӣ нақши муассир доранд.
Муфассал »Тасаввуф чист? (Суфизм)
Тасаввуф яке аз ҷараёнҳои динию фалсафии маъруф ва бузургу сершохаи ислом мебошад. Хусусияти боризи тасаввуф дар он аст, ки вай назар ба исломи расмӣ ва фирқаҳои он, ки баъдан зикр хоҳем кардем, камтар ба ҷиҳати зоҳирии ислом таваҷҷӯҳ намуда, бештар масъалаи ботинӣ, шинохти қалбӣ ирфонии Худо ва зимни он ё …
Муфассал »Сохтори Қуръон
Сохтори Қуръон аз китобҳои одӣ ва ҳатто китобҳои муқаддаси дигари мазҳабӣ фарқи зиёд дорад ва ба қавоиду усули маъмулӣ мувофиқат намекунад. Ин тафовут ҳам дар услуб ва ҳам дар сохтори бобҳои он аст. Қуръон аз 114 сура (боб) иборат Буда, ҳар сура аз миқдори муайяни оят (нишонаҳо, мисраҳо ё ҷумлаҳо) …
Муфассал »Таърихи нозилшавии Қуръон
ТАЪРИХИ НУЗУЛ ВА ГИРДОВАРИИ ҚУРЪОН Қуръон чунон, ки гуфтем назди мусалмонон ваҳй-сухани Худованд ба шумор меравад, ки ба тадриҷ дар зарфи 22 сол (аз соли 610 то 632) бевосита ё ба воситаи Ҷабраил, яке аз малоики Худованд нозил шудааст. Дар мавриди чанд солро фаро гирифтани муддати фурӯ омадани Қуръон дар …
Муфассал »