Главная / Илм / ТАМҒАХОИ МОЛИ (ХИЗМАТРАСОНИ)

ТАМҒАХОИ МОЛИ (ХИЗМАТРАСОНИ)

Мафҳум, моҳият ва аҳамияти тамғаҳои молй (хизматра- сонй). Тамғаи молй ва тамғаи хизматрасонӣ[1] ба сифати во- ситаи фардикунонии мол, кор ва хизматрасонӣ баромад ме- кунанд[2]. Дар шароити муосири иқтисоди бозоргонӣ тамғаи молӣ қисми ҷудонашаванда ва омили муҳими рақобати со- лим дар муомилоти молумулкӣ мебошад.

Таъиноти асосии тамғаи молӣ – ин фардикунонии объ- екти муайяни молӣ мебошад. Вале ҳамзамон дар муомилоти мураккаби муосир, ки дар баробари мол, кор ва хизматрасо- нӣ, моликияти зеҳнӣ ҳарчи бештар нақш ва аҳамияти бузург- тар касб карда истодааст, функсияҳои дигари тамғаи молӣ зоҳир шудаанд.

Функсияи фардикунонии тамғаи молӣ дар қобилияти айниятдиҳии мол ва хизматрасонӣ ифода меёбад, ки имкон медиҳад, ки дар байни молу хизматрасонии якхела, шинохта шавад. Барои иҷрои ин функсия мустақилияти тамғаи молӣ аз худи моли ифодашаванда зарур аст. Масалан, тамғаи мо- лии «Қанд»-ро нисбат ба қанд истифода кардан мумкин нест (чуноне ки дар амалия мушоҳида мегардад), баръакс, тамғаи молии «Арр1е» (себ)-ро нисбат ба воситаи алока истифода кардан ҷоиз аст.

Якчанд сухан перомуни худи истилоҳи «тамға». Дар қо- нуни қаблӣ (Қонуни ҶТ «Дар бораи аломатҳои молу хизмат- расонӣ» аз 23 декабри с. 1992) ба ҷойи истилоҳи «тамға» ка- лимаи «аломат» истифода гардида буд. Вале бо қабул шуда- ни Қонуни ҶТ «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хиз- матрасонӣ» аз 5 марти с. 2007 дар истилоҳоти ҳуқуқшиносӣ калимаи «тамға» ворид гардид. Аслан калимаи «тамға» ре- шаи вожагии туркӣ дошта, маънои зерин дорад: муҳр, ни- шонаи муҳре, ки ба ҳайвонот ва тойҳои ҳар гуна мол меза- нанд; нишон; аломат; нишонагузорӣ (дар ҳайвон), муҳр задан. Барои шарҳи ҳолат бояд решаҳои таърихии пайдоиши ин падида муайян карда шавад. Баъзе муаллифон пайдоиши тамғаи молиро бо нишон (нишоне, ки сарбозони зиреҳпушро ҳангоми набард дар мусобиқаҳо аз якдигар тафовут мегу- зошт) алоқаманд медонанд.

Қисми дигар дар чунин ақидаанд, ки тамғаи молӣ аз тамғагузорие пайдо шудааст, ки дар замони қадим барои тафовутгузории ашёи худ аз ашёи дигарон истифода мешуд (нишонагузорӣ дар зарфҳо, ҳайвонот ва ғайра). Тадриҷан бо инкишоф ёфтани муомилот тамға дар нақши тафовутгузо- рии молҳои истеҳсолкардаи як шахс аз шахси дигар истифо- да гардид. Молҳои истеҳсолкардаи ҳунармандони алоҳида эътибор пайдо карда, тавассути ҳамин нишонагузорӣ муа- йян карда мешуданд. Вақте байни истеҳсолкунанда ва ис- теъмолкунанда зинаи мобайнӣ (боркашон, тоҷирон) пайдо шуданд, тамғаи молӣ ба маънои муосир ташаккул ёфта, нақшаш бештар шуд. Ҳамин тавр, агар ба тамғаи молӣ ҳам- чун нишонаи фарқдунанда муносибат намоем, он ҳамон «аломат»-ест, ки дар қонуни қаблӣ истифода мешуд, агар ҳамчун тамғагузории фарқкунанда муносибат намоем. Он тамғаи молиест, ки дар қонуни амалкунанда истифода ме- шавад. Вале бояд зикр кард, ки истифодаи ин ё он истилоҳ шартӣ буда, дар ҳар ду маврид имрӯз ҳамон як падидаи ҳуқуқӣ фаҳмида мешавад.

Гузашта аз он, бояд қайд намуд, ки падидаи фардикуно- нии мол, кор ва хизматрасонӣ аслан аз истилоҳи англисии «1гас1стагк» (зегуке тагк) ба вуҷуд омада, аломати хизмат ва аломати тиҷоратиро ифода мекунад. Дар забони русӣ он на- чандон дақиқ «товарный знак» тарҷума шудааст.

Дар баробари «тамғаи молӣ» дар таҷрибаи байналми- лалӣ як қатор истилоҳоти дигар низ истифода мешаванд (ло- готип – англ. ^одо^уре, ки баромади юнонӣ логос, аз калима- ҳои зерин таркиб ёфтааст: 1одоз – калима, вожа ва 1уроз – нақш, асар, бренд (ЬгапсГ) ва ғайра).

Сарфи назар аз номгузории гуногун муҳим он аст, ки таҳти истилоҳи мазкур ҳамон як маъно фаҳмида шавад.

Мафҳуми расмии тамғаи молй дар Қонуни ҶТ «Дар бо- раи тамғаҳои молй ва тамғаҳои хизматрасонӣ» дода шуда- аст. Мувофиқи м. 1 Қонуни мазкур тамғаҳои молӣ нишона- ҳое мебошанд, ки барои фардикунонии молҳо, корҳои иҷро- шаванда ё хизматрасонҳои шахсони воқеӣ ё шахсони ҳуқуқӣ истифода бурда мешаванд.

Дар мафҳуми мазкур ду муқаррарот ҷой дода шудааст: 1) табиати тамғаҳои молӣ, яъне тамғаҳои молӣ ин нишона- ҳое мебошанд, ки нисбат ба молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо истифода мешаванд; 2) функсияи тамғаҳои молӣ, яъне тамға- ҳои молӣ барои фардикунонии (тафовутгузории) молҳо, кор- ҳо ва хизматрасониҳо истифода мешаванд. Чунин таърифи тамғаҳои молӣ баҳс надорад.

Қобили зикр аст, ки қонунгузории амалкунанда имкони- яти доштани тамғаи молиро на танҳо нисбат ба соҳибкорон, балки тамоми шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ додааст. Аввалин маротиба дар сатҳи КГ тамғаи молӣ дар КГ (с. 1999) танзим шуд. Дар КГ ҳолати умумӣ – ҳуқуқии тамғаҳои молӣ ва муо- милоти он муайян гардид. (м. 144, 958, 1126, 1133 ва ғайраи КГ).

Дар баробари ин, Қонуни ҶТ «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» қабул шудааст, ки он му- носибатҳоро вобаста ба ҳифзи ҳуқуқӣ ва истифодаи там- ғаҳои молӣ танзим менамояд. Қонуни мазкур аз 12 боб ва 42 модда иборат аст. Паҳлуҳои алоҳидаи муносибатҳои вобаста ба тамғаҳои молӣ дар Қонуни ҶТ «Дар бораи дигар пар- дохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», Қонуни ҶТ «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инхисорӣ дар бозорҳои мол», қаро- ри Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тасдиқ намудани меъёрҳои хи- роҷҳо барои анҷом додани амалҳои аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муҳим ва пардохтҳо барои додани иҷозат оид ба истифодаи захи- раҳои табиӣ ё дигар захираҳои мавҷуда» аз 02.11.2007с, № 546, қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тасдиқ намудани ан- дозаҳои пардохтҳои корбарӣ, ки аз ҷониби Идораи патентии

Ҳангоми вайрон шудани талаботи қонунгузорӣ вобаста ба истифода ва ҳифзи тамғаҳои молӣ дар баробари ҷавобга- рии ҳуқуқии гражданӣ дар қонунгузории маъмурӣ ва ҷино- ятӣ низ ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон дар КҲМ ҳамоҳангӣ дар байни меъёрҳо дида намешавад. Мувофиқи м. 377 КҲМ (боби 22 – ҳуқуқвайрон- кунии маъмурӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ) барои истифо- даи ғайриқонунии тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ (дар матни расмӣ нишонаи моли бегона ва нишонаи хизматра- сонӣ омадааст) ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст. Дар м. 638 КҲМ (боби 35 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия, аккредитат- сия, савдо ва хизматрасонӣ) ҷавобгарии маъмурӣ барои ис- тифодаи ғайриқонунии тамғаи молӣ (нишонаи мол -дар матни расмӣ) ҳангоми набудани аломати ҷиноят пешбинӣ шудааст. Амалан ҳар ду ин модда якдигарро такрор намуда, ниёз ба таҳрир доранд. Гузашта аз он, дар қ. 2 м. 377 КҲМ барои истифодаи ғайриқонунии нишонгузории эҳтиётии нишонаи мол, нишонаи хизматрасонӣ ва маҳалли истеҳсоли мол, ки дар ҶТ ба қайд гирифта нашудаанд, ҷавобгарӣ пеш- бинӣ шудааст. Аввалан, истилоҳ ниёз ба таҳрир дошта, бояд «аломати огоҳкунанда» номида мешуд. Дуюм, чунин ало- матгузорӣ бояд нисбат ба тамғаи молӣ, тамғаи хизматра- сонӣ ва номи маҳалли истеҳсоли мол, ки дар Тоҷикистон дар қайд нест, пешбинӣ мешуд.

Мушкилоти шабеҳро дар қ. 2 м. 275 КҶ ҶТ низ дида ме- тавонем. Дар он аломати огоҳкунанда «тамғагузории огоҳкунанда» номида шуда, чунин аломатгузорӣ нисбат ба тамғаи хизматрасонӣ пешбинӣ нашудааст. Дар м. 275 КҶ ҶТ барои истифодаи ғайриқонунии тамғаи молӣ ва тамғаи хиз- матрасонии ғайр нисбат ба мол ва хизматрасонии шабеҳ, агар ин кирдорҳо такроран пас аз додани ҷазои маъмурӣ со- дир гардида ё ба миқдори калон зарар расонида бошанд (зи- ёда аз ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо), ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

[1]Агар зарурати зикри хусусияти алоҳида пешнаояд, минбаъд ибораи там- ғаи молӣ барои ифодаи ҳам тамғаи молӣ ва ҳам тамғаи хизматрасонӣ ис- тифода бурда мешавад, зеро ҳолати ҳуқуқии онҳо дар қонунгузории Тоҷи- кистон якранг муайян шудааст. Дар баъзе давлатҳо тамғаҳои хизматрасо- нӣ ҳифз намешаванд.

[2]Падидаи мазкур аз ҷониби муҳаққиқи ватанӣ махсус тадқиқ шудааст. Ниг.: Мирбабаева Р.В. Правовое регулирование приобретения, использо- вания и защиты права на товарный знак в Республике Таджикистан: авто- реф. дисс канд.юрид.наук.- Душанбе, 2012.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …