Главная / Ҷамъият / ТАНЗИМ ВА БАНАҚШАГИРИИ ОИЛА

ТАНЗИМ ВА БАНАҚШАГИРИИ ОИЛА

Танзим ва банақшагирии оила яке аз масъа- лаҳои муҳим дар оиладорӣ ба ҳисоб рафта, барои пешгирӣ ва рафъи як қатор мушкилоти бавуҷудоян- да мусоидат менамояд. Давлат, пеш аз ҳама, барои мустаҳкамии оила ва тарбияи фарзандони солиму бомаърифат манфиатдор буда, баҳри расидан ба ин ҳадаф ҳамаҷониба ғамхорӣ менамояд. Оилаи солиму устувор дар ташаккули давлату давлатдорӣ, таҳки- ми худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба урфу одатҳо ва расму оинҳои гузаштагон, эҳтироми арзишҳои мил- лию умумибашарӣ нақши бағоят муҳим мебозад.

Оила яке аз унсурҳои зарурӣ ва асосии ташакку- ли ҷомеа маҳсуб меёбад. Бинобар ин давлат муҳайё намудани шароити зарурӣ ва заминаи мусоидро ба- рои рушди оилаҳои солим яке аз вазифаҳои асосӣ дар сиёсати иҷтимоии худ мешуморад.

Дар баробари ин бояд қайд намуд, ки дуруст ба роҳ мондани сиёсати демографӣ барои оқилона ва бо суръати муайян афзоиш додани аҳолӣ ва рушди бонизоми ҳар кишвар мусоидат менамояд.

Демография аз калимаҳои юнонии Детох (халқ) ва дгарко (менависам) гирифта шуда, ҷанбаъҳои муҳимми фаъолияти ҳаёти инсон, аз қабили тавал- луд, фавт, раванди ақди никоҳ, ҷудошавӣ, муҳоҷи- рат ва ғайраро меомӯзад.

Проблемаи демографӣ масъалаҳои афзоиши аҳо- лиро дар бар гирифта,ба ҷараёнҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъсири хешро мегузорад. Аз ин рӯ ҳар кишвар дар ин соҳа проблемаҳои муайяни худро до- рад. Ҳоло дар бисёр мамлакатҳои дунё барномаҳои мухталиф оид ба масъалаҳои танзими оила, ҳифзи саломатии модару кӯдак амал мекунанд. Мақсаду усулҳои ҳалли онҳо бештар ба имконоти иқтисодии ҳар як давлат ва сиёсати пешгирифтаи он иртибот дорад. Дар баъзе аз кишварҳо сиёсати демографӣ, пеш аз ҳама, ба камшавии таваллуд, дар баъзеи ди- гар ба пастшавии фавти кӯдакон ва зиёд кардани да- розумрӣ, дар гурӯҳи сеюм ба боздоштани равандҳои муҳоҷират ва ҷобаҷонамоии аҳли ҷомеа нигаронида шудааст.

Масалан, дар ИМА сиёсати ягонаи демографии умумидавлатӣ вуҷуд надорад. Ин масъалаҳоро ҳар як штат мустақилона ҳал мекунад. Дар Олмон бо сабаби паст будани дараҷаи таваллуд барои ба дунё овардани фарзанд сиёсати ҳавасмандкунӣ амалӣ карда мешавад. Дар Фаронса бо сабаби паст шуда- ни дараҷаи таваллуд тадбирҳои зиёд кардани аҳолӣ андешида мешавад. Дар Ҷопон дар ин самт дар пайи ҳал кардани ду проблема ҳастанд: 1) пиршавии аҳолӣ; 2) ҷойгиршавии нобаробари аҳолӣ. Дар По- кистон сиёсати демографӣ ба паст кардани дараҷаи таваллуд нигаронида шудааст.

Таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки чораҳои маҷбурии банақшагирии аҳолӣ самараи назаррас намедиҳад. Масалан, солҳои ҳаштодуми асри ХХ дар Ҳиндустон баробари дидани чораҳои сиёсати демографӣ чораҳои маъмурӣ низ андеши- да мешуд. Лекин ин тартиб натиҷаи дилхоҳ надода, баръакс, оқибатҳои манфӣ ба бор овард. Бинобар ин дар ин кишвар сиёсати демографиро аз нав бар- расӣ намуда, аз барнома як қатор чорабиниҳоро хо- риҷ карданд. Пеш аз ҳама ба таъминоти оилаҳо бо озуқа, солимии модару кӯдак ва маърифатноксозии занон эътибор дода шуд. Дар натиҷа соли 2000 аҳолии Ҳиндустон ҳамагӣ 1,8 фоиз афзуд, ки ин нисбати солҳои пешин хеле кам буд.

Дар Чин, ки аҳолии он беш аз 20 фоизи аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад, банақшагирии аҳолӣ ба сиёсати стратегии давлат табдил ёфтааст. Ин ҷо асо- си сиёсати демографиро як фарзанд таваллуд кар- дан ва то таваллуди фарзанди дигар фосилаи тӯлонӣ гузоштан ташкил медиҳад. Дар ин мамлакат чораи маъмурию тадбири иқтисодиро якҷоя амалӣ ме- намоянд. Дар натиҷаи сиёсати демографӣ суръати афзоиши аҳолӣ ба маҷрои муайян даромада бошад ҳам, он оқибатҳои манфиро низ ба бор меорад. Аз қабили зиёд шудани шумораи писарон нисбат ба духтарон, тадриҷан кам шудани шумораи ҷавонон ва пиршавии аҳолӣ.

Дар Тоҷикистон 67 фоизи аҳолиро ашхоси то 30-сола ташкил медиҳанд. Фаромӯш набояд кард, ки аҳолии қобили меҳнат бойигарии давлат аст. Би- нобар ин аз захираҳои инсонӣ самаранок истифода бурдан ба нафъи тамоми ҷомеа хоҳад буд.

Мақсад аз банақшагирии оила имконияти сиҳа- тии модарону иқтисодиёти оиларо ба назар гириф- та, фосилаи таваллудро риоя кардан аст. Мафҳуми танзими оила фосилаи байни таваллуд ва теъдоди кӯдакон дар оиларо ифода мекунад. Ин нукта асоси илмӣ дошта, имрӯз мавриди пажӯҳиши ҳаматарафаи мутахассисон қарор гирифтааст.

Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ мафҳуми банақшагирии оиларо таъмини назорати функси- яҳои репродуктивӣ барои таваллуди кӯдакони соли- му дилхоҳ тавсиф менамояд.

Агар фосилаи таваллуд миёни фарзандон 3-4 сол бошад, модар метавонад ба онҳо дуруст ғамхорӣ намуда, тарбияи хуб диҳад. Кӯтоҳ будани фосилаи таваллуд (1-2 сол) метавонад ба вазъи саломатии зан таъсири бад расонад, ки ин, пеш аз ҳама, барои рӯҳану ҷисман солим ба воя расонидани фарзандон монеъ мегардад.

Баъзеҳо ақида доранд, ки банақшагирии аҳолӣ ҷавобгӯи манфиатҳои миллии мо нест, зеро аҳолии кишварамон кам аст ва боздоштани суръати афзои- ши аҳолӣ ба нигоҳдошти миллат ва таъмини бехав- фии мамлакат таъсири манфӣ мерасонад. Вале бояд дар назар дошт, ки банақшагирии оила ва ба тан- зим даровардани аҳолӣ ҳаргиз маънии кам кардани шумораи аҳолиро надорад. Зеро сиёсати демогра- фии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба дароз- умрии аҳолӣ, паст кардани сатҳи фавт, зиёд шудани таваллуд, танзими муҳоҷирати дохилию берунӣ, беҳдошти саломатӣ, дастгирии иҷтимоии маъюбону ятимон, оилаҳои камбизоат, пирону барҷомондагон ва аҳолии ғайри қобили меҳнат нигаронида шудааст.

Суръати афзоиши аҳолӣ дар кишвари мо хеле зиёд аст. Масалан, агар шумораи хонандагон дар соли таҳсили 1990 -1991 дар ҷумҳурӣ 1 миллиону 293 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, ин нишондиҳан- да соли таҳсили 2014 -2015 наздик ба 1 миллиону 800 ҳазор нафар мерасад. Яъне, тӯли ин солҳо шумо- раи хонандагон беш аз 500 ҳазор нафар афзудааст.

Шумораи аҳолии Тоҷикистон имрӯз беш аз 8 мил- лион нафар аст. Суръати афзоиши аҳолӣ 2,2-2,5%-ро ташкил медиҳад. Яъне ҳар сол ба ҳисоби миёна 180­200 ҳазор нафар таваллуд мешавад.

Агар суръати афзоиши аҳолии кишвар ба ҳамин минвол давом кардан гирад, соли 2020 аҳолии Тоҷи- кистон ба 9 миллион нафар хоҳад расид.

Зиёда аз 70 фоизи аҳолии кишвар дар деҳот зин- дагӣ мекунанд. Аз ин рӯ фоизи баланди афзоиши аҳолӣ ба деҳот рост меояд.

Оила дар ҳимояи давлат аст ва давлат барои со- лимии он ғамхорӣ менамояд. Расонидани ёрии мод- дӣ ба оилаҳои серфарзанд дар тарбияи кӯдак то син- ни 3-солагӣ, табобати ройгон ва таъмин бо дорую дармон ва ғайраҳо, ки дар қонуну санадҳои ҷумҳу- риамон пешбинӣ шудаанд, далелҳои диққату эъти- бор ва ғамхории давлат мебошанд. Давлат манфи- атдор аст, ки насли имрӯза – наврасону ҷавонон чун созандагони ҷомеаи оянда ашхоси солиму баркамол ва ҳаматарафа инкишофёфта ба камол расанд.

Тарбия дар сурате муваффақият пайдо мекунад, ки он ба сиёсати иҷтимоӣ такя кунад. Зеро таъмино- ти моддӣ, рӯҳияи солими маънавӣ, дараҷаи балан- ди маърифати одамон ба мустаҳкам гардидани оила мусоидат мекунад.

Ҳамин тавр, давлат дар масъалаи бунёди оила, мустаҳкамшавии он, тарбияи фарзандони солиму соҳибмаърифат доимо ғамхорӣ карда, ҳуқуқҳои онҳоро муҳофизат менамояд.

Қабл аз қадам гузоштан ба ҳаёти оиладорӣ ҷа- вонписару ҷавондухтар бояд инсони баркамол бо- шанд, то ин ки масъалаҳои муҳимми зиндагиро мустақилона ҳал карда, масъулияти хешро дар ҳал- ли масъалаҳои мураккаб ва оқибатҳои он андеша намоянд. Вазъи оила, шароити моддӣ ва маънавии он ба ҳаёти ҷамъиятӣ, иқтисодӣ ва сиёсии давлат таъсири бевосита мерасонад.

Саволҳо

  1. Сиёсати демографӣ гуфта чиро мефаҳмед?
  2. Чаро бояд оила ба танзим дароварда шавад?
  3. Мақсад аз банақшагирии оила дар чист?
  4. Оё таваллуди зиёд ба организми занон таъсири манфӣ дорад?
  5. Чаро бояд фосилаи таваллуд риоя карда ша- вад?
  6. Афзоиши аҳолӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?
  7. Нуфуси аҳолӣ дар кадом мамлакатҳо бештар аст?

Инчунин кобед

makka

Оғози даъват ба хориҷ аз Макка – Муҳаммад (с)

 Тойиф дар дувоздаҳ фарсанг фосила, серӯза роҳ аз Макка ҷойгир шуда буд. Дар ин шаҳр …