Главная / Илм / ТАРҒИБИ ИЛМУ ҲУНАР, ПАНДУ АНДАРЗҲОИ ҲАКИМОНА

ТАРҒИБИ ИЛМУ ҲУНАР, ПАНДУ АНДАРЗҲОИ ҲАКИМОНА

Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, ки худ марди донишманду ҳунарманд буд, барои пешрафту камолоти инсон илму ҳунарро зарур мешуморид. Аз ин ҷост, ки дар «Бадоеъулвақоеъ» аҳли илму ҳунар ситоиш карда мешавад. Нақлу ривоятҳое, ки дар бораи шоири бузург Абулқосими Фирдавсӣ, мутафаккири барҷаста Абуалӣ Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон овар- дааст, пурра фикри болоро тасдиқ менамоянд. Нависанда дар ин нақлу ривоятҳо кору зиндагии ин мардони бузургро моҳирона ба қалам додааст. Восифӣ дар бораи онҳо бо камо- ли эҳтиром, бо муҳаббату самимияти беандоза сухан меронад. Нависанда ба эҷодиёти Фирдавсӣ ва Сино баҳои ҳаққонӣ ва арзанда медиҳад ва меҳнату заҳмати онҳоро дар ин роҳ қадр менамояд.

Қаҳрамони асосии бисёр ҳикоятҳо, ки дар «Бадоеъулвақоеъ» оварда шудаанд, маҳз аз ашхоси табақаҳои поёни ҷомеаанд. Ма- салан, ҳикояти «Ёқут ва Ҳиндухоҷа»-ро мегирем. Мазмуни мух- тасари он чунин аст: – Ёқут ва Ҳиндухоҷа ду бародарон буданд, ки халифа Муътасим эшонро харида буд. Ёқутро ба тир андох- тан ва Ҳиндухоҷаро ба хат навиштан супурда буданд. Аммо Ёқут майл ба хат навиштан дошт ва Ҳиндухоҷа тир андохтанро нағз медид.

Бинобар ин, устодонашон ҳарчанд кӯшиш менамоянд, меҳнаташон зоеъ рафта, на Ёқут касби тир андохтанро ёд меги- раду на Ҳиндухоҷа касби навиштанро. Баъд аз ин халифа ҳар ка- домеро барои омӯхтани касби дӯстдоштаашон раҳнамун месозад. Онҳо дар як муддати кӯтоҳ тамоми хусусиятҳои касби тирандозӣ ва хаттотиро аз худ менамоянд ва дар рӯзгор чунон машҳур ва маъруф мешаванд, ки ҳама аз кору ҳунари онҳо ба ҳайрат меоянд. Намоиши ҳунарнамоиҳои ин ҳар ду бародар асоси ҳикоятро таш- кил намуда, онро доманадор кардааст.

Бояд гуфт, ки ғояи асосии ҳикоятро тарғиби илму ҳунаромӯзӣ ташкил медиҳад. Маҳз бо меҳнату машаққати зиёд Ёқут ва Ҳиндухоҷа ҳунар омӯхта, соҳиби номи баланд шуданд.

Қаҳрамонони асосии ҳикоят намояндагони табақаи поёнии ҷамъият буда, маҳз бо меҳнати ҳалол, бо азобу машаққати беан- доза ҳунар омӯхтаанд ва шахсони пешқадам, ҳунарманд ва нафъ- расони халқ гардидаанд, ки ҳатто халифа муҳтоҷи ҳунари онҳо мебошад.

Восифӣ ҳикояти мазкурро дар маҷлиси Султон нақл меку- над. Он рӯз дар он маҷлис намояндаи ду аҳли ҳунар – Мавлоно Ҷалолиддин Юсуфи Наққош, Мавлоно Обиди Хаттот низ иш- тирок доштанд. Онҳо ба аҳли маҷлис намунае аз эҷодиёти худро пешкаш намуда буданд. Дар сурати кашидаи Юсуфи Наққош сай- ёде акс ёфта буд, ки палангеро бо найза мезанад. Расм хеле зебо ва табиӣ кашида шуда буд ва аҳли маҷлис ба кори ӯ таҳсину офарин мегӯянд. Восифӣ ҳам ба ваҷд омада менависад:

Ба рӯзгори ту суратгарони ҳафт иқлим Қаламшикаставу Дар сурати ту қайронанД!

Мавлоно Обиди Хаттот қитъаоти як гурӯҳ шоиронро бо хати ниҳоят зебо ба қалам оварда, онро ба аҳли маҷлис мебахшад. Аз- баски дар замони пеш чопхона набуд, асарҳо дастӣ навишта ме- шуданд, ба касби хаттотӣ аҳамияти калон дода мешуд. Ба қадри хаттотон ва меҳнати пурмашаққати онҳо мерасиданд. Инак, дар назди подшоҳ намояндаи ду навъ санъат – наққошӣ ва хаттотӣ, ки онҳо низ монанди Ёқут ва Ҳиндухоҷа аз аҳли ҳунаранд, исто- даанд. Восифӣ дар ин ҷо ҳам аз маврид истифода бурда, барои ба қадри ҳунармандон расидани подшоҳ ҳикояти «Ҳиндухоҷа ва Ёқут»-ро нақл мекунад.

Ба ин восита нависанда агар, аз як тараф, ҳомию мададгор будани худро нисбат ба мардуми одии ҳалолкору дилсоф нишон дода бошад, аз тарафи дигар роҳҳои мушкилеро, ки санъаткоро- ни ҳақиқӣ тай мекарданд, хотирнишон сохтааст. Восифӣ воқеан дуруст таъкид менамояд, ки барои ба мақсад расидан аз ҳама хуб- тараш боҳиммат шудан ва аз сидқи дил меҳнат кардан зарур аст:

Ба қар коре, ки қиммат баста гарДаД,

Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Дар он сурат ҳаёту зиндагии ӯ шоду хуррам гузашта, аз касе маломат намешунавад.

Восифӣ инсони ҳунарманду меҳнаткашро инсони комил ҳисоб мекунад. Он касоне, ки бо фиребу найранг аз ҳисоби мар- думи меҳнатӣ зиндагӣ мекунанд, лоиқи номи бошарафи инсони ҳақиқӣ нестанд, мегӯяд нависанда ва ба онҳо нафрат дорад.

Нависанда дар «Бадоеъулвақоеъ» ба муқобили зоҳирпарастӣ мебарояд, ки ин масъала дар замони Восифӣ ниҳоят муҳим буда, дар сабзиши инсони поку некусиришт монеаи калоне ҳисоб ме- шуд. Одамоне буданд, ки фақат ба ороиши худ машғул шуда, аз донишу ҳунар бебаҳра буданд. Масалан, Восифӣ дар як ҷойи аса- раш танороии Қозӣ Низомиддинро ба тариқи зайл овардааст: «Ва он аммомаро печ дар печ он чунон бузург сохтӣ, ки чархи ба- рин. Нафосати ҷомаҳояш ба масобае буд, ки ҳар гоҳ худро бад-он либосҳои фохир биёростӣ,худро садри маҳкамаи дорулқазои фа- лак пиндоштӣ».

Ин касалӣ табақаи болоии ҷамъияти Ҳироти онрӯзаро фаро гирифта буд. Дар он рӯзгор ба шахс аз рӯйи либос, аз рӯйи на- муди зоҳирӣ баҳо медоданд. Шахсе, ки либосҳои фохир медошт, марди донишманд ҳисоб мешуд. Ҳатто бештари онҳо кӯшиш ме- карданд, ки бо ин роҳ ба мартабае расанд.

Дар «Бадоеъулвақоеъ» Қозӣ Ҷодак, Амир Арғун, Ҳофизи Меросӣ ва боз бисёр персонажҳои дигар вомехӯранд, ки саллаҳои калон-калон баста, ҷомаҳои фохир мепӯшидаанд, ришҳои дароз мемондаанд, вале аз ақлу дониш орӣ будаанд. Ба чунин шахсон Восифӣ нафрат дошт ва онҳоро дар асараш мазаммат кардааст.

Восифӣ нишон доданӣ шудааст, ки зоҳирбинӣ, танороӣ ба пешрафти ҷамъият халал мерасонад. Ба ақидаи нависанда ба ин- сон аз рӯйи донишу қобилият, аз рӯйи ҳунар бояд баҳо дод. Ба корҳои давлатӣ шахсонро на аз рӯйи саллаю ҷома, балки аз рӯйи дониш ва ҳунарашон таъйин кардан лозим аст.

Дар баробари ин нависанда зимни бисёр ҳодисаҳои рӯзгор ашхоси хубсириштро мадҳу ситоиш кардааст. Нависанда орзу доштааст, ки одамон ҳамеша росткору ростқавлу покахлоқ, ба ҳамдигар мададгору дӯст бошанд:

Аз ростист ҷои алиф Дар миёни ҷон,

Вов аз каҷӣ ҳамеша буваД Дар миёни хун.

Дар байни соҳибмансабони дарбори Убайдуллохон низоъ, зиддият, душманӣ ва кинаю адоват ба дараҷаи олй мерасад. Мири Араб аз Саброн ба Бухоро омада, бо роҳҳои гуногун дар байни онҳо сулҳ ва дӯстӣ барқарор мекунад. Вай дар поёни суҳбати худ бо онҳо шоҳбайти машҳури Шамсиддин Ҳофизи Шерозиро овар- дааст:

Дарахти Дӯстӣ биншон, ки коми Дил ба бор ораД,

Ниҳоли Душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор ораД.

Зеро, ба ақидаи нависанда, ҷангу ҷидол дар байни ҳамин навъ ашхос боиси вайронии мамлакат ва хонахароб шудани халқи бе- чора мегардад. Аз ин рӯ, тифоқ гардидани онҳо барои ободии кишвар кумак хоҳад расонид.

Восифӣ дар бисёр ҷойи «Бадоеъулвақоеъ» дӯстию бародари- ро тараннум менамояд. Нависанда ашхосеро, ки барои молу чиз шуда бо касе дӯстӣ мекунанд ва дар мавридҳои тангдастӣ аз дӯсти худ канорҷӯйӣ менамоянд, мазаммати сахт кардааст. Восифӣ ба- рои исботи фикри боло аз ҳаёти худ саргузаштеро нақл менамо- яд, ки аз таъқиби сафавиён бо чанд дӯсташ гурезон шуда, ба хо- наи ёрони ҷониашон барои пинҳон шудан рафтанӣ мешаванд: «Дувоздаҳ кас ба хотир расид. Мутаваҷҷеҳи эшон шудем. Баъзе рӯ пинҳон карданд ва баъзе узр гуфтанд». Пас фикрашро бо суха- нони Саъдии бузург ҷамъбаст мекунад:

Дӯст машмор, он ки Дар неъмат занаД

Лофи ёрию бародархондагӣ.

Дӯст он бошаД, ки гираД Дасти Дӯст

Дар парешонҳолию ДармонДагӣ.

Восифӣ марди ҷаҳонгаштаю бисёрдида, марди суҳбаторо ва шахси фозил аст. Вай дар ҳар як анҷумани шоирону фозилон гули сари сабад будааст. Нависанда тарзи сухан гуфтан ва одоби онро хеле хуб медонистааст. Восифӣ он касонеро, ки одоби сухан гуф- танро риоя намекунанд, сахт танқид кардааст.

Восифӣ мегӯяд, ки ҳар як баду неке, ки ба сари инсон меояд, пеш аз ҳама ба забони ӯ вобаста аст. Бинобар ин, агар ту он су- ханро надонӣ, беҳтар аст, ки чизе нагӯйӣ: «Чун туро нест воқифӣ, чӣ беҳ зи хомӯшист».

Дигар, ҳар як суханвар бояд кушиш кунад, ки суханаш бамаънӣ бошаду мухтасар:

Лоф аз сухани чу дур тавон зад,

Он хишт бувад, ки пур тавон зад.

Ғайр аз ин, Восифӣ дар бисёр ҷойи «Бадоеъулвақоеъ» хотирнишон мекунад, ки бо ашхоси нодон сухан кардан нашо- яд. Зеро чунонки халқ мегуяд: «Қадри зар заргар бидонад, қадри ҷавҳар – ҷавҳарӣ». Баръакс, бояд кушиш кард, ки бо шахсони аз худ донотар ҳамнишин бошӣ.

Ҳамнишини ту аз ту беқ бояД,

То туро ақлу Дониш афзояД.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …