Главная / Гуногун / Тарҷумаи Қуръон

Тарҷумаи Қуръон

Яке аз муноқишаҳои таърихк дар байни уламо ва мазохиби Ислом масъалаи тарҷумаи Қуръон буда. Дар «Донишномаи Қуръон»-и Хуррамшоҳ баёни муфассали ин бахсу муноқишахо дода шудааст, мо инҷо аз сабаби махдудияти доираи хаҷми ин китоб аз тафсили баёни ин мавзӯъ шона холк намуда, танцо ба он ишора мекунем, ки дар мавриди ҷоиз будан ё набудани тарҷумаи Қуръон байни мазцабцои ислом аз қадим ихтилофи ошкоро будааст.

Аз чахор мазцаби ацли тасаннун танцо мазхаби цанафия нисбат ба ин масъала таассуб надошта ва ҳатто хондани сураи «Фотиҳа»и Қуръон ва нияти намозро ба форсиитоҷикк муҷоз донистааст, дигар се мазцаби боқимонда: моликия, шофеъия ва цанбалия нисбат ба тарҷумаи Қуръон ба забонцои дигар кароцат доштаанд. Дар байни пайравони мӯътазила ва ацли ташаюъ мухолифони тарҷумаи Қуръон андак буда, иҷмоъи ақида дар мавриди на танцо муҷоз балки вуҷуби тарҷумаи Қуръон бештар аст.

Метавон гуфт, аввалин бор тарҷумаи сураҳои қуръонк ба забони форск сурат гирифтааст. Дар асоси ривоятцои мутавотир, навиштааст Хурамшоҳӣ: «Ацли Форс номае ба Салмони Форс навиштанд, ки «Фотица»ро ба форск барои онон бинависад, ва навишт, онгоц онон он чиро ки навишта буд, дар намоз мехонданд, то забонашон нарм шавад. Ин амрро ба Паёмбар арз карданд. Цазрат инкор нафармуд»

Аммо дар мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ то асри Х11, метавон гуфт, ҳеҷ гуна тасаввуроти ҷиддиву илмие дар бораи Куръон ва худи Ислом набуд. Якумин тарҷумаи хеле ноқиси Қуръон ба забони лотинӣ дар нимаи аввали асри Х11 дар Толедо ба фармоиши аббати машҳури монастири Кмонийси (Франсия) аз тарафи Пётр Достопочтенний (ваф.1156) бо як қатор донандагони забони арабӣ /бо ҳамроҳии тарҷимаи ҳоли пайғамбар “Сирати Ибни Ҳошим” ба вуҷуд омад. Дар соли 1543 ин тарҷима, ки ҳол чун дастхат буд, дар Базел (Швейсария) аз тарафи Теодор Библиандар бо сарсухани Мартин Лютер ва Филип Меланхтан (теологи машҳури лютеранӣ) дар се ҷилд нашр шудааст. Дар асрҳои ХУ11-Х1Х дар Ғарб ба забонҳои немисӣ-голандӣ, франсавӣ, англисӣ, тарҷимаҳои зиёди Қуръон ба вуҷуд омадаанд[

Якумин тарҷимаи Қуръон ба забони русӣ аз тарафи профессори академияи динии Қазон Г.С. Саблуков (с. 1808- 1880); Тарҷимаи қисми қадими Қуръон аз тарафи арабшинос А.Е. Крымский, тарҷимаи навтарин ва нисбатан мукаммали русӣ аз тарафи И.Ю.Крачковский (1883-1951)ба вуҷуд оварда шуда, пас аз марги ӯ нашр шудааст. Баъд аз пош хурдани Шӯравӣ боз се тарҷумаи Қуръон аз тарафи Прохорова, Османов Н. У. ва Қулиев, ба чоп расид.

Инчунин кобед

unnamed

Фалсафаи дин

Дар доираи маорифи исломӣ ҳангоми муайян намудани ҷою мақоми илми фалсафа баъзан ихтилофи ақида дар …