ТАЪРИХИ НУЗУЛ ВА ГИРДОВАРИИ ҚУРЪОН
Қуръон чунон, ки гуфтем назди мусалмонон ваҳй-сухани Худованд ба шумор меравад, ки ба тадриҷ дар зарфи 22 сол (аз соли 610 то 632) бевосита ё ба воситаи Ҷабраил, яке аз малоики Худованд нозил шудааст. Дар мавриди чанд солро фаро гирифтани муддати фурӯ омадани Қуръон дар байни уламо каме ихтилоф аст, ки иллаташ ихтилоф дар фосилаи замон аз давраи фурӯ омадани оёти аввал то давраи ҳиҷрат мебошад. Баъзе онро 10 сол, баъзе дигар (аксарият) 13 сол медонанд.
Чунон ки маълум аст, тибқи оёт ва гувоҳии худи Қуръон Парвардигор онро дар моҳи Рамазон дар шаби ал- Қадр (Лайлатулқадр) \Қ.2:181;97:1\нозил кардааст. Вале аз ин оёт маълум нест, ки оё манзур ҳамаи Китоб аст ё ҳамон оятҳои аввалини он аз сураи Алақа (96). Баъдан муфассирон кӯшидаанд ба ин масъала рӯшанк андозанд. Аз ҷумлаи назарияи маъруф ин аст, ки як бор дар моҳи Рамазон дар шаби Қадр Қуръон аз Лавҳи маҳфуз пурра ба осмони дунё фиристода шудааст. Ақидаи устувортар он аст, ки мақсуд аз нузули Қуръон дар моҳи Рамазон ва дар шаби Қадр, ибтидои нузул аст, чунки ҳар ояте аз Қуръон низ Қуръон аст.
Масъалаи дигаре мавриди баҳс чигунагии фурӯ фиристода шудани Қуръон ба воситаи он малоика, ки бо номҳои «Руҳуламин», ва «Ҷабраил» дар худи Қуръон ёд шудааст. Маълум нест, ки оё Паёғамбари ислом (с) аз ҳолати одамӣ ба ҳолати фаришта табдил меёфтааст то аз Ҷабраил оётро дарёфт кунад, ё худ баръакс Ҷабраил ба сурати одамӣ зоҳир мешудааст.
Баъзе олимони шарқшиносу исломшиносони ғарбӣ гуфтаанд, он танҳо як ҳолати ваҷдӣ ё илҳомӣ будааст. Баъзеи дигар аз онҳо ҳатто Муҳаммадро эпилептик ё истерик ва касалии ӯро «Иуз^епа тизку1аг8» муайян кардаанд. Вале олимони воқебинтари ғарбк, олимони шарқшиноси беғараз ва муаррихон ва исломшиносони воқеъбину ҳақиқатҷӯ, чун В.В.Бартольд, И.Ю. Крачковский ва дигарон иттиҳомоти мухолифин ва душманони ислом, олимони муғриз ва мубаллиғони масеҳиро дар бораи беморӣ (эпилептик ва истерик) будани Муҳаммад ва ё худ аз тарафи ҳайати муаллифон навишта шудани Қуръон ва кӯшиши ба асарҳои баъдтар (Х-Х1) нисбат додани таърихи навишта шудани онро рад кардаанд.
Аммо гурӯҳи дигари олимони беғарази ғарбк бо вуҷуди ин, барои баёни илмии ин қазия, ҳадди ақал як нуқта ва як роҳ доштаанд, ки иқрор шавем, ки воқеан шахсияти Муҳаммад(с) бо вуҷуди бесаводиаш ва хоксориаш як шахсияти фавқулода бузург ва бениҳоят нобиға будааст, ки шояд худаш низ ба ин қобилияти фавқулодаи худ ҳамчун шахси уммӣ (бесавод) боварӣ надошт, аз ин рӯ манба, сарчашмаи истедоду эъҷози худро аз олами малакути илоҳӣ медонист ва боварии комил ҳам дошт, ки он чӣ мегӯяд аз Худост. Чунин ақидаро баъзе олимони ғайримутаассиби ғарбк низ доранд. Аз ҷумла олими шарқшиноси рус В.В. Бартольд ҳар гуна нусхаи касалии Муҳаммадро рад намуда, таълимоти ӯро таълимоти хеле ҳушёронаву рӯшан номида, баробари ин амали ваҳй ва зуҳури Ҷабраил ё Руҳуламинро руъё мешуморад.
Дар таърихи пайдоиши Қуръон барои онҳое, ки ба ваҳй будани он боварӣ надоранд яке аз мушкилиҳо дар роҳи баёни он ҳамчун эъҷози Муҳаммад(с) ва то давраи чилсолагӣ, давраи нузули Қуръон вуҷуд надоштани ҳеҷ гуна хабаре оид ба эҷоди шеъре, насре аз тарафи ӯ мебошад. Дигар иқрори мукаррари худи Паёмбар(с) дар бораи он, ки ӯ танҳо он чизеро, ки ба ӯ ваҳй мешавад мерасонад. «Мо янтиқу ъанил-ҳаво инна Ҳува илло ваҳюн ювҳо ъалламаҳу шадидаул-қуво. ..»222 \Қ.53:4-10
Ба қавли Ҳофизи Шерозӣ пайғамбар борҳо фармуда;
Борҳо гуфтам ва бори дигар мегӯям,
Ки мани дилшуда ин раҳ на худ мегӯям.
Дар паси оина тӯтисифатам доштаанд,
Он чӣ устоди азал гуфт бигӯ, мегӯям.
Хулоса, давраи зиндагии Муҳаммад (с) Қуръон ҳанӯз гирдоварӣ нашуда буд, танҳо сарчашмаҳо дар бораи котибон ва ровиёни ӯ хабар додаанд, ки гуфтаҳои ӯро дар болои пӯстцо, барги хурмо ва ғайра менавиштаанд ва ровиёнаш онро цифз мекардаанд. Баъд аз вафоти ӯ дар давраи хилофоти Абӯбакр (632-634), дар ҷангҳо зидди муртадҳо (аз ислом гузаштагон) ва пайғамбартарошон бисёре аз қориёну ҳофизони Қуръон кушта шудаанд ва хатари аз байн рафтани гуфтаҳои ӯ ба миён меояд. Махсусан, ҷанги Ямома гурӯҳе аз қориён ва донандагони Қуръонро ба доми худ кашид. Бо маслиҳати Умар, Абӯбакр- халифаи аввал тасмим ба ҷамъоварк ва тадвини Қуръон мегирад. Ин корро ба ӯҳдаи Зайд ибн Собит, ки 22-сол дошта, ровк ва котиби Паёмбар (с) буд, месупорад. Зайд ибн Собит оёти Қуръонро аз хотираи худ ва ёрони Паёмбар(с) ва навиштаҳо ҷамъоварк намуда, ба шакли китоб тадвин мекунад, ки баъдан онро «ас-Суцуф» номидаанд ва он пас аз вафоти Абӯбакр ба дасти Умар мегузарад ва пас аз вафоти ӯ ба дасти духтараш Цафса.
Аммо пас аз ин низ дар байни мусулмонон нусхацои Қуръон, ки бо цам баъзе ихтилоф доштанду аз тарафи ёрону сацобацои Паёмбар (с) гирдоварк шуда буданд, мавриди истифода ва амал буданд. Аз ҷумла, дар байни мардуми Кӯфа Мусцафи Абдуллоц ибн Масъуд, дар байни мардуми Басра Мусцафи Абӯмӯсо ал-Ашъарк, мардуми Димаш Мусцафи Миқдод ибни Асвад, мардуми Шом Мусцафи Убайи ибни Каъбро пазируфта буданд. Ин ихтилоф дар замони хилофати Усмон цамзамон бо интишори Ислом боло мегирад ва хавфи зиддиятцои бузургро эҷод мекунад.
Дар ал-Феҳрасти ибн Надим бобест бо номи «Тартибу суварил-Қуръон фймусҳафи амирул-мӯъминин Флйибн Абӣ Толиб карамаҳу Аллоҳ ваҷҳаҳу», ки дар он омадааст, ки пас аз вафоти Паёмбар Алӣ (р) қасам хӯрда ки ридоамро аз китф дар намеорам магар вақте, ки Қуръонро ҷамъоварӣ кунам. Ва гуфта мешавад дар хонааш се рӯз нишаст, то Қуръонро ҷамъоварӣ кард ва он аввалин мусҳафе буд, ки дар он Қуръон ҷамъоварӣ шудааст.
Дар «ас–Сацец»–и Бухорк, ки цадисҳои 4986–4988 дар бораи ҷамъоварии Қуръон аст, се ҳадис омадааст, ки яке дар бораи тафсили ҳамон дархости Абӯбакру Умар аз Зайд ибни Собит аст. Ин цадис (4986) ҷолиб бо он аст, ки Зайд ибни Собит аз онцо мепурсад: «Чигуна
кореро кунам, ки Паёмбари Худо накарда буд». ин ҳадис ба он далолат мекунад, ки воқеан дар замони Паёмбар(с) Қуръон ҳанӯз ҷамъоварк нашуда будааст. Абӯбакру Умар ба ӯ мегӯянд, ки ин кори хайр аст. Дар ҳадиси дувум аз сабаби иқдоми Усмон ба гирдоварк ва тадвини нави Қуръон ва онҳое, ки ин корро анҷом доданд сухан меравад. Дар он нақл шудааст чигуна Цузайфа ибн ал-Ямонӣ ба назди Усмон аз муцорибацои Арманистон ва Озарбойҷон баргашта, аз вуҷуди ихтилоф дар қироати Қуръон дар ин манотиқ хабар медицад ва пешницод мекунад, ки то сарнавишти Қуръон низ мисли ихтилофи яцудиён ва масециён дар китобашон нашавад, ба якхела кардани қироати Қуръон иқдом кунад. Пас аз ин Усмон ба мардум супориш мекунад, ки дар дасти цар касе мусцафе ё ояте аз оёти қуръонк ё сурае ё бахше аз Қуръон бошад биоваранд, ба Цафса низ фармуд он Мусцафи гировардаи Зайдро биоварад. Сипас ба Зайд ибни Собит, Абдуллоци ибн аз-Зубайр, Саъид ибн ал-Ъос ва Абдуррацмон ибни Цорис ибни Цишом супориш мекунад, то дар асоси «Мусцаф»-и дар дасти Цафса буда ва дигар масоциф нусхаи тацрири ницоии Қуръонро тадвин кунанд.
Ногуфта намонад, ки дар сарчашмаҳо ва ривоёт дар ин маврид ихтилофи ҷузък цаст. Аз ҷумла чунин ақида низ мавҷуд аст, ки Қуръон дар давраи зиндагии худи Муҳаммад(с) гирдоварк ва ба шакли китоб дароварда шудааст. Фикри ҷамъоварии Қуръон ҳанӯз дар замони пайғамбар дар худи Қуръон низ ҷой доштааст. Ин оятро: «Инна ъалайно ҷамъаҳу ва қуръонаҳу- («Ҳамоно ба дурустк ҷамъ кардани он (Қуръон) ва хондани он бар мост»)\Қ.75:17\ нишона ва далолат бар он муддао меоранд, ки ин чунин тафсир аз он метавон даровард. Тибқи гувоҳии Алиасғари Цалабк дар Тафсири Табарк(1\122-128\ ба цамин мазмун ин оят тафсир шудааст.
Ҳамчунин муаллифи китоби «Муқоисаи миёни Таврот, Инҷил, Қуръон ва илм» муҳаққиқи франсавӣ Морис Букай бар он ақида аст, ки Қуръон ҳатто қабл аз он ки пайғамбар аз Макка ба Мадина ҳиҷрат кунад китобат ва сабт шудааст. Ҳалабӣ навиштааст, ки «бархе матнҳо расман собит мекунанд, ки хеле пеш аз ин ки пайёмбар Маккаро ба қасди Мадина тарк карда бошад, матни Қуръон, ки то он мавқеъ ваҳй шуда буд – катбан тадвин ва сабт гардида буданд ва худи Қуръон ин матлабро мудаллал мекунад».
Ӯ пас аз ин, ишора ба оёти чаҳор сура кардааст, ки аз онҳо қабл аз ҳиҷрат китобат шудани Қуръонро дарёфтан мумкин аст. Инҳо сураҳои Абас (80) ояти 11-16; ал-Буруҷ (85 ояти 21-22) сураи ал-Воқиъа (ояти 2 ва 3;оёти77-80, сураи ал- Фурқон(25) ояти 5 ва сураи ал-Баййина(98) ояти 2-3-ро мебошанд. Оёте, ки дар ин сураҳо омадаанд ба ҷуз аз як сура: оёти 13-16 сураи Абаса ва оёти 2-3 сураи ал-Баййина чунин иддаоро наметавон истинбот кард. Дар он омадааст: «(Оятҳои Қуръон) дар номаҳои гиромии (14) баландқадри поккардашуда(15) ба дастҳои нависандагони (16) бузургманиши некӯкирдор (сабт аст)(17». Дар ин маврид низ тафсирцо ба фариштагон ва цамон Лавци мацфуз ишора кардаанд.
Зимни исботи иддаои мазкур Букай таҳрири усмонӣ чунин ақида баён намуда аст: «Метавон, – мегӯяд ӯ, – аз худ дар бораи илале, ки се халифа махсусан Усмонро ба тадвини маҷмӯъ ва муқобилаи матн кашонда, суол кард. Иллали содае дар кор буданд. Тавсиъаи Ислом дар нахустин даҳаҳои вафоти пайёмбар бениҳоят сареъ (тезу тунд) буд ва ин тавсиъа дар байни ақвоме (қавму миллатҳое) анҷом гирифт, ки ба забонҳои ғайр аз забони арабй такаллум мекарданд ва ин ҷо мебоист эҳтиёти лозимиро дар мавриди таъмини хулуси бадавй (покии бадавй) ба амал меоварданд».[5]
Ихтилофоте, ки дар мусҳафҳои пеш аз таҳрири Усмонй будаанд, асосан дар миқдори сураҳост. Масалан, дар Мусҳафи Абдулло ибни Масъуд адади сураҳо 112-то буда. Чунки Абдулло ду сураи охири Қуръонро дар мусҳафи худ навишта будааст, шабеҳи «дуъо» ва «афсун», ки пайғамбар ва Фотимаю Зуҳро он дуро барои ҳифзи Ҳасан Ҳусейн аз шурури одатҳо мехондаанд. Мусҳафи Убайя ибни Каъб 116 сура дошта, чунки он ду сура, бо номҳои «Ҳафд» ва «Халъ», бештар доштааст.
Сураҳоро инчунин аз назари дарозй ва кӯтоҳй ба чанд даста тақсим кардаанд, ки «ас-Сабъу-ат-Тивол», (ё «ас-Сабъу ат- Туввал» , «ал-Миъун», «ал-Масонй», «ал-Муфассал», мебошанд.
Муаллифони таҳқиқоти густурдае бо номи «Шинохти Қуръон», Муҳаммадсодиқй Наҷмй ва Ҳошими Ҳарисй тамоми ривоёти маъруфи дар заминаи гирдоварй ва тадвини Қуръон мавҷударо таҳқиқу баррасй ва арзёбй намуда ба чунин хулоса меоянд: «Оре, ҷои тардид ва шак нест, ки Усмон(р) дар даврони хеш Қуръонро ҷамъоварй намудааст, вале на ба он маънй, ки сураҳо ва оёти Қуръонро дар як мусҳаф тадвин кунад ва аз парокандагй ба сурати маҷмӯаи воҳид дарбиёварад, балки бад ин маънй, ки тамоми мусулмононро ба қироъати як қории муайян ҷамъ ва муттаҳид намуд, тамоми Қуръонҳои дигарро, ки бо он қироати мавриди назар мувофиқ набуд сӯзонид ва ба тамоми билод ва шаҳрҳо навишт, ки чунин Қуръонҳоро бисӯзонанд ва бад ин васила мусулмононро аз ҳар гуна ихтилоф дар қироатнаҳива манънамуд»
Дар воқеъ метавон ба ин хулосаи муҳаққиқон Содиқи Наҷми ва Ҳошими Ҳарисӣ ба ин маънк мувофиқат кард, ки дар ҳақиқат гирдоварӣ ва ба шакли китоб даровардани (тадвини) Қуръони карим, чунонки аз ин таҳқиқот бармеояд хеле барвақт шурӯъ шуда буд ва халифа Усмон (р) ба он хотима гузошт.