Главная / Илм / Таркиб ва аломатҳои номи фирмавӣ

Таркиб ва аломатҳои номи фирмавӣ

Номи фирмавӣ хам- чун воситаи фардикунонии иштирокчиёни муомилоти граж- данӣ дорои таркиби мураккаб дорад ва аз номи шахсони воқеӣ фарқ дорад. Чуноне медонем, номи шахси воқеӣ аз ху- ди ном, номи падар ва насаб иборат аст (м. 20 КГ). Сохтори номи фирмавӣ чунин аст: асоси номи фирмавӣ (қисми асосӣ); изофаи номи фирмавӣ (қисми иловагӣ). Таснифоти мазкур дар адабиёти ҳуқуқӣ маълум дониста мешавад, ки ҷойи баҳс надорад. Танҳо бояд онро дуруст дарк намуд. Зеро қисми асосии номи фирмавӣ – худи номи махсус ба қисми иловагӣ дохил шуда, зоҳиран чунин менамояд, ки нақши он дуюмин- дараҷа аст. Вале мақсад аз ин таснифот аҳамияти аввалинда- раҷа ва ё дуюминдараҷаи қисмҳои номи фирмавиро нишон додан набуда, балки ишора ба он аст, ки қисми асосӣ асоси қаблан муайяншудаи тамоми номҳои фирмавиро ташкил менамояд (ин асоси боэътимодӣ, барои тамоми шахсони ҳу- қуқи вобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқ якранг ва ногузир буда, аз хаёлоти номгузор вобаста нест, онро қонунгузор пе- шакӣ муайян кардааст).

Дар қисми асосии номи фирмавӣ ишора ба шакли таш- килию ҳуқуқи шахси ҳуқуқи, навъ ва дигар тавсифоти он карда мешавад. Қобили зикр аст, ки ба маънои аслӣ ин маълумот номи фирмавиро ташкил намедиҳанд (дар ҳар су- рат ин масъала баҳснок буда, асосноккунии қисми иловаги- ро бошад, дар доираи талаботи қонунгузор муайян кардан мумкин аст. иловагиро талаб мекунад). Дар акси хол дар қонунгузории ҶТ зарурат ба алоҳида нишон додани маълу- мот дар бораи шакли ташкилию ҳуқуқи ва номи фирмавӣ намемонд. Ва ё КГ дар ҳар маврид такрор намекард, ки номи фирмавӣ бояд шакли ташкилию ҳуқуқии ин ё он шахси ҳуқуҳоро дар бар гирад. Масалан, дар қ. 2 м. 94 КГ омада- аст, ки номи фирмавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд бояд номи ҷамъият ва ибораи «дорои масъулияти маҳдуд»- ро дошта бошад. Дуруст муайян кардани масъалаи мазкур аҳамияти калони амалӣ дорад. Масалан, дар як маҳал ба ҳамон як фаъолият ду шахси ҳуқуқи бо номи «Саховат» фаъолият доранд, танҳо якеаш ҷамъияти саҳоми ва дигараш ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд аст. Вобаста ба он, ки мақомоти ҳуқуқтатбиккунанда кадом мавқеъро ишғол меку- нанд, ду фикри мухолиф пайдо шуда метавонад: яке чунин амалро ҷоиз медонад, дигаре вайронкорй. Ба андешаи мо мавқеи якум дурусттар аст.

Қисми дуюми номи фирмавӣ худи номи шахси ҳуқуқии тиҷоратиро дар бар гирифта, мумкин аст дар навбати худ аз ду қисм иборат гардад:

  • қисми иловагии ҳатмӣ. Доштани он барои тамоми шахсони ҳуқуқӣ ҳатмӣ аст. Масалан, дар номи фирмавии ҶДММ «Корвон», калимаи «Корвон» қисми иловагии ҳатмӣ мебошад. Маҳз ҳамин қисм асосан тафовутро таъмин меку- над, вагарна дар ҳамон маҳал ба ҳамон фаъолият мумкин аст даҳҳо ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуд фаъолият намоянд. Ба сифати чунин ном ҳама гуна ифодаҳои шартӣ, қисмҳои хос, номҳои ҷуғрофӣ ва ғайра баромад карда мета- вонанд;
  • қисми иловагии ғайриҳатмӣ. Ин қисм аз салоҳдиди ху- ди шахс вобаста буда, мумкин аст дар таркиби номи фир- мавӣ нишон дода шавад, мумкин аст не. Масалан, ҶСК ком- бинати равғанбарории «Дӯстӣ».

Бо мақсади таъмини боэътимод ва гумроҳ накардани истеъмолкунандагон, инчунин амалишавии назорати дуру- сти давлатӣ зарур аст, ки номи фирмавӣ ба як қатор талабот ҷавобгуй бошад. Ин талаботро баъзан чун принсипҳои номи фирмавӣ ва ё аломатҳои он низ баррасӣ мекунанд.

Дар натиҷаи таҳлили меъёрҳои қонунгузории амалку- нанда чунин талаботро нисбати номи фирмавӣ нишон додан мумкин аст:

  • номи фирмавӣ бояд ишора ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ дошта бошад;
  • номи фирмавӣ бояд воқеӣ бошад. Воқеи будани номи фирмавӣ бояд маҳдуд шарҳ дода шавад. Масалан, ҶДММ «Ганҷ» ва ё ҶСК «Марворид» ҳаргиз маънои онро надорад, ки ин шахси ҳуқуқи бо ганҷу марворид сарукор дорад. Во- қеият бояд дар доираи талаботи қонунгузорӣ бошад, маса- лан, шакли ташкилию ҳуқуқи, навъи шахси ҳуқуқи – хусусӣ ё
  • номи фирмавӣ бояд нав бошад. Нав будани номи фир- мавӣ маънои ҳатман аслӣ ва нотакрор будани номро надо- рад. Сухан дар бораи қобилияти тафовутгузории шахсони ҳуқуқӣ ва гумроҳ накардани шахсони сеюм меравад. Муво- фиқи м. 34 Қонуни «Дар бораи бақайдгирии давлатии шах- сони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» мақомоти анҷомди- ҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳуқуқ дорад, агар бо худи ҳамон ном дар ҳудуди ҶТ шахси ҳуқуқии дигар ба қайд ги- рифта шуда бошад, бақайдгирии давлатиро рад намояд. Татбиқи амалии он дар шароити набудани имконияти ташхиси ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ, набудани Феҳристи ягонаи шахсони ҳуқуқӣ ва манбаи ягонаи иттило- отӣ дар ҳудуди Тоҷикистон (дар дигар давлатҳо он тараф истад) душвор ва имконнопазир аст;
  • истифодаи номи фирмавӣ бемуҳлат мебошад. Ҳанго- ми таъсиси шахси ҳуқуқӣ катъи номи он қайду шарт карда намешавад. Устувории номи фирмавӣ боиси устувории иштироки он дар фаъолияти соҳибкорӣ, ноил шудан ба мақсадҳои худ буда, бо ин васила устуворӣ ва инкишофи му- носибатҳои молумулкӣ таъмин карда мешавад. Дар сурати тағйир ёфтани шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва номи фирмавӣ ба Феҳристи ягонаи давлатӣ низ бояд тағйироти дахлдор ворид карда шаванд (м. 26 Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»).

Табиати устуворӣ ва бемуҳлат будани номи фирмавӣ маънои онро надорад, ки он абадӣ аст. Бо барҳамхурдани шахси ҳуқуқӣ ва ё дар баъзе шаклҳои азнавташкилёбии шах- си ҳуқуқӣ ҳуқуқ ба он қатъ мегардад;

  • номи фирмавӣ бояд бо забони давлатӣ бошад (ба ис- тиснои номҳои фирмавие, ки то 1 июли с.2009 ба қайд ги- рифта шуда буданд);
  • ба номи шахси ҳуқуқӣ дохил кардани ишора ба номи пурра ё мухтасари расмӣ (номи давлат), ба унсурҳои аснод ё маводи рекламавии шахси ҳуқуқӣ дохил кардани чунин ном ё унсурҳои рамзи давлатӣ мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати ҶТ иҷозат дода мешавад;
  • номи арбобони давлатӣ, ҷамъиятию сиёсӣ, муҳофизо- ни Ватан, ходимони илм, маориф ва фарҳанг ҳангоми дар ҳа- ёт буданашон ба корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо дода намешавад. Сухан дар иртибот бо посдории онҳо меравад, бинобар ин, аз ҷониби худи онҳо ва ё бо розигии онҳо чунин номгузорӣ дар сохторҳои ғайридавлатӣ ҷоиз аст;
  • номи фирмавӣ наметавонад хилофи манфиатҳои ом- мавӣ ва принсипҳои инсондустию ахлоқ (маънавиёт) бошад (м. 3 ва 10 КГ);
  • талаботи ҷудогона нисбат ба шахсони ҳуқуқии ало- ҳида: номи корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва дар ҳолатҳои пеш- бининамудаи қонун ташкилоти дигари тиҷоратӣ бояд ишора ба хусусияти фаъолияти шахси ҳуқуқиро дошта бошад; номи (номи расмӣ) субъекти фаъолияти суғуртавӣ – шахси ҳуқуқӣ бояд калимаҳоеро, ки намуди фаъолияти амалишавандаро дарҷ менамоянд: «суғурта», «азнавсуғуртакунӣ», «брокери суғуртавӣ» ё ибораҳои аз чунин калимаҳо ҳосилшударо дош- та бошад; калимаҳои «ташкилоти қарзӣ», «бонк», «ташкило- ти қарзии ғайрибонкӣ» ё калимаҳои аз онҳо ба вуҷуд омада дар ҳар шакле, ки набошад, наметавонад нисбат ба фаъоли- ят ё хизматрасонӣ бе иҷозатномаи БМТ истифода шаванд, ба истиснои чунин истифодабарие, ки мувофиқи қонун ё шартномаҳои байналмилалӣ муқаррар ё эътироф шуда бошад ё дар матне, ки калимаю ибораҳои номбаршуда исти- фода шудаанд, муайян бошад, ки он фаъолияти бонкиро дар назар надорад; намояндагӣ калимаҳои «ташкилоти қарзӣ» ё калимаи «бонк»-ро дар номи худ набояд истифода барад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки калимаҳои «ташкилоти қарзӣ» ё кали- маи «бонк» қисми ҷудонопазири номи ташкилоти қарзӣ ё бонки хориҷиеро ифода кунад, ки онҳо ба ӯ тааллуқ доранд ба шарте, ки дар чунин ҳолатҳо калимаи намояндагӣ илова карда шавад ва ғайра.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …