Главная / Илм / Тартиб додан ва пешниҳоди ариза

Тартиб додан ва пешниҳоди ариза

  • Ариза барои ги- рифтани патент аз ҷониби муаллифи ихтироъ, корфармо ё ворисони онҳо ба Идораи патентии ҶТ пешниҳод карда ме- шавад. Аризаро шахсони номбурда метавонанд шахсан ё ба воситаи намояндаи патентӣ пешниҳод намоянд. Ариза барои гирифтани патент, бо риояи қоидаҳои махсуси ҳатмӣ тартиб дода мешавад. Ариза ба маънои махсус истифода шуда, маф- ҳуми кулл мебошад ва як қатор ҳуҷҷатҳои алоҳидаро дар бар мегирад. Мувофиқан, вобаста ба номгӯи ҳуҷҷатҳои шомили ариза, аризаҳо барои гирифтани патентҳо ба ихти- роъ, ба модели муфид ё намунаи саноатӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Масалан, тибқи м. 12 Қонуни ҶТ «Дар бораи ихтироъ» ариза барои гирифтани патент ба ихтироъ бояд аз ҳуҷҷатҳои зерин иборат бошад: арзнома дар бораи додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ бо нишон додани номи ихтироъ, муал- лиф(он)-и ихтироъ ва шахс(он)-е, ки ба номи ӯ (онҳо) ҳуҷҷати муҳофизатӣ дархост карда мешавад, инчунин ҷои истиқомат ва ё ҷойгиршавии онҳо; тавсифномаи ихтироъ, ки ихтироъро бо пуррагии кифоя барои амалӣ гардондан аз ҷониби мутахас- сис ошкор мекунад; формулаи ихтироъ, ки моҳияти онро ифо- да мекунад ва ба тавсифнома асос ёфтааст; реферат; нақшаҳо ва маводи дигар, агар онҳо барои фаҳмидани моҳияти ихти- роъ зарур бошанд.

М. 11 қонуни ҶТ «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» бошад аризаро барои гирифтани патент ба намунаи саноатӣ аз ҳуҷҷатҳои зерин иборат медонад: арзнома (ба забони дав- латӣ) дар бораи додани патент бо нишон додани номи наму- наи саноатӣ, муаллиф(он)и намунаи саноатӣ ва шахс(он)е, ки ба номи ӯ (онҳо) патент дархост карда мешавад, инчунин ҷой истиқомат ва ё маҳалли ҷойгиршавии онҳо; маҷмӯи тасвирҳо ки дар бораи намуди зоҳирии маҳсулот тасаввуроти пурраю мукаммал медиҳанд; тавсифи намунаи саноатӣ ки номгӯи аломатҳои асосии онро дар бар мегирад; нақшаи намуди уму- мии маҳсулот, схемаи аргономӣ, харитаи конфексионӣ, агар онҳо барои ошкор намудани моҳияти намунаи саноатӣ зарур бошанд.

Ба ариза ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти боҷ барои пешниҳоди ариза ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи асосҳо барои на- супурдани боҷ ё кам кардани андозаи он илова карда меша- вад. Арзнома дар бораи додани патент ба ихтироъ ба забони давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари ариза ба забонҳои дигар пеш- ниҳод шуда метавонанд.

Барои нигоҳ доштани санаи пешниҳоди ариза, тарҷумаи ин ҳуҷҷатҳо ба забони давлатӣ бояд дар муддати 3 моҳ пас аз воридшавии нахустини онҳо ба Идораи патентии ҶТ пеш- ниҳод карда шавад. Аризаи ба Идораи патентии ҶТ во- ридшуда, ба қайд гирифта шуда, барои аз рӯи он гузарони- дани санҷиш ирсол карда мешавад. Бо ин амал давраи дую- ми ба расмият даровардани ҳуқуқҳои патентӣ оғоз мегардад. Тартиби гузаронидани санҷиш аз рӯи ихтироъ, модели муфид ва намунаи саноатӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …