- Дар байни лабакҳои штангенсиркул таркиши бараш 0,5 мм ҳосил кунед.
- Таркишро ба чашм чафстар бо тарзи амудй чойгир намоед.
- Ба воситаи таркиш ба муяки фурӯзони амудй чойгиршудаи лампа ни- гариста, аз ҳар ду тарафи муяк тасмаҳои спектри дифраксиониро мушоҳида кунед.
- Бари таркишро аз 0,5 то 0,8 мм тагйир дода бинед, ки ин ба спектрҳои дифраксионй чй гуна таъсир мерасонад.
- Ба чойи таркиши штангенсиркул порчаҳои капрону батистро гузош- та, ҳосилшавии манзараи дифраксиониро мушоҳида намоед.
- Лампаи фурузонро дар масофаи 3-4 м аз асбоби мактабй гузоред ва шкалаи суроҳидори асбобро дар масофаи 50 см аз панчараи дифрак- сионй чой диҳед.
- Ба воситаи панчараи дифраксионй ва суроҳй ба лампа нигоҳ кунед ва ҳосилшавии манзараи дифраксиониро мушоҳида намоед.
- Хулосаҳои мушоҳдцаро ба дафтаратон нависед.
САВОЛҲОИ САНЧИШЙ
- Чй гуна ходисаро интерференсияи рушной меноманд?
- Чй гуна ходисаро дифраксияи рушной меноманд?
- Барои хосилшавии интерференсия чй гуна шартҳо зарур аст ва ин шартхоро хангоми ичрои кор чй тавр хосил мекунанд?
- Барои хосилшавии дифраксия чй гуна шартхо зарур аст?
- Манзарахои дифраксионии мушохидашуда кадом вакт равшантар зо- 260 хир мегардад?