Хднгоми бо ёрии объективи маҳсус расмгирии спектри лампаи муяки тафсишдор дар ливҳии суратгирИ пеш аз рушноии сурҳ ви баъди рушноии бунафш соҳаҳои спектр ба каид гирифта шуданд (расми 3.21.1).
Омузиши ин сохахои бо чашм диданашавандаи спектр нишон дод, ки дарозии мавчхои сохаи ултрабунафш ба 1 – 380 нм ва дарозии мавчхои сохаи инфрасурх ба 760 нм -1 мм баробар мебошад.
Нурафкание, ки пеш аз қисми сурхи спектр ошкор гардид, нурҳои инфрасурх ва нурафкании баъди қисми бунафши спектр ошкор гардидаро нурхои ултрабунафш меноманд.
Ҳамин тарик, дарозии мавчи нурхои инфрасурх аз дарозии мавчхои рушноии сурх калонтар ва дарозии мавчхои нурхои ул- трабунафш аз дарозии мавчхои рушноии бунафш хурд мебошад.
Манбаи нурхои инфрасурх дар аксар мавридҳо лампаҳои электрикии муяки тафсишдор ба шумор мераванд, ки онҳо то 90% нурхои инфрасурх меафкананд. Тачрибахо нишон медиханд, ки таркиби спектрии нурафканй ба харорати чисми нурафкананда вобаста мебошад. Нурафкании дидашаванда дар харорати аз 500°С баланд намудор мегардад. Дар хароратхои аз 500°С паст хамаи нурафканИ ба сохаи нурхои инфрасурх мувофик меояд.
Яке аз хосиятхои асосии нурхои инфрасурх – таъсири гармии онхо ба шумор меравад. Онхо таъсири кимиёИ низ доранд. Масалан, бо ёрии лавхахои махсуси суратгирии ба нурхои инфрасурх хассос шабона суратгирИ имконпазир гардид.
Аз афканишоти инфрасурх дар саноат ва кишоварзИ барои хушк намудани рангу бори маснуот, сабзавоту мевахо, тахтаю чуб, пуст ва гаИрахо, инчунин дар рузгор барои гарм кардани хонахо исти- фода мебаранд.
Нурафкании ултрабунафш дар хароратхои нисбатан баланд (3000°С) ба амал меоянд. Нурхои ултрабунафш фаъолияти баланди кимиёию биологИ доранд. Фотоэмулсия ба нурхои ултрабунафш хиссиёти баланд дорад.
Қабатхои болоии атмосфера нурхои ултрабунафши Офтобро пурра фуру намебаранд. Бинобар ин, дар куллахои куххои баланд таъсири нурхои ултрабунафш хеле калон аст.
Барои хамин хам дар куллаи куххои баланд муддати зиёд бе аИнаки сиёхи шишагИ ва барахна истодан мумкин нест. Шишаи сиёх нуркои ултрабунафшро хеле хуб фуру мебарад. Аз таъсири зиёди нурхои ултрабунафш пуст месу<ад ва организм бемор мегардад.
Микдори ками нурхои ултрабунафш барои организми одам фоидаовар мебошад. Махсусан, дар чавонИ аз тобиши офтоб бахраманд гардидан хеле фоидаовар аст ва шуоъхои ултрабунафш барои сабзишу обутоб ёфтани организм ёрИ мерасонад, ба системаи асаб таъсир намуда, фаъолияти онро баланд мекунад.
Аз таъсири нурхои ултрабунафш бактерияхои касалиовар нобуд мешавад, бинобар ин, онро дар илми тиб барои муоличаи беморихо 106 истифода мебаранд.
- Нурхои инфрасурх дар кадом кисми спектр мавчуданд ва онхо чй гуна хосиятхо доранд?
- Нурхои ултрабунафш дар кадом қисми спектр мавчуданд ва онхо чй гуна хосиятхо доранд?
- Ҳангоми чй гуна харорат доштани чисмхо афканишоти инфрасурх ба амал меояд?
- Манбаъхои нурхои инфрасурхро номбар намоед.
- Нурхои ултрабунафш дар кучо зиёдтар ба назар мерасанд?
- Аз нурхои инфрасурх ва ултрабунафш дар кучо истифода мебаранд?