Бисёр мисолҳо маълуманд, ки як ген бо генҳои дигари ғайри- аллелй ё ба эҳтимолияти зоҳиршавии худи ген таъсир мекунад. Мисоли таъсири тарафайни ду ҷуфти генҳо ин меросгузории шакли тоҷи баъзе мурғон мебошад. Дар натиҷаи омезиш (ком- бинатсия)-и гуногуни ин генҳо чор шакли тоҷ пайдо мешавад (расми 9.6.).
Дар нахӯди хушбӯйи гени А синтезкунандаи моддаи пигментй беранг аст (пропигмент). Гени В – синтезкунандаи фермент, ки бо ёрии он аз пропигмент пигмент синтез мешавад.
Гулҳои нахӯди хушбӯй генотипи ааВВ ва ААвв-дошта, ран- гашон сафед аст. Дар генотипи якум фермент вуҷуд дорад, аммо моддаи маҳсули пигмент нест. Дар генотипи дуюм маҳсули моддаи пигмент ҳаст, вале фермент нест, ки пигмент синтез шавад, барои ҳамин гулҳои онҳо беранги сафеданд. Аз дурага кардани ин ду шакли нахӯди хушбӯйи гулҳояшон сафед, дар рустаниҳои (Ғ1) ди- гетерозиготй ҳам маҳсули моддаи пигментй (А) ва ҳам фермент (В) мавҷуд буда, дар пайдо кардани пигменти гулобй иштирок доранд.
Чунин аломати одии ранги гул дар натиҷаи таъсири тара- файни ҷуфти генҳои ғайриаллелӣ пайдо шуда, маҳсули моддаҳои онҳо якдигарро пурра мегардонанд. Чунин шакли таъсири бай- ниҳамии ҷуфти генҳои ғайриаллелиро таъсири байниҳамии ком- плементарӣ ё иловагӣ меноманд. Ба сифати мисоли дигар мо шак- ли таъсири тарафайни генҳоро дар ранги мӯинаи хукбачаҳо дида мебароем, ки инро таъсири байниҳамии эпистазӣ меноманд.
Аз дурага кардани хукбачаҳои сиёҳ ва сафед дар насли якум ранги сафед пайдо мешавад. Агар наслҳои якумро бо ҳам дурага кунем, он гоҳ дар насли дуюм (Ғ2) чунин таносуби фенотипӣ пай- до мешавад: сафедҳо – 12/16, сиёҳҳо – 3/16 ва сурхҳо -1/16. Ҳамаи хукбачаҳои сафед фақат як гени доминантии пахшкунанда ка- лон доранд. Наслҳои сиёҳ бошанд, бо гени (п), ки бо пайдо шуда- ни ранг дахолат намекунанд, гомозиготианд ва гени доминанти Е доранд, ки ранги сиёҳро пайдо мекунад. Хукчаҳои сурх (ее п) гени доминантӣ надоранд.
Ҳамин тариқ, генҳое, ки бо гени дигари ғайриаллелӣ таъсир мерасонанд, генҳои пахшкунанда (эпистазӣ) ном доранд.
Чунин шакли таъсири байниҳамии генҳои ғайриаллелӣ барои аломатҳои миқдорӣ ҳам хос аст.
Бисёр аломату хосияти организмҳо, ба монанди вазн, инки- шофи ҳайвонот, тухм мондани мурғ, равғаннокӣ ва миқдори шир, миқдори витаминҳо дар рустанӣ ва ғайра ба гурӯҳи аломатҳои миқдорӣ дохил мешаванд. Онҳо аз ҷониби генҳои таъсирашон якхела муайян карда мешаванд ва ба як аломат таъсир мерасо- нанд, ки инро ҳодисаи полимерӣ меноманд.
Чӣ қадар дар генотип миқдори генҳои доминантӣ бисёр бо- шанд, ҳамон қадар зоҳиршавии ин ё он аломат афзун мегардад ва баръакс. Ранги сурхи дони гандум бо ду гени А1А2 вобаста аст.
Дар айни ҳол генҳои ғайриаллелӣ бо як ҳарф А(а) ишора шу- даанд, зеро онҳо инкишофи як аломатро назорат мекунанд.
Дар генотипи А1А1А2А2 ранги дони гандуми сурх аз ҳама баланданд, вале дар генотипи а1а1а2а2 ранги донҳо сафеданд. Вобаста ба миқдори генҳои доминантӣ дар генотип шаклҳои гу- ногуни рангро аз сурхи баланд (дар шакли гузашт) то сафед пай- до кардан мумкин аст .
Саволҳо барои санҷиш:
- Кадом аломатҳои нахӯди омӯхтаи Г.Мендел бо роҳи доминантӣ ба мерос мегузаранд?
- Мисолҳое оред, ки таъсири ген бо зоҳиршавии таъсири генҳои ал- лелии дигар алоқаманд бошанд.
- Таъсири байниҳамии генҳое, ки дар сераллелизм дохил мешавад, чӣ гуна аст?
- Шаклҳои таъсири байниҳамии генҳои ғайриаллелиро шарҳ диҳед.
Истилоҳот:
- Эпистазй – ҳодисае, ки як ген имкон намедиҳад, ки дигар гени ғай- риаллелӣ ба кор дарояд.
- Полимерӣ – ҳамроҳ таъсир кардани якчанд ҷуфти генҳои аллелӣ, ки як аломатро муайян мекунанд.
- Плейотропӣ – таъсири як ген, ки чанд аломатро назорат мекунад.
- Комплементарӣ – илова шудани як ген бо зоҳиршавии аломатҳои гени дигари ғайриаллелӣ.
- Кодоминантӣ – ҳодисаи якҷоягӣ ва пурра зоҳиршавии ду аллели ген дар ҳолати гетерозиготӣ.
- Доминанти нопурра – шакли таъсири байниҳамии генҳои аллелӣ, ки гени доминантӣ гени ретсессивиро пурра пахш намекунад.
Тестҳо
- Таъсири байниҳамии генҳо чӣ маъно дорад?
а) ҳар як ген аломати алоҳидаро назорат мекунад; б) якчанд ген бо ҳам таъсир карда, аломатро зоҳир мекунанд; в) як ген гени дигарро пахш мекунад.
- Таъсири байниҳамии генҳо чанд хел мешаванд?
а) аллелй ва ғайриаллелӣ; б) аллелй; в) ғайриаллелӣ.
- Мисоли таъсири байниҳамии генҳои аллелӣ кадом аст?
а) гурӯҳи хун АВ ва М^ б) гурӯҳи А; в) гурӯҳи ВО.
- Боҳамтаъсиркунии генҳои ғайриаллелӣ чанд хел мешавад?
а) ду хел; б) се хел; в) чор хел.
- Мудоме ки чуфти генҳои ғайриаллелӣ таъсир мерасонанд ва ало- мати нав дар насли якум пайдо мешавад чӣ ном дорад?
а) комплиментарӣ; б) эпистазид; в) полимерӣ.
- Генҳое, ки бо дигар генҳои ғайриаллелӣ таъсир мерасонанд чӣ ном доранд?
а) эпистаз; б) полимерӣ; в) комплиментарӣ.
- Генҳои якхела таъсиркунандаро чӣ меноманд?
а) доминантӣ; б) полимерӣ; в) эпистазид.
- Полимерӣ чӣ маъно дорад?
а) генҳои якхела таъсиркунанда, ки як аломатро назорат мекунанд; б) генҳое, ки якуякбора якчанд аломатро назорат мекунанд; в) генҳои боздорандаи аломатҳо.
- Пигменти ранги пӯсти одам ба кадом шакли боҳамтаъсиркунӣ до- хил мешавад?
а) комплиметарӣ; б) эпистазид; в) полимерӣ.
- Мудоме ки як ген якчанд аломатро назорат мекунад, чӣ ном дорад? а) комплиментарӣ; б) эписторӣ; в) плейотропӣ.