Главная / Илм / ТАЪСИСЁБИИ ГЕНЕРАЛ – ГУБЕРНАТОРИИ ТУРКИСТОН

ТАЪСИСЁБИИ ГЕНЕРАЛ – ГУБЕРНАТОРИИ ТУРКИСТОН

Ташкил карда шудани генерал-губернатории Туркистон. Ав- вали соли 1865 аз ҳисоби заминҳои аз хонии Қӯқанд ишғолкардаи қӯшунҳои рус вилояти Туркистон дар ҳайати генерал-губернато- рии Оренбург ташкил ёфт. Сарвари ин вилояти навбунёд генерал Черняев таъйин гардид.

Соли 1867 ҳукуматдорони подшоҳӣ натиҷаи амалиёти ҷангии худро дар сарзамини Осиёи Марказӣ гӯё ҷамъбаст намуданд. Бо марказ дар Тошканд генерал-губернатории Туркистонро ташкил доданд, ки он заминҳои аз соли 1847 то он лаҳза аз мулкҳои хонии Қӯқанд ва аморати Бухоро забтнамудаи қӯшунҳои русро дар бар мегирифт. Дар ибтидо генерал-губернаторӣ аз ду вилоят: Сирдарё (марказаш Тошканд) ва Ҳафтрӯд (марказаш Верний) иборат буд. Мувофиқи ин тақсимот, мулкҳои Хуҷанд, Нов, Ӯротеппа, Ҷиззах ва ғайра ба ҳайати вилояти Сирдарё дохил шуданд. Соли 1875 тақсимоти нави маъмурии кишвари Туркистон анҷом дода шуд, ки мувофиқи он, уезди Хуҷанд (ба он Нов ва Ӯротеппа низ дохил мешуданд) ба ҳайати вилояти Самарқанд дохил гардид. Ҳудуди генерал-губернаторӣ ва микдори вилоятҳои он минбаъд аз ҳисоби мулкҳои тозаишғоли қӯшунҳои рус меафзуд. Баробари бунёди генерал-губернаторӣ округи ҳарбии Туркистон низ ташкил ёфт.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …