Тавҳид (аз калимаи арабӣ – «воҳид», «аҳад» – як, ягона якто будаҲамчун истилоҳи каломӣ далолат ба ягонагии Худо мекунад ва муродиф бо истилоҳи лотинӣ-монотеизм – якхудоӣ ё яктопарастӣ мебошад. Тавҳид, яъне эътиқоду имон доштан бар вуҷуди танҳо як худо, инкори вуҷуди ҳаргуна маъбӯд, худо ё худоёни дигар аст. Ин ҷо тавҳид ҳамчунин бобе аз илоҳиёти ислом аст, ки дар ин боб исботи вуҷуди Худо, ваҳдонияти ӯ дар зот, сифот, афъол ва хилқати олам, ваҳдати ӯ дар марҷаъи тамоми кавн ва ниҳояти ҳамаи қасдҳо дода шуда аст.
Дар дини ислом ин асл бо ибрози калимаи шаҳодат «Ашҳаду анна ло-илоҳа илло Ал-лоҳ – Шаҳодат медиҳам, ки «Нест худое ба ҷуз Аллоҳ» ифода ва баён шудааст.
Тавҳид (монотеизм) аз нигоҳи диншиносӣ яке аз марҳилаҳои ниҳоии тамоюли худшиносии инсон, ҷараёни такомули фитрати ҳастшиносӣ ва худошиносии инсон буда, ниҳояти таҳаввули ғояи Худо, зимни раванди такомули ақливу маърифатии инсон аст. То расидан ба ин зинаи шинохти Худо инсоният давраи тӯлонӣ (ҳазорсолаҳои зиёде) – ро пушти сар намуда, аз нигоҳи шакливу ғоявӣ анвоъи гуногуни худоёнро тахаюл ва таҷассум карда мавриди парастиш арор додааст. Тавҳид бо қобилияти таҷридӣ (абстраксиякуни)-и инсон, яъне қобилияти эҷодӣ мафҳумҳои холису ноби орӣ аз мисдоқҳои хориҷӣ вобаста аст, ки он дар пояҳои ниҳоят баланди рушди маърифатӣ ба инсон имконпазир мегардад. Дар зинаи тавҳид дар ифодаву баёни ҳақиқати мутлақ байни дин ва фалсафа тафовути чандоне намемонад. Хулоса, инро метавон танҳо пас аз баррасии муқоисавии ҷараёни таҳаввули ғояи Худо, дақиқтараш баъд аз баррасии ҷараёни таҳаввули майли фитрии худоҷӯии инсон ҳамзамон бо камолоти маънавии ӯ дарк кард.
Дар динҳои табиии ибтидоӣ на танҳо эътиқод ба тавҳид нест, балки ҳанӯз худи мафҳум ва ғояи худо вуҷуд надорад. Ҳарчанд эҳсоси ваҳдати ҳастӣ, эҳсоси монизм – ваҳдати вуҷуд дар ҳамин зина низ малҳуз аст. Дар он динҳо боварӣ ба қувваи мармӯз, рӯҳу арвоҳи хубу неки гузаштагон, арвоҳи табиат: арвоҳи ҷангал, кӯҳ, дарё ва вуҷуди равобиту таъсири мутақобила байни инсону ҳайвон дар шакли «рӯҳи авлодӣ» – тотемҳо ба вуҷуд меоянд.
Сипас дар заминаи чунин боварҳо, дар зинаҳои баъдӣ, таҷассуми ин рӯҳҳо, арвоҳ, худоён дар симои ҳайвонот, паррандаҳо ва хазандаҳо рушд мекунад. Масалан, дар байни мисриёни қадим парастиши шағол, тимсоҳ, қучқор, маймун, аспи обӣ, лаклак, муш, мори афъӣ, гурба қурбоққа ва дигар ҷонварону ҳайвонот маъруф будааст. Баъдтар дар ҳамин ҷо тасаввуроти каму беш абстрактӣ дар бораи худоёни муҳофиз дар шакли ҳайвон ба вуҷуд меояд. Мисли Сехмет дар симои модашер ва Арис ба сурати барзагов. Оҳиста-оҳиста тасвиру тасаввуроти худоён дар шакли нимаинсонӣ ва нимаҳайвонӣ чунон, ки мисриён худои холиқи тамоми мавҷудот- Кунуммуро дар шакли мураккаб аз тани инсон ва сари қучқор ва худои ҳофизи қабрҳо ва мурдагон-Анубиёро дар шакли пайкараи инсон ва саре аз шағол тасвир мекардаанд – ба вуҷуд омаданд.
Ҷараёни дарки инсон аз тавҳид манут ба камолоти тафаккури мантиқӣ ва рушди иҷтимоии ӯ будаанд. Инҳо ангезаҳое будаанд, ки инсонҳоро ба сӯи фитрати худоҷӯӣ ва тавҳид савқ медоданд. Ҳамчунон, ки дар Қуръон ин матлаб дар қиссаи Иброҳим образнок баён шудааст.
Дар ибтидо ҳар авлод, ҳар қабила ва ҳар шаҳрак ва деҳае худои муҳофизи худро дошт, ҳамзамон бо ташкилёбии умумиятҳои сиёсӣ, марказиятёбии ноҳияҳо, дар атрофи шаҳрҳои бузург худоёни маҳалӣ дар тобеъиятҳои худоёни марказ қарор гирифта, ба тадриҷ аз эътибор соқит мешуданд ва аз худоёни мутаъаддид ду се худои бузург боқӣ мемонданд, ё як анҷумани (пантеон)-и худоён бо сарварии худои худоён чун дар Юнону Рум ба вуҷуд меомаданд. Ҳам дар Миср ва ҳам дар Юнону Рум худоён ҳам дар сурат ва ҳам дар хислату рафтор шабеҳи инсон (антропоморфӣ) тасаввур мешуданд. Тасаввурот ва тасвирҳои аҷоибшакл (аморфӣ) низ буданд вале дар ин зина ҳанӯз тасаввуроти Худо дар шакли таҷриди маҳз ё аниқтараш шинохти Худои бемислу монанд дар доираи динҳо ба вуҷуд наомада буд. Вале дар доираи фалсафа, алалхусус фалсафаи юнонӣ чунин назарияҳо ҳанӯз дар нимаи дуюми ҳазораи пеш аз мелод пайдо шуданд. Тааҷҷубовар аст, ки бо вуҷуди бисёрхудоӣ ва антропоморфӣ будани пиндорҳои динии юнониён оид ба Худо, дар фалсафа назарияи тавҳидӣ (монистӣ) ва таҷридӣ (абстрактӣ) нахуст дар он ҷо ташаккул меёбад. Мутафаккирони Юнону Рум аввалин мунаққидони тасаввуроту пиндорҳои бисёрхудоию антропоморфӣ (антропопатӣ) будаанд.
Ғояи тавҳидро ҳанӯз дар асри VI пеш аз мелод файласуфи юнонӣ Ксенофан дар фалсафаи худошиносӣ ба миён гузошта, тасаввуротҳои антропоморфию антропопатиро интиқод намуда аст. «Мурандагон (авомуннос) фикр мекунанд- мегуфт ӯ, -ки гӯё худоён чун онҳо либос, чун онҳо садо ва намудҳои ҷисмонй доранд»[1]. Ӯ худ дарк карда буд, ки диндорон чи гуна, ки бошанд худоёнашон ҳам ҳамон тавранд, аз ҳамин рӯ, ки гуфтааст. «Ҳабашиён мегӯянд, ки худои онҳо хамидабинй (пучуқ) ва сиёҳпӯстанд, фарансавиён худоёни худро кабудчашм ва малламӯй тасаввур мекунанд». У пас аз ин муқаддима бо тамасхур хулоса мекунад: «Агар барзаговон ва шерон дасти холиқ медоштанд, ки чун одамон осори санъат бисозанд, худоёни худро дар шакли худ (барзагову шер) меофариданд.»[2]
Ксенофан осмони якпорчаро мушоҳида намуда, эълон менамояд, ки Худо воҳид аст. «Ваҳдати оммро Ксенофан худо меномад».[3]
Афлотун ва Арасту худоро ғайриҷисмонӣ медонистанд. Ба ақидаи Арасту ваҳдати олии оламро ҷуз ба ваҳдати иллати ниҳоии он наметавон фаҳмид. У дар хотимаи тавзеҳи ин матлаб мисрае аз шеъри Ҳомер, ки дар он гуфтааст: «Некӯ нест, ки худованд чанд тан бошад» меорад.
Таҳаввули тавҳидро дар асари таъсири шояд ҳамин афкори фалсафаи юнонй дар Яҳудияи қадим метавон мушоҳида кард. Мувофиқи далеле, ки аз баррасии китобҳои «Танах» ва «Аҳди қадим»-и «Библия» бармеояд метавон бидуни шакку шубҳа гуфт, ки дар дини яҳудияи ибтидой тавҳиди холис вуҷуд надорад. Ҳам дар панҷкитоби Мӯсо ва ҳам дар дигар китобҳои он давра нишонаву шавоҳиди зиёде аз бисёрхудой ва тасаввуротҳои антропоморфй нисбат ба Худо фаровон ба чашм мехӯранд. Баррасии муқоисавии раванди таҳаввули идеяи Худо дар динҳои сомй барои шинохти ҷараёни покшавй мафҳуми Худо аз осори динҳои табий ва бисёрхудой, аз намодҳову тимсолҳои онҳо мусоидат намуда, ҳамзамон ба шинохти чигунагии ҷараёни рушди фикрию ақлонии инсон ва табдили ғояи Худо ба мафҳуми нобу беолоиш имконият медиҳад.
Дини яҳудия низ баъд аз гузариши аз марҳилаи парастишҳои табий ба парастиши худои хоси миллии баргузида аз байни худоёни дигар (генотеизм) ва аз он то тавҳиди соф як давраи таҳаввули тӯлониро аз сар гузаронидааст. Инро чунон ки арз шуд, метавон аз баррасии китоби «Танах» ва «Аҳди қадим» дарёфт.
Библияшиносон дар мавриди таълимоту тасаввурот оид ба Худо китоби «Аҳди қадим»-ро ба ду тақсим намудаанд. Чун ки дар матнҳои он Худо гоҳ бо номи «Элоҳим» ва гоҳ бо номи «Яҳво» ёд мешавад.[4] «Элоҳим» ҷамъи калимаи умумисомии «Эл», яъне исми омми Худо мебошад. Номи Аллоҳ дар ислом низ аз ҳамин реша бармеояд. Дар гузаштаи қадим пеш аз ҷамъоварӣ ва навишта шудани китобҳои «Аҳди қадим» қабоилу қавми Исроил ба худоёни зиёде эътиқод доштанд. Ҳар қабила худои муҳофизу нигаҳбони худро дошт, ҳатто худоёни маҳаллаҳо низ гуногун буданд, ҳар маҳал ё ноҳия худои худро доштанд, агар қабилае аз як ноҳия ба ноҳияи дигар кӯч мебастааст худои пешинаи худро раҳо намуда, ба худои ин ноҳия эътиқод ва қурбонӣ мекардааст. Хулоса, чунин эътиқодҳои бисёрхудоӣ, ҳатто то асри V пеш аз мелод, барои яҳудиён хос буда. Онҳо дар ин давра зиёда аз 50 худоёни гуногунро парастиш мекардаанд.[5] Ба тадриҷ аз байни худоёни зиёде чанд худои асосӣ, ки худои қабилаҳои бузург ва ҳоким буданд, ҳамчун худои умумӣ ҷудо мешаванд. «Элоҳим» ва «Яҳво» номҳое будаанд, ки дар матнҳои мазҳабии мутааллиқ ба ду ноҳия ва гурӯҳи қабилаҳои бани Исроил ё дар давраҳои гуногуни таърихи ин қавм маъруф будаанд ва пас аз ҷамъоварии ин матнҳои пароканда дар китоби «Танах» ва аз он ба «Аҳди қадим» бидуни таҳрир дар шакли аввалии худ дохил шудаанд. Ин аст, ки дар китоби муқаддаси яҳудиён на танҳо Худо ба ду ном зоти зоҳир мешавад, балки ба равшанӣ бидуни заҳмати зиёд метавон пай бурд, ки Худо дар шакли ҷамъ омада. Яъне ба ҷои «илоҳ» ҷамъи он «илоҳим» ба кор рафта. Ҳатто вақте, ки Одам ва Ҳаво аз дарахти мамнӯъ мева хӯрданд, Худо мегӯяд: «Инак Одам мисли яке аз Мо орифи неку бад гардидааст: ва акнун мабодо дасти худро дароз кунад ва аз дарахтиҳаёт низ гирифта хӯрад, ва то абад зинда монад» (Биб. Ҳастӣ: 3:22). Гузашта аз ин дар он гоҳ тасаввуротҳои динҳои пешин, мисли боварҳои антропоморфии юнониён ошкор мешавад. Аз ҷумла мехонем: «Писарони Худо духтарони одамизодро диданд, хушрӯянд ва ҳар кадомро, ки хуш мекарданд, барои худ ба занӣ мегирифтанд» (Биб. Ҳастӣ. 6:2) Ё худ «Дар онрӯзгорон дар замин баҳодурон буданд, алалхусус баъд аз замоне, ки писарони Худо назди духтарони одамизод омаданд ва онҳо барояшонфарзандоварданд… (Биб. Ҳастӣ. 64)
Яъне дар тасаввуроти яҳудиён, ҳанӯз бовариҳои адёни қадимаи табиӣ, бисёрхудоӣ ва антропоморфӣ оид ба зан ва фарзанд доштани худоён мавҷуд будааст ё худ тартибдиҳандагони Таврот асотири қадимаро бидуни таҳрири дуруст ба Таврот дохил кардаанд. Дар бораи набудани тасаввуроти якхудоӣ, тавҳиди комилу соф боз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ҳеҷ ҷое аз чаҳор китоби аввали Мӯсо иборае мисли «Нест худое ба ҷуз Яҳво» вуҷуд надорад. Дар Таврот асосан Худо, худои миллии яҳудиён аст, он бо номҳои «Худои падарам», «Худои Иброҳим», «Худои Ноҳур», «Худои Исҳоқ», «Худои Яъқуб» (Биб.Хуруҷ. 4:5) ёд мешавад, ҳатто ибораи «Худоҳои бегона» (Биб.Ҳаст.35:4) дар он дида мешавад. Дар Таврот даъват шудааст, ки танҳо ба Яҳво-худои падарони худ саҷда кунед, худоҳои дигарро ибодат накунед ба онҳо қурбонӣ наоред, аммо вуҷуди онҳо, яъне худоёни бегона инкор карда нашудааст.[6] Хулоса дар чор китоби аввали «Панҷ китоби Мӯсо» танҳо сухан аз худои миллӣ ба миён аст, Таврот дар бораи «Худованд Худои Исроил», «Худои Ибриён», сухан мегӯяд, на дар бораи худои ҷаҳониён, на худои ҳамагон ва дар он инкори вуҷуди худоёни дигар нест, танҳо даъвати ба ибодат
накардани онҳо ва мубориза бо бутпарасти ҳаст.
Сониян, бояд гуфт, ки дар Таврот ду марҳилаи таҳаввули ғояи Худо ё ду зинаи гузариш аз ширк ба тавҳид инъикос шудааст, ки ба истилоҳи диншиносии ғарби генотеизм ва ё энотеизм номида мешаванд. Генотеизм, яъне иқрор будан ба инкор накардани вуҷуди худоёни мутаъаддид аст ва дар баробари ин як худоро ба мартабаи худои офаридгори олам (дар баъзе адён масалан ҳиндуия офаридгори ҳам ҳамаи худоёни дигар) худои худоён эътироф кардан аст. Энотеизм, низ вуҷуди худоёни дигарро инкор намекунад, вале даъват ба парастиши як худои қавми ё миллии худро мекунад, ҳар қавме, халқе бо як худое аҳду паймон кардааст.
Ин аст, ки номи китоби муқаддаси онҳо низ «Аҳди Қадим» аст. Бани Исроил аҳд намудаанд то ба ғайр аз Яҳво (Элоҳим) худои дигареро намепарастанд.
Тасаввурот дар бораи Худои ягона ва инкори вуҷуди ҳар гуна худои дигар танҳо дар китоби панҷуми Мӯсо ва китобҳои баъд аз асорати ҳафтодсолаи Бобул навишта шуда дар китоби Ишаъёи наби ва Ирмиёни Наби пайдо мешавад. Аз ҷумла дар китоби панҷуми Мӯсо «Такрори шариъат», аз рӯи номи он ва таҳқиқоти олимон ин китоб иловаи баъди аст, омада: «…Худованд Худост, ва ғайр аз ӯ дигаре нест». «Пас имрӯз бидон ва дар дили худ ҷойгир кун, ки Худованд Худост дар осмон аз боло ва бар замин аз поён ва дигаре нест». «Туро худоёни дигар, ҷуз Ман, набояд бошад.» (Биб. Такрори шариат. 4:35,39 ва 5:7).
Бо вуҷуди ин ҳатто дар ҳамин китоби охир низ нишонаҳое аз осори бисёрхудои ба чашм мехӯрад, масалан чун ин оят: «Зероки Худованд Худои шумо Худои Худоён аст…» (Б. ТШ. 10:17) Дар ин ҷо тасаввуроти чун аз анҷумани худоёни Юнону Рум ва Худои Худоён дар он анҷуман (Зевс) ба ёд меояд.
Ба ҳар сурат танҳо дар китоби панҷуми Мӯсо «Такрори шариат» ва китобҳои наёмбарони давраи асорат ва пас аз он мо тасаввуроти тавҳидии холисро дар яҳудия мебинем. Аз ҷумла дар китоби Ишаъёи Набӣ 45:21,22 ва 46:9 гуфта шудааст:
- . «Оё на манам, ки Худованд ҳастам?
Ва ғайр аз ман худои дигаре нест. Худои одилва наҷотдиҳандае ба ҷузманнест» .
- . «Зеро, ки Ман Худо ҳастам, ва дигаре нест» . 48:12… «Манаввалинҳастамва Манохиринҳастам».
Инак чунонки мебинед таъкиди тавҳид дар «Аҳди Қадим» чандон ба исрор нест, он ҷой-ҷой (фрагменталӣ) буда ба он исрор ва ҳассосияте, ки дар Қуръон ҳаст нест.
Аз Аҳди Қадим, ки бигузарем хоҳем дид, ки тавҳид дар насроният, чор Инҷили Эсои Масеҳ, бо таълимоти фарзандию падарӣ ва рӯҳулқудус (таслис) халалдор карда шудааст. Уламои насронӣ имрӯз ҳар гуна ки фалсафаи тавҳиди насрониро тафсиру таъбир накунанд, як чиз инкорнопазир аст, ки дар ин дин тавҳид дар қолиби кӯҳнаи динҳои тамсилӣ ва зинаи ниҳоии таҳаввул ба тавҳид зоҳир шудааст. Фалсафаи илоҳии насроният танҳо барои хосон– уламост, вале шуури оммаи насронӣ ҳамон шуури политеистӣ ва тимсол (икон) парастӣ аст. Беҳуда нест, ки баъдтар онҳое, ки зиддияти дохилии насроният байни тавҳид ва ширк ва бутпарастиро дирк намуданд, иқдом ба инкори он карданд. Дар натиҷа чанд равияву фирқаҳое чун «монофизит» -ҳо, ки дар симои Исои Масеҳ танҳо худоро мебинанд, «настуриҳо» ва «Иконобар»–ҳо, ки ба муқобили тимсол (икон)– парастӣ мубориза мебурданд пайдо шудаанд.
Ҳатто агар қабул кунем, ки боварии насрониён ба як Худои ягона (тавҳидӣ) аст, инро наметавон инкор кард, ки Худои воҳиди бемислу монанд, худро ба инсонҳо дар шахси писархудо (Исои Масеҳ) дар сурати инсонӣ, дар образи инсон айнан зоҳир мекунад. Шояд ин барои он буд, ки қабули ғояи маҳз бидуни тимсол барои аксари инсонҳо, хусусан авомунноси империяи Руми ғарбӣ мушкил буд.
Ин мушкилиро ислом пушти сар кардааст. Дар таълимоти ислом ғояи Худо ба дараҷаи ниҳоии таҷрид ба ҳадди мафҳуми ноби бемислу монанд, абстраксияи холис чун мафҳуми «саодат», «рафоат», «адолат» таҷаллӣ мекунад. Худошиносии исломӣ фалсафист, тасаввури фалсафӣ мехоҳад. Он сайри ниҳоии худэҳсоскунӣ ва худзоҳиркунии рӯҳи мутлақ аст.
Тавҳид дар илоҳиёти ислом он қадар хусусияти таҷридӣ (абстрактишуда) дорад, ки метавон танҳо бо мақулаҳои фалсафӣ, чун «рӯҳи мутлақ», ғояи ноб (идеяи абсолютӣ) муқоиса кард.
Аз нигоҳи барҷастатарин файласуфи охири асри Х1Х Ҳегел масеҳият, ки яке аз динҳои тавҳидӣ (монотеистӣ) ба шумор меравад «дини мутлақ» аст чунки мӯҳтавои он «Ҳақиқати мутлақ аст». Муҳаққиқи машҳури осори ӯ В.Т. Стейс дар ин маврид чунин мегӯяд: «Ҳегел мӯҳтавои дини масеҳиро ҳамон мӯҳтавои фалсафаи худ медонад. Фалсафаи Ҳегел бо масеҳият яке аст. Фалсафаи Ҳегел, масеҳияти ботинӣ (езо&пс) аст, зеро агарчи дар маънӣ ва мӯҳтаво ба Масеҳият яксон аст дар сурат бо он фарқ дорад».[7] Ин фарқ дар чист? Ҷавоб он аст, ки «Фалсафа мӯҳтавои мутлақро ба сурати мутлақ, яъне ба сурати андешаи маҳз арза мекунад. Масеҳият ҳамин мӯҳтаворо ба сурати махсус (ҳиссӣ) дар қолиби тамсил…»[8] Дар муқоиса бо масеҳият ислом танҳо динест, ки Худо–ҳақиқати мутлақро дар сурати мутлақ бидуни ҳеҷ тимсолу зоҳирӣ–айнӣ баён кардааст. Аз ин нигоҳ худошиносии исломӣ, ки дар сурати таҷриди комил–андешаи маҳз баён шудааст бо фалсафа дар илоҳиёт аёният дорад, на ба динҳои суннатӣ.
Аҷиб аст, ки дар табақабандии адён, ки Ҳегел арза намуда, ҷое барои ислом муайян нашудааст. Ин ё аз рӯи таассуби масеҳияти ӯст ё аз он нуқтаи назари эҳтиёт ба масъалаи ислом ва худошиносии ислом даст назада, чунки назар ба масеҳият дини ислом ба дини мутлақ наздиктар аст. Агар ӯ аз рӯи инсоф қазоват мекард ислом ҳамон динест, ки ҳақиқати мутлақ (Худо) дар сурати ноб, бидуни олоиш бо маҳсусот, бидуни намодҳо ва тимсолҳои олами айният дар шакли таҷрид (абстраксия)-и холис ифода шудааст. Агар Ҳегел исломро дар табақабандии динҳояш ҷой медодод он гоҳ мебоист онро дар мақоме, ки барои масеҳият қоил шудааст қарор медод.
Тафовути тавҳид дар ислом аз динҳои қаблӣ дар он аст, ки Худо натанҳо шарик ва ҳамтое надорад, балки он шабеҳ ба ҳеҷ мавҷуде нест, вай бемислу монанд аст.
Тавҳид дар ислом, метавон гуфт, ки шиори аввалин ва дастнахӯрдаи он аст. Дар байни динҳои тавҳидӣ Қуръон ягона китоби муқаддасе аст, ки билофосила баъд аз вафоти асосгузори он, дар муддати хеле кӯтоҳ ҷамъоварӣ ва тадвин гардида, бидуни хурдтарин тағйиру таҳрифи мазмуну мундариҷа аз давраи охирин таҳрири он – таҳрири Усмонӣ то имрӯз омада расидааст.[9]
Ин гувоҳи он аст, ки таълимоти ислом аз замони Паёмбари вай то имрӯз дасткорӣ ва таҳриф нашуда расидааст. Аз ҷумла таълифоти асосии он, ки тавҳид аст аз ибтидо дорои чунин хусусият будааст, танҳо бо як ихтилоф, ки умқу паҳноӣ ва вусъату доманаи ин таълимотро, ки асоси доктринаи исломро ташкил мекунад, мусулмонон ба мурури замон ботадриҷ дарк мекунанд. Чунки тавҳид дар ислом танҳо марбут ба худошиносӣ нест, балки шолудаи таълимоти он: асоси ҳастишиносӣ, ҷомеъашиносӣ, ҷаҳонбинӣ, фалсафаи иҷтимоӣ ва идеологияи он ба шумор меравад. Чунон ки баъдан хоҳем дид, уламои имрӯзаи ислом дар мавриди «ҷаҳонбинии тавҳидӣ», «ҷомеъаи тавҳидӣ», «идеологияи тавҳидӣ» ва ғайра баҳс мекунанд.
Вале аз нигоҳи худошиносӣ худо дар ислом аз ҳамагуна олоишҳо, шабоҳатҳо ва ташбеҳоти моддию ҳиссӣ, воқеъиву фантастикӣ орӣ ва пок мебошад. Дар идрок ва тасвири Аллоҳ ҳеҷ хаёле, ҳеҷ фантазия роҳ надорад. Тасаввури он мофавқи хаёлоти башарист. Аз ин рӯ, Аллоҳ мутлақулинон аст.
Тавҳид барои мусалмонони одӣ бо калимаи шаҳодат «Ло илоҳа иллал-Лоҳу» – Ғайр аз «Аллоҳ» худое нест ифода мешавад. Чун ҷомеъае, ки Қуръон ба он нозил шуд ҷомеъаи бутпарастӣ, ширку бисёрхудоӣ Буда, таъкиди он ба ваҳдоният ва ягонагии Худо беш аз ҳар китоби дигари мазҳабист. Дар он беш аз шаст бор шиъори асосии ислом «Ба ҷуз Аллоҳ худое нест» дар шаклҳои гуногун такрор шудааст:
хулосае меояд, ки Парвардигори ӯ он ест, ки фанонопазир бошад, балки Он офаридгори замину осмон ва орӣ аз шарику ёвар аст. (Ниг. Сураи 6, оят, 76-79).
Ин далолатҳо ва бурҳонҳое, ки дар оёти фавқ ироа шудааст, баъзе хусусияти бурҳони оламшиносӣ (космологӣ), баъзе ишорат ба назму низом дар олами ҳастӣ-бурҳони назм (хусусияти телеологӣ) доранд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, Қуръон дар баробари имони қалбӣ, зарурати шинохти ақлонию мантиқиро низ рад накардааст, онро зарур мешуморад.
Аммо дар таърихи илоҳиёти исломӣ, мутаассифона, дар мавриди истифода аз ақлу мантиқ ва мақоми илми калом, ки суннат, ба ин ду асл устувор аст, нофаҳмиҳо ва зиддияту ихтилофоти сахт ҷой доштаанд. Аз ҷумла, дар муқаддимаи «Шарҳу -л-фиқҳи-л-акбар ли Алӣ Ал-қорӣ» аз номи имом Абӯюсуф омадааст, ки ӯ гуфта «Ал-илмул калом ҳува ал- ҷаҳл вал-ҷаҳл бил-калом ҳува илм», яъне «Илми калом ҳамон гумроҳӣ, нодонӣ-ҷаҳл аст ва надонистан, гумроҳ будан дар калом ҳамон илм аст» ва ҳамчунин аз ӯ ривоят шуда, ки «Ман талаба-л- илма бил-калом тазандақа ва ман талаба ал-мола бил-кимё афсала ва ман талаба гариба ал- ҳадис фа қад казаба», яъне «Хдр кас бо калом талаби илму дониш кунад зиндиқи худоношинос гардад ва ҳар кас талаби дороӣ бо кимёгарӣ кунад муфлис шавад ва ҳар кас талаби ҳадис аз ноошно кунад, \ҳадиси\ дуруг гӯяд. Ҳамчунин аз имом Аш-шофеъӣ (р) ривоят кардаанд, ки фармуда.’ «Ҳукамй фӣ аҳли-л-калом ан язрибӯ бил-ҷариди ва ниъоли, ва ютофу биҳим фӣ ал-ашоир ва қабойил ва юқол: ҳоза ҷазоу ман тарака ал-Китоба ва-сунната, ва-қбал ъало калом аҳли бидъати»30-«Ҳукми ман нисбати аҳли калом он аст, ки бо чӯбе аз шохи дарахт ва кафш бизанедашон ва бигардонед аз
машғалатун
Илло ал-ҳадис ва илло ал-фиқҳи фй дин Ал-илму мо кона фиҳй қола ҳаддасно, Ва мо сиво золика васвосуш-шаётин.
Дар ин порчаи назмй маънй он аст, ки ба ғайр аз Қуръон ҳама илм шуғли беҳудаест, ҷуз ҳадис ва тафаққуҳ дар дин, илм он аст, ки дар он гуфта шавад ба мо нақл кард (фалонй гуфт, яъне ҳадис) дигар ҳарчй ғайри ин аст васвасаҳои шайтонҳост. Ин аст мавқеи муҳаддисин нисбат ба илми калом.
Аввалин шахс аз пешвоёни мазҳабии ислом, асосгузори аввалин мазҳаби фиқҳию шаръии ислом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит мулаққаб ба Имоми Аъзам (Бузургтарин Имом) бо ба кор гирифтани қиёс дар истинботи аҳкоми шаръию фиқҳй асоси корбурди усули маърифати ақлиро баъд аз Қуръон ва Суннат дар масоили динй гузошт. Баъд аз ӯ чунон, ки баъдан хоҳем дид, Ҳасани Басрй ва шогирди ӯ Восил ибн Ато–асосгузори мӯътазила ба ин роҳ рафтанд.
Вале бояд гуфт, ки дар марҳилаи аввали ташаккулёбии илми калом масалан, дар осори Имоми Аъзам, Ҳасани Басрй ва ҳатто мӯътазилиён мо кӯшиши баррасии Қуръонро аз дидгоҳи бурҳоншиносии вуҷуди Худо намебинем. Дар осори саҳобагон ва тобеъин ва насли аввал ва сонии мутакаллимон таваҷҷӯҳи асосй танҳо ба масоили асосии мавриди баҳс: асли тавҳид, сифоти Худованд, каломул -лоҳ, асли имон, такфир намудан ё нанамудани муртакибони гуноҳҳон, мӯъҷизот ва каромоти анбиё ва ғ–ра буданд.
Кӯшиши исботи ҳастии Худованд аз тариқи бурҳонҳои ақлиро дар осори файласуфон, алалхусус Шайхурраис Абӯалй Ибн Сино метавон пайдо кард.
Аммо дар илми калом масъалаи худошиносй аз шинохти мафҳуми ҳақиқат оғоз шуда, бо баёни анвои илм, яъне навъҳо ва хусусиёти маърифат (гносеология) ва тавзеҳи шаклҳои он: маърифати ҳиссй, ақлй ва қалбй(ё ваҳйй) сипас ба баёни бурҳонҳои вуҷуди Худо мегузаранд. Чунон ки маълум аст сарчашмаи маърифати ҳиссй панҷ узви ҳиссиёти инсон буда аз тариқи таъсири олами беруна ба ин узвҳои ҳис донишу шинохти мавзӯъ (объект) дар инсон ҳосил мешавад. Омили маърифати ақлй тафаккур ва тааққул аст ва мағзи сари инсон ҷойгоҳи он аст. Аммо маърифати қалбй ба се навъ:васваса, илҳом ва ваҳй тақсим мешавад. Дар асл ин ду навъи аввали маърифати қалбй низ дар Қуръон ваҳй номида шудаанд, вале чун манбаи маърифати қалбии аввал шайтон аст, сонй малоик ва охирин Худост, ҷиҳати фарқгузорй он дуро васваса ва илҳом низ меноманд. Илм- маърифатро мутакаллимон ба ду навъ: ҳузурй ва ҳусулй тақсим кардаанд. Ҳузурй он навъ илмест, ки эҳтиёҷ ба далелу бурҳон надорад, ҳусулй, яъне ҳосилшуда дар асоси шинохтҳои ҳиссй буда ба далелу бурҳон эҳтиёҷ дорад.
Мутакаллимонро ақида бар он аст, ки роҳҳои шинохти Худо зиёданд. Аз ҷумла гуфта шуда, ки «Роҳҳои шинохти Худо ба андозаи нуфуси инсонҳост». Ин масъала ҳатто дар динҳои содаи бутпарастй масъалаи бидуни исбот равшан ба шумор меравад.[1] Константин Левшеня, муаллифи китоби «Доктрины Библии» менависад, ки «Библия ҳадафи исботи ҳастии Худоро назди худ нагузоштааст. Ба ин эҳтиёҷ нест».[2] Танҳо масъалаи исботи вуҷуди Худо дар доираи фалсафа ва илоҳиёту калом (фалсафаи динй) мавриди баҳс аст.
Масъалаи зарурат доштан ё надоштани исботи ҳастии Худованд дар илми калом ин тавр матраҳ аст, ки «Оё маърифат пайдо кардан ба зоти Боритаоло воҷиби ақлй аст ё нақлй?»333
Дар робита бо ин матлаб масъала чунин гузориш шуда аст, ки қабл аз омадани ваҳй ва шаръ (яъне шариат -қонун аз тариқи ваҳй ва китобҳои илоҳӣ) инсон мукаллаф аст ақлан Худоро бишносад ё ин ки мунтазири ваҳйи илҳӣ бошад ва баъд аз омадани он ба дастури шореъ ба шиносоии Худо бипардозад?334 Дар ҳалли ин масъала байни фирқаҳои исломӣ ихтилоф аст. Аз ҷумла «аҳли ҳадис ва ашоира қоил шудаанд қабл аз омадани шаръ шиносоии Худо лозим нест, бояд мунтазири дастури ваҳй шуд, баъдан ба исботи вуҷуди Худованди мутаъол пардохт».335 Баракси ин ду фирқа, фирқаи мӯътазила ва асосгузори мазҳаби ҳанафия Абӯҳанифа- Имоми Аъзам ва пайрави ӯ Абӯлайси Мотурудии Самарқандӣ бар ин ақидаанд, ки «қабл аз шаръ, маърифат ба Худо воҷиби ақлӣ аст.» Абӯҳанифа фармудааст: «Агар Худо паёмбаре нафиристода буд боз башар Ӯро аз тариқи ақл мешинохт.
Мотридӣ низ раъйи имоми худро пазируфта ва ба вуҷуби ақлӣ қоил гашта аст». (Ишоротулмурод с.53)336
Ин далолат бар он мекунад, ки мазҳаби ҳанафия аз оғоз ақлгаро буда, вале сабаб чист, ки баъдан пайравони ин мазҳаб за мавқеи пешвои худ дур шудаанд?
Бадеҳ ва мусаллам аст, ки ҳам дар кутуби муқаддас ва ҳам дар илми калом зарурат ба чунин баҳсҳое бар асари муҷодилаҳо бо даҳриёну мулҳидон (худоношиносон– атеистон) ба миён омадааст. Яъне паёмбарон ва уламои дин бар асари бархӯрд бо ин тоифа, барои радди ақоиди мункирони вуҷуди Худо, иқдом ба ҷустуҷӯи роҳҳои исботи ҳастии Худо кардаанд.
Дар Қуръон ҳамзамон бо арзаи бурҳонҳо барои исботи вуҷуди сонеъ- офаридгори олам- Худо, асосан, масъалаи тавҳид-ягонагии Ӯ матраҳ шудааст. Аз мазмуни Қуръон бармеояд, ки мушрикон (бутпарстон), натанҳо вуҷуди Худоро инкор намекарданд, балки бар вуҷуди як Худои офаридгор Аллоҳ низ боварӣ доштанд. Вале дар баробари У ба вуҷуди худоёни дигар низ имон доштаанд. Қуръон бештар таъкид бар шинохти тавҳид, Худои ягонаи ҳокиму офаридгори оламҳо ва оламиён мекунанд ва ҳатто ба он низ ишора карда, ки агар Худо якто набуд дар олам чӣ мешуд