Захираҳои табий ба пешрафти иқтисодии давлатҳои Осиё чй гуна таъсир расониданд? Кадом соҳаҳои қишоварзй бештар тараққй ёфтаанд? Кадом ноҳия ва мамлакатҳои алоҳидаи Осиё бо суръати баланди инкишофи иқтисодй фарқ мекунанд?
Мавқеи географй, андоза ва хайати қаламрав. Осиё қитъаи қалонтарини олам ва яқе аз марқазҳои қадимтарини тамаддуни чаҳон мебошад. Номи Осиё аз мавқеи географии он бар меояд. Ҳанӯз географҳои Юнони Кадим ҳудудҳоеро, қи дар гарб ва шимолии Юнон воқеъ гардидаанд, ба Аврупо (аз қалимаи юнонии эреб – ғарб) ва он минтақаҳоеро, қи дар шарқии он чойгир шудаанд, ба Осиё (аз қалимаи юнонии асу – шарқ) мансуб медонанд. Мавқеи иқтисодию географии Осиёро пеш аз ҳама дар байни қитъаҳои олам мавқеи мобайниро ишгол намудан ва дар сари роҳҳои чаҳонии баҳрии тичоратии аз Аврупо ба суйи уқёнусҳои Ҳинд ва Ором раванда чойгир шудани он муайян менамоянд.
Мавқеи беҳамтои иқтисодию географии Осиё, сарватҳои табий, моддй, маданй, мавчуд будани қувваи қории арзон ва аз нигоҳи судмандии ҳарбию стратегй дар байни қитъаҳои Аврупо, Африқа, Австралия чойгир будани он ба ҳуд диққати бисёр мамлақатҳои ачнабиро чалб менамуд. Ҳануз аз оҳири асри XV ва ибтидои асри XVI манфиати тичорат аврупоиҳоро водор намуд, қи ба Осиё роҳи баҳриро чустучу намоянд. Бо ин мақсад, баҳрнаварди португалй Васқо да Гама соли 1497 соҳилҳои гарбии Африқаро давр зада, ба соҳилҳои чанубу шарқии он ҳарақат намуда, ба уқёнуси Ҳинд ворид шуд. Аз он ҷо бо роҳбаладии олим ва баҳрнаварди араб Аҳмад ибни Маҷид ба самти шимолу шарқ ҳарақат намуда, соли 1498 ба соҳилҳои чанубу гарбии Ҳиндустон расид. Баъди қашфиёти роҳи баҳрии Ҳиндустон аврупоиҳо, аз чумла точирон то Ҷопон рафтанд. Ҳдмин тавр, тавассути қашф шудани роҳи баҳрии Ҳиндустон аврупоиҳо дар бораи Осиёи Ҷднубу Шарқй тасаввуроти амиқ пайдо намуданд. Баъди дар гарданаи Суэте қанали Суэтс-ро бунёд намудан (асри XIX) мамлақатҳои Амриқои Шимолй, Аврупо, ҳавзаи баҳрй Миёназамин имқоният ёфтанд, қи бо роҳи баҳрии нисбатан наздиқ бо мамлақатҳои Осиё тичорат намоянд. Мамлақатҳои Осиё на фақат ба уқёнусҳои Ором ва Ҳинд, балқи ба уқёнуси Яхбастаи Шимолй баромад доранд. Роки баҳрии шимолй роҳи баҳрии уқёнуси Оромро бо роҳи баҳрии уқёнуси Атлантика пайваст менамояд. Чунин мавқеи ҳоси иқтисодию географй ба раванди таркиби соҳавии ҳочагй ва пешрафти он ба ҳусусиятҳои ҳоси аҳолй ва инкишоф ёфтани алоқаи тичоратй бо мамлакатҳои чаҳон таъсири калон расонидааст. Бояд қайд намуд, ки ин мавқеи мусоиди иқтисодию географиро аз сабаби дар доҳили Осиё чойгир шудан (мисол, Мугулистон, Непал, Афгонистон, Бутан) ва нобаробар тараққй қардани мамлақатҳои соҳилй яқ ҳел истифода бурда наметавонанд. Барои он қи на ҳама мамлақатҳое, қи ба баҳр баромад доранд, флоти баҳрии пурқувват доранд. Яқ қисми он мамлақатҳо барои ба ҳорича бор баровардан ва аз он чо бор овардан аз қиштиҳои дигар мамлақатҳо истифода мебаранд.
Масоҳати Осиё 44 млн қилометри мураббаъро ташқил менамояд. Дар он тақрибан 40 давлат воқеъ гардидааст. Дар ин қаламрави фароҳ, қи бо гуногунии табиат, фаровонии сарватҳои табий ва ҳусусияти ҳоси ҳочагию ҳайати аҳолй фарқ меқунад, тамаддун ва маданияти қадим бо дастовардҳои илмию теҳниқии муосир бо ҳам омезиш ёфтаанд. Мувофиқи тадқиқоти олимон аз чор тамаддуне, қи ташаққул ёфтани онҳо ба дарёҳои бузург вобаста мебошаду дар илм номи «Тамаддуни дарёҳои азим»-ро гирифтаанд, се тоаш он дар водии дарёҳои қалонтарини Чин, Ҳиндустон ва Месопотамия ба миён омадаанд. Тамаддуни водии дарёҳои Чин ва Ҳиндустон ба аз ҳуд намудани заминҳои ҳосилҳез, обёрии сунъй ва инқишоф ёфтани шолипарварй асос ёфта буд. Аз ҳамин сабаб, онро тамаддуни «шолй» мегуянд. Шолипарварй соҳаи меҳнатталаб ва серҳосил мебошад. Вай метавонад миқдори зиёди аҳолиро аз биринч (гизои асосии чиниҳо) таъмин намояд. Аз ин чост, қи дар водии дарёҳои қалони Чину Ҳиндустон аҳолй зич чойгир шудааст. Чунин вобастагӣ ба яқ қатор мамлақатҳои чанубу шарқй ва шарқй Осиё низ ҳос мебошад. Табиати Осиё ниҳоят муҳталиф мебошад. Дар қаламрави беқанори он на ҳама ноҳияҳо шароити мусоиди табий доранд. Барои он қи масоҳдти зиёди онро қаторқуҳҳои баландтарини чаҳон, биёбонҳои беоб, чангалзорҳои фароҳ ва гайра ташқил додаанд, қи аз ҳуд намудани онҳо бартараф қардани душвориҳои зиёдро талаб менамояд. Аз ин чо мубориза барои ҳаёт ва тачрибаи бартараф намудани душвориҳои гуногуни табий ва мутобиқ гардидан ба он яқе аз муҳимтарин мероси тамаддуни қадими ҳалқҳои Осиё мебошад. Осори онро мо дар аз худ намудани заминҳои обёришаванда мушохида менамоем. Халқхои ин сарзамини кухан барои истифодаи заминхои доманакуххо аз усули суфагй ва суфабардорй истифода мебаранд, ки холо хам дар мамлакатхои Осиёи Шаркй, Ҷанубӣ ва Ҷднубу Шаркй васеъ пахн гардидааст. Дар асоси ин усул дар Тоҷикистон богу токпарварӣ ва дар Кавказ чоӣ ва ситруспарварӣ инкишоф ёфтаааст. Иқлими хушқу гарм дар бисёр мамлакатхои Осиё сабаби инкишоф ёфтани обёрӣ гаӣр аз қаналхо (нахрхо), инчунин аз қорезхо (нахрхое, қи бо зери замин гузаронида шудаанд) истифодабарӣ гардид. Дар Тоҷиқистон пеш аз инқилоб обёрии қорезиро дар нохияи Панҷакент мухандиси худомуз эшони Халифа Хасан истифода бурд. Ин шахс бо ин усул дуто нахр гузаронида, заминхоро обшор намудааст.
Минтақахои биёбон бо шароити табиии номусоиди худ фарқ меқунанд. Дар он ҷо тобистон гарм, боришот қам буда, набототи нихоят гуногун месабзад. Вобаста ба ин, аз замонхои қадим дар ин ҷо шақли хоси хоҷагидорӣ-чорводории қучманчигӣ амал менамояд. Дар минтақахои баландқӯхи Тибет ва Помир одамон ба қутоспарварӣ машғуланд. Осиёи Шарқӣ ва Ҷанубу Шарқӣ бо иқлими муссонии (мавсимии) худ фарқ меқунад.
Дар ин ҷо тобистон гарм, сербориш, тирамоху бахор бебориш мебошад. Ҷунин вазъият аз даврахои қадим ахолии ин нохияхоро водор намудааст, қи бо роххои гуногун бар зидди серборишӣ ва хушқӣ чораҳои зарурӣ дида, хаёт ва фаъолияти хоҷагиро ба он мутобиқ намоянд. Дар мавсими сербориш барои пешгирӣ намудани обхезӣ ахолӣ дар сохили дарёхо садду даргот ва дигар иншоотхо месохт. Барои захира намудани об ва дар мавсими қамбориш истифода бурдани он хавзхо сохта, оби боронро захира менамуданд. Дар мавзеъхои селгир барои аз шусташавӣ наҷот додани хоқ зироатхои намидуст – буттаи чоӣ, наӣшақар, ҷут парвариш мехарданд. Ба шароити табиӣ мувофиқ хонахои сабуқ месохтанд. Хамин тавр, дар мубориза бар зидди номусоидихои табиат барои халқхои Осиё хаётан мехнатдустӣ ба дараҷаи баланд тахмил меёфт.
пуртоқатӣ, дар лахзахои душвор ба яқдигар ёрдамрасонӣ, садоқат доштан ба хама он чизе, қи бо мехнат бунёд шудааст, ҷихати хоси маънавии ин халқхо мебошад. Махз хамин унсурхои умдаи инсонӣ ба халқхои Осиё имқоният дод, қи дар заминаи мероси тамаддуни қадим дастовардхои илмию техниқии муосир, мавқеи мусоиди иқтисодию географӣ ва шароиту сарватхои табиии мухталифро истифода бурда, хоҷагии бисёрсоҳавии хозиразамонро ташаккул диханд. Аз ин ҷо Осиё дар худ на фақат таърих ва тамаддуни қадим, балки симои ба худ хос, ташаккул ва инкишофи иктисодиёти муосирро таҷассум менамояд.