Главная / Илм / Тавсифи умумии магний ва металлҳои ишқорзаминӣ

Тавсифи умумии магний ва металлҳои ишқорзаминӣ

Магний Мд, калсий Са, стронсий 8г, барий Ва, радий Ка (эле- менти радиоактивӣ) 8-элементҳое мебошанд, ки сохти электро- нии қабати берунаи атомҳояшон – П82 буда, валенташон доимо II, дараҷаи оксидшавиашон 0, +2 мебошад.

Бо зиёд шудани радиуси атом, дар қатори магний Мд то ба ра- дий Ка, фаъолияти барқароркунандагии ин элементҳо меафзояд. Одатан калсий, стронсий ва барийро дар керосин ё дар найчаҳои махсуси беҳаво нигоҳ медоранд.

Ин элементҳо ба қатори металлҳои фаъол дохил мешаванд ва аз ҳамин сабаб дар табиат дар ҳолати озод дучор намешаванд. Онҳо дар табиат минералҳои бисёреро ташкил медиҳанд (ҷадвали 7).

Ҷадвали 7. Пайвастагиҳои муҳимми табиии металлҳои гурӯҳи 11А

Элементи

химиявӣ

Ном ва формулаи пайвастагиҳои табиӣ
Мд Магнезит МдСО3; доломит МдСО3 . СаСО3; намаки (англиси) талх Мд8О4.2О
Са Калсит, мармар СаСО3; ангидрит Са8О4; гаҷ Са8О4.2О; флюорит СаҒ2; апатит Са5(РО4)3(Ғ,С1,ОН)
Стронсионит 8гСО3; селестин 8г8О4
Ва Барит (шпати вазнин) Ва8О4; витерит ВаСО3

Магнийро дар натиҷаи электролизи гудохтаи карналлит КС1 . МдС12 ҳосил мекунанд.

Барийро дар натиҷаи бо алюминий барқарор кардани ВаО дар вакуум ҳосил кардан қулай аст:

3ВаО + 2А1 1200°С ® А12О3 + 3Ва

2Са + О2 = 2СаО;                   2Ва + О2 = ВаО;
Металлҳои ишқорзаминӣ бо ғайриметаллҳо чунин пайваст шуда метавонанд:

Са + С12 = СаС12;                  3Са + 2Р = Са3Р2;

Са + 8 = Са8;                         Са + Н2 = СаН2

Ин элементҳо барқароркунандаҳои қавӣ ба шумор мераванд, аммо ин хусусияти онҳо нисбати металлҳои ишқорӣ суст аст. Дар ҳаво зуд оксид мешаванд.

Гидроксиди магний дар об ҳал намешавад, аз сабаби дар сатҳи берунии металл ҳосилшавии рӯйпӯши гидроксидӣ, ки дар рафти реаксия халал мерасонад.

Боқимонда металлҳои зергурӯҳи II А фаъоланд, гидроксидҳои онҳо дар об ҳал мешаванд ва гидроксидҳои онҳо хосияти ишқорӣ доранд.

Дар қатори шиддатнокии металлҳо онҳо пеш аз гидроген ҷойгир шудаанд ва аз ҳамин сабаб, аз таъсири об оксид шуда ба гидроксиди металл мубаддал мегарданд:

Мд + 2Н2О = Мд(ОН)2| + Н2$ (дар гармӣ);

Са + 2Н2О = Са(ОН)2 + Н2$ (дар хунукӣ).

Ҳамаи ин металлҳо бо кислотаҳо ба реаксия медароянд:

Са + 2НС1 = СаС12 + Н2$;

Са + Н24(сероб) = Са8О4 + Н2$.

Оксиди калсий – СаО моддаи сафед, ба оташ устувор (дар 2600°С ба шакли моеъ мегузарад) ва номи техникиаш оҳаки но- шукуфта мебошад. Раванди баҳамтаъсирии оҳаки ношукуфта бо об ба хориҷшавии гармии зиёд амалӣ мегардад:

СаО + Н2О = Са(ОН)2 + (.)

Гидроксиди калсий Са(ОН)2 асоси қавӣ, дар об кам ҳал шуда (дар 20°С 1,56 г/л), маҳлули серии он оҳакоб ном дошта, хосия- ти ишқории қавӣ дорад. Маҳлул аз ҳаво гази СО2-ро фурӯ бурда, карбонати калсийи дар об ҳалнашавандаро ҳосил мекунад, ки дар натиҷа об хира мешавад.

Истифодабарй. Калсий, магний ва пайвастагиҳои онҳо дар бисёр соҳаҳо истифода бурда мешаванд. Калсий ва магний ме- талли дар истеҳсоли хӯлаҳои сабук ва сахт, магний дар мушаки рӯшноидиҳанда, маякҳо, расмҳо васеъ истифода бурда меша- ванд. Калсий ва магний асоси маводи сохтмонӣ: асбест, алебастр, гаҷ, оҳак, мармар, хишти одӣ ва силикатӣ, сементро ташкил медиҳанд.

Намакҳои магний ва калсий дар соҳаи тиб васеъ истифода бурда мешаванд, аз ҷумла магнезий, магнезии сӯзонидашуда, хлориди калсий, глюконати калсий, талк. Пайвастагиҳои кал- сий ба монанди оҳак дар истеҳсоли оина, пӯлод, чӯян, карбонати калсий ва оҳаки шукуфта барои кам кардани кислотанокии хок, инчунин дар истеҳсоли резина, хокаи дандоншӯйӣ (карбонати калсий), асбобҳои оптикӣ (шпати исландӣ) ва дар мубориза бо зараррасонҳои зироатҳо васеъ истифода бурда мешаванд.

Магний дар таркиби хлорофилл мавҷуд аст, ки он дар рустаниҳо функсияи ҳаётӣ (фотосинтез)-ро иҷро мекунад. Пайвастагиҳои калсий дар табиати зинда асоси системаи ҳаракати ҳайвонотро ташкил медиҳанд ва соҳиби функсияҳои ҳимоявианд. Норасогии калсий дар организм ба касалиҳои аллергӣ ва касалиҳои устухон оварда мерасонад. Фаъолияти ферментҳо ва ғафсшавии хун низ ба калсий вобаста аст.

£<,___________________________________

  1. Металлҳои ишқорзаминӣ. Магний. 3. Калсий

?ш____________________

  1. Дар бораи хосиятҳои асосии физикавии калсий ва магний маълу- мот диҳед.
  2. Калсий ва магний дар табиат дар намуди кадом пайвастагиҳоя- шон паҳн гаштаанд?
  3. Калсий дар саноат чӣ гуна истеҳсол мешавад?
  4. Барои чӣ дар табиат оксиди калсий мавҷуд нест?
  5. Дар бораи аҳаммияти биологии калсий ва магний маълумот диҳед.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …