Типи асосии абрхо ба забоня русй, лотинӣ ва точикй
Т артиби тип | Номгӯи абрхо ба забони | ||
русй | лотмнй | ТОҶИКЙ | |
I | Перистые | Cirrus (Ci) | Пармонанд |
II | Перисто-кучевые | Cirrocumulus (Сс) | Пармонанди анбӯх |
III | Перисто-слоистые | Cirostratus (Cs) | Пармонанди қабатнок |
IV | Высококучевые | Altocumulus (Ac) | Анбӯхи баланд |
V | Высокослоистые | Altostratus (As) | Қабатноки баланд |
VI | Слоисто-дождевые | Nimbostratus (Ns) | Қабатноки боронӣ |
VII | Слоисто-кучевые | Stratocumulus (Sc) | Қабатноки анбӯх, |
VIII | Слоистые | Stratus (St) | Қабатнок |
IX | Кучевые | Cumulus (Cu) | Анбӯх, |
X | Кучево-дождевые | Cumulonibus (Cb) | Боронии анбӯҳ |
Ҷадвали 23 Баъзе хусусиятхои типи абрхо
Типи абрхо | Қабати ҷойгиршавии абрхо | Баландии чойгиршавии абрхо(км) |
Пармонанд | болоӣ | 3-18 |
Пармонанди анбӯҳ | болоӣ | 3-18 |
Пармонанди қабатнок | болой | 3-18 |
Анбӯҳи баланд | мобайнй | 2-8 |
Қабатноки баланд | мобайнӣ | 2-8 |
Қабатноки боронӣ | поёнӣ | 2-8 |
Қабатноки анбӯҳ | поёнӣ | то 2 |
Қабатнок | поёнй | то 2 |
Анбӯҳ | поёнӣ, мобайнӣ, болоӣ | то 2 ва зиёда |
Боронии анбӯҳ | поёнӣ, мобайнӣ, болой | то 2 ва зиёда |
Абрҳои асосии қабатҳои болоӣ дар минтақаҳои қутбй, дар баландихои аз 3 то 8 км, минтақахои муътадил аз 6 то 13 км ва минтакаи тропикӣ дар баладиҳои аз 6 то 18 км, қабатхои мобайнй- дар баландиҳои аз 2 то 4, аз 2 то 7 ва аз 2 то 8 км. қабатҳои поёнй дар ҳамаи минтақаҳо то баландии 2 км аз сатхи замин ҷойгир мешаванд (ҷадвали 23).
Ҳодисахои рӯшноии дар абрҳо мушоҳидашуда. Дар абрхои атмосфера ҳодисаҳои оптикӣ мушоҳида мешаванд, ки онҳо аҳамияти амалй надоранд, вале оид ба абрхо баъзе ахборотҳоро медиҳанд. Ҳодисаи рӯшноидиҳии абрҳо ба инъикоскунй, шикаст ва дифраксияи рӯшноӣ аз тарафи қатраҳо ва булӯрчаҳои яхи абрҳо вобаста аст. Ба ҳодисаи рӯшноидиҳии абрҳо ҳола (гало), вентси, иризатсия, глория, тиру камон дохил мешаванд. Ҳодисаи тиру камон бо шикасти нурҳои рӯшноии офтоб дар рафти даромад ва баромад аз қатра, инъикоскунӣ аз даруни қатра ва ҳодисаи дифраксия дар дохили қатра алоқаманд аст.
Абрхои шакли анбӯхдошта. Сохтор ва шакли берунии абрхо нишон медиҳад, ки онҳо сарчашмаи гуногуни пайдошавӣ доранд. Барои ҳамин абрҳоро ба якчанд типи алоҳида чудо мекунанд. Абрҳои дохили массавӣ ва фронталиро фарқ мекунанд. Сарчашмаи ҳосилшавии абрҳои дохили массавӣ бо массаи ҳавои яктаркиба ва фронталӣ бошад, бо ҷараёнҳои байнисарҳадии массаи ҳаво алоқаманд аст. Дар массаҳои ҳавои ноустувор абрҳосилшавӣ ба конвектсияи баланд ва ноустувор будани стратификатсия алоқаманд аст (расми 32). Ба ҳисоби миёна суръати ҳаракати ҳавои боло бароянда ба 3-6 м/сония ва дар баъзе ҳолатҳо ба 10-20 м/сония баробар аст.
Ҷараёни ҳосилшавии абрҳо шакли берунии онҳоро ташбеҳ медиҳад, мисол шакли анбӯҳдошта. Шакли анбӯҳдошта метавонад инкишоф ёфта, ба шакли боронии анбӯҳ гузарад. Ин гузариш ба он вобаста аст, ки дар қисми болоии абрҳо булӯрчаҳои ях пайдо мешаванд. Ин бошад ба дигаршавии шакли фавворавӣ ва пайдошавии сохтори нахии он сабаб мешавад, ки дар оянда сабаби боронҳои сахт аз абрҳои боронии анбӯҳ мегардад, чунки аз абрхои анбӯх боришот ба амал намеояд