Дар байни асарҳои тоҷикии Алишери Навой қасидаи «Туҳфатулафкор» аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа баландтар меистад. Таърихи навишта шудани қасидаашро Навой дар «Хамсатулмутаҳайирин» ба тариқи зайл овардааст;
«Рӯзе ман дар хидмати он кас (Абдураҳмони Ҷомӣ) будам. Аз ҳар дар сухан мерафт. Дар омади сухан ман «Дарёи аброр» ном қасидаи Хусрави Деҳлавиро аз ҳад зиёд таъриф кардам…».
Ҳам дар он рӯзҳо подшоҳ ба сафари Марв тайёрӣ дида, маро ҳам ҳамроҳи худ бурданӣ шуд. Ман барои иҷозат гирифтан ба пеши он кас (Ҷомӣ) рафтам. Дар вақти баргаштанам аз бағали худ як ҷузъ коғаз бароварда доданд. Кушода дидам, қасидаи «Луҷҷатуласрор», ки ҳамон рӯзҳо дар ҷавоби қасидаи «Дарёи аброр» навишта буданд…
Савор шуда ба роҳ баромадам, то манзил бар болои асп он қасидаро хондам ва дар аснои хониш матлаи (байти аввали) қасидаи «Туҳфатулафкор» ба хотир омад. Баъд аз ба манзил фу- ромадан он матлаъ ба он кас навишта фиристода шуд, ки агар пи- сандад, ишорат кунанд, тамом намоям.
Фақир то ба Марв расидан он қасидаро ба номи он кас тамом карда, ба хидмати он кас навишта фиристодам».
Навоӣ дар қасидаи «Туҳфатулафкор» фикру мулоҳизаҳои си- ёсиву иҷтимоӣ ва панду ахлоқии худро баён кардааст. Дар қасида меҳру муҳаббати шоир нисбат ба аҳли ҳунар, деҳқон ва дармон- дагон ҳис карда мешавад ва дар баробари ин дар бораи шоҳону ҳокимони золим бо нафрату адоват сухан меронад:
Хоҷа Дил Дар ваҷҳу сар афканДа пеш аз фикри хуД,
СаДр[1] аз баҳри тамаъ биншаста чашме бар Дар аст.
Дар байти боло Навоӣ намояндаи ду табақаи ҷамъиятро бо ҳам муқобил гузошта, хислатҳои ҳар кадоми онҳоро нишон дода мегузарад. Хоҷа – марди фақир, меҳнаткаш буда, дар фикри хеш банд аст. Вале садр – ҳоким, соҳибмансаб ҳамеша чашмаш ба дар интизори чизе ё касест.
Шоир воизонро ба зери тозиёнаи танқид гирифта мегӯяд, ки фарқи онҳо аз дигар тамаъкорон танҳо дар он аст, ки воизон бо- лои минбару онҳо поёни минбаранд:
Воизу томеъ[2] [3] гаДои нон буваД, фарҳаш кам аст,
К-ин ба зери минбар омад, он фарози минбар аст,
Тухми расвоӣ ДиҳаД бар Донаи тасбеҳи зарк?,
Оре, оре, Дона ҷинси хешро боровар аст.
Навой шоҳи золимро ба хук ва одилро ба марди деҳқон ташбеҳ намуда, аз санъати тазод ва муқобала ба хубй истифода бурдааст:
Золиму одил на яксонанд дар таъмири мулк,
Хук Дигар Дар шиёри[4] милку деҳцон Дигар аст.
[1] Садр – мансабдор, болонишин.
[2] Томеъ – тамаъкор, ҳарис.
[3] Зарқ – фиреб, найрангбозӣ, макр, ҳила.
[4] Шиёр – замини шудгоршудаву палкашида.