Главная / Варзиш / ТУБИ ДАСТИ

ТУБИ ДАСТИ

ТУБИ ДАСТИ

(дар бораи техникаи бозй)

Хонандагони синфҳои боло амалҳои гуногуни техникӣ ва тактикиро аз худ мекунанд: додан ва доштани туб дар ҳаӣати сенафара, ҳаракати мукобил, ҳаракати 8-нафара, додан ва доштани туб дар ҳолати кафо ҷаҳидан аз маӣдонча. чаҳиш аз мавкеи такягоҳӣ бо муқобилиятнишондиҳии ҳимоятгар, ҳифзи ҳимоятгар, ҳифзи ҳудуд ва гаӣра.

Машки амалҳои теҳникӣ ва тактикиро бо тубҳои стандартии гандболӣ ё туби оддии резинӣ (андозааш таҳминан ба он баробар аст), ки гузаро- нидан мумкин аст.

Додан ва доштани туб дар хайати сенафара

Вобаста ба мавкеи ишголкардаи бозингар тарзҳои гуногуни теҳникӣ ва тактикиро аз ҳуд мекунанд: додан ва доштани туб аз китф аз боло. аз поён, аз паҳлу, ба пеш, ба кафо, ба дасти кат ва дарозкарда. Тарзи асосии додани тӯб – бо дасти кат аз боло мебошад. Дар ин сурат як поӣ ба пеш гузошта шуда. вазни бадан ба ҳар ду поӣ баробар таксим мешавад, бадан андаке ба тарафи дасти тӯбдиханда моил аст. Дасти то оринҷ катшуда ба кафо гардонида шудааст, китф дар оҳир шакли уфукиро мегирад. панҷа ру ба боло бардошта мешавад. китф овезон аст. Дасти озод то оринҷ кат ва то сатҳи сина боло бардошта шуда, cap ба суи тубпарто гардонда
шудааст. Ҳангоми иҷрои тӯбпартой тан ба пеш дода мешавад. Вазни бадан ба пои ҷап, ки рост шудааст. мегузарад. Дасти тӯбпарто тӯбро ба самти дахлдор равон мекунад.

Додан ва доштани туб бо ҷахидан аз майдонча

Дар он сурат истифода мешавад. ки агар яке аз харифон дар мавкеи кулайтар бошад хам. вале хариф ба тубпартоии у халал мерасонад. Дар ин сурат у як харакати фиребдиханда мекунаду баъд бо як ҷаҳиш аз майдонча тубро ба шарики худ мефиристад. Ин усул барои аз тарафи дарвозабон гардонидани туб басе душвор мебошад. зеро вай самти пар- вози тубро ба хисоб гирифта наметавонад.

Тубпартой аз мавкеи такягоҳ бо мукобилиити химоятгар

Тубпартой ба нишон низ ба мисли ба рафиқ додани туб иҷро карда мешавад. Яке аз навъхои асосии он бо дастони қатшуда аз боло хаво додани тӯб мебошад. Тӯбпартой аз тӯбдихй бо суръати баланд ва не- рунокии худ фарк мекунад. Ҳдргуна тӯбпартой ду давраи иҷро дорад (расми 53).

Якум-давраи тайёрй. Дар ин давра ҳӯҷӯмқӯнанда бо харакатхои фиребдихандаи худ химоятгарро ба ягон амали ҷавобй водор месозад.

53
Амалҳои ҳимоя аз дошта гирифтани туб, задан ё гирифтани туб ҳангоми ба бозиандозй ва ҷдҳишҳои мамнуъгузорй иборат аст.Дуюм – давраи партофтани туб. Дар ин давра хуҷумкунанда зуд ба тарафи дигар руй оварда. гайричашмдошти химоятгар тубро ба самти дигар хаво медихад. Дар хама холатхо хӯҷумқӯнанда дар вакти тубпартой муно- сибати харифро нисбат ба амали худ бояд ба назар гирад. Ноҷунбон истода- ни химоятгар ин хам му- носибат аст. Дар ин холат давраи аввали тубпартой худ аз худ ба давраи дуюм мегузарад (бе ҳаракати иловагй) ва туб ба самти химоянашуда равон карда мешавад.

Дошта гирифтан бо баромади ҳимоятгар аз қафо ё аз паҳлуи хучумкунанда иҷро карда мешавад.

Онҳо ҳангоми тӯбпартоии тарафайн ё ҳангоми ҳаракат аз ҳисоби тайёр будан барои дошта гирифтани тӯб ва ҳис кардани амалҳои ҳуҷумкунандагони тарафи муқобил иҷро карда мешаванд. Амалиёти фаъолонаи ҳимоятгарон тубдиҳиро душвор мегардонад ва барои дошта гирифтани туб душвориҳоро пеш меоранд. Ҳимоятгар тавассути сари вакт ҷаҳидан метавонад аз ҳуҷумкунанда пеш гузарад ва туби дар ҳолати ҳаракат додашударо дошта гирад.

Задан ё гирифтани тубро ҳангоми бурдани туб бо даст дар наздикии бозингари баранда иҷро мекунанд. Аз ҳисоби парвози пасти туб ҳангоми аз майдонҷа баромадани он тубро бо панҷа паҳш мекунанд ё зада дур меандозанд ё онро ба тарафи дигар меронанд. Ҳангоми зада дур андоҳтани туб ҳимоятгар аз паҳлуи ҳуҷумкунанда ҷойгир аст. Дар сурати гирифтани туб ҳимоятгар аз кафои ҳӯҷумкӯнанда меояд. Шарти зарурии бомуваффакият гузаронидани кабули туб амали гайриҷашмдошт мебошад.

Дар бораи тактикаи бозй

Ҷойивазкунии тарафайн. Яке аз амалҳои одитарини тактикаи гӯрӯҳии бозии байни се нафар мебошад. Ҷойивазкунии тарафҳо бо максади таъ- мин намудани имконият барои ҳамла оавардани яке аз ҳуҷумкунандагон аз масофаи дур иҷро карда мешавад. Дар назди ҳӯҷӯмкӯнанда бо туб ҳамеша ҳимоятгар меистад. Бинобар ин барои ҳуҷум овардан ба дарво- за ҳамлакунанда гуё, ки аз ҳимоятгар мегуреҳта бошад, ба суи дарвоза мешитобад. Вале ҳимоятгар низ аз паси у меравад. Ҳуҷумкунанда дар вазъияти нокулай мемонад, бинобар ин тубро ба ҳарифаш медиҳад. Ҳариф низ ба ҷое, ки аз он бозингар ва ҳимоятгар рафта буданд, мешитобад. Ҷунин амалро ҷойивазкунии ҳарифон меноманд.

Хифзи ҳимоятгар

Ҳифзи ҳимоятгар имконият медиҳад, ки дар ҷои бозй афзалияти шуморавй ба вуҷуд оварда шавад. Вазифаи асосии ҳифзи минтакавй пешгирй намудани ҳуҷум ба дарвоза мебошад. Ҳимоятгарон дар ҷойҳои барои муҳофиза ҷудошуда ҷойгиранд, ҳамдигарро ҳимоя мекунанд. Ҳимоятгарон, одатан дар як ё ду катор ҷой мегиранд.

Ҳдмлаи зиддиҳамлавй дар мавридҳое гузаронида мешавад, ки тимногаҳон тубро ба даст меоварад ва ҳариф ҳануз ба мудофиа омода нашуда бошад. Ин гуна ҳамларо бо як нафар бозингар. гуруҳй бозинга- рон ё ба тамоми ҳайати тим гузаронидан мумкин аст.

Дар вақти ҳуҷуми зиддиҳамлавй як қатор тубпартоиҳои ниҳонй гуза- ронида мешавад: бо дасти катшуда аз боло ва аз паҳлу ба кафо, бо дасти дарозкардашуда аз поён ба кафо. Ҳдмлакунанда андаке ҳам шуда, тубро ба ҳаво медиҳад ва бо ҳамин восита ҳимоятгарро барои монеъ шудан ба ҳамлаи ҳариф даъват менамояд. Дар ин ҳолат вазни асосии бадан ба як тараф мегузарад, дасти тубдораш андаке аз кафо ва болои cap мегузарад. Амал бо саҳт ҳаво додани туб ба дарвоза ба оҳир мерасад.

Ҳамлаи зидди ҳамла аз амалҳои пурмаҳсул аст, бинобар ин барои мустакилона такмил додани маҳорати бозингарй вай аҳамияти муҳим дорад. Бозингарон дар вакти машк намудани амалҳои ҷудогонаи он на факат теҳникаи бозиро ҳуб дарк мекунанд, балки сифатҳои ҷисмонии ҳудро низ такмил медиҳанд.

Пеш аз он, ки ба ҳамлаи зидди ҳамла шурӯъ намоед, дуруст ва бо маҳорат иҷро намудани амалҳои алоҳидаи онро, ки асосй бозии зиддиҳамларо ташкил медиҳанд, бояд аз ҳуд намоед. Барои бедор наму- дани ҳавас ба ҷунин машк онро бо усули мусобика гузаронидан беҳтар аст: ду гуруҳй бозингарон тубро дар алоҳидагй паи ҳам ба як тараф ва тарафи дигар мефиристанд.

Машкхо барои такмили техникаи бозй

Додан ва гирифтани туб дар гуруҳй сенафара

Инфиродй: Ба девор ҳаво додани туб (росто аз ҷой, баъд дар ҳолати ҳаракат) ва дошта гирифтани он. тадриҷан баланд бардоштани суръати тубпартой;

Ҳдмон машк. вале ба гардиш ба 360° баъди ҳаво додан, иҳтисори масофа ва афзун намудани неруи тубпартой (аз аввал бо барҳурди туб аз девор ва аз замин, баъд бо барҳурди он факат аз замин).

Машқҳо ва дигар амалҳоро бо навбат ба ҳар ду даст бояд ичро намуд. Барои устувор гардонидани малака бо рафиқон гузаронидани мусобиқаҳо фоидаовар аст. Мусобиқаҳоро дар масофаҳои 3-6 м ва дар 10-20 сония кӣ бештар туб мепартояд. гузаронидан мумкин аст.

Додани туб ва доштани онро дар гуруҳӣ сенафарон бо ҳаракате, ки ба ҳучум монанд аст. бояд гузаронд. Нақшаи чоӣивазкунии бозингарон ва тӯбдиҳиро метавон бе чоӣивазкунӣ ва бо чоӣивазкунӣ гузаронд:

  1. Бозингарон рост ҳаракат мекунанд. аммо тубро аз руи чадвали 1-2-3-1 ва г. медиҳанд;
  2. Бозингарон ба як самти умумӣ роҳравон чоӣ иваз мекунанд ва тубро аз руи чадвали 1-2-3-2 ва ғ. ба ҳамдигар медиҳанд, аммо самти ҳучумро маҳдуд наменамоянд.

Барои устувор гардонидани малака дар баӣни бозингарони алоҳидаи сегона мусобиқаҳо гузаронида мешавад. Шарт ин аст. ки масофаи дода- шударо (20-30-40 м.) бо микдори мукарраршудаи тубдиҳӣ ва чоӣивазкунӣ кӣ зудтар таӣ мекунад.

Додан ва доштани тӯб бо чахиш аз майдонча дар бозиҳое истифода бурда мешавад, ки бевосита ба шарики ҳуд додани туб, бинобар зиёд будани ҳавфи аз тарафи мӯқобил дошта гирифтани он, душвор мебошад. Яке аз муҳимтарин кисми кабули туб дошта гирифтани он мебошад. Ин усулро дар танҳоӣ, дукаса ва секаса метавон аз ҳуд намуд.

Инфиродй: Ба девор ҳаво додани туб, дошта гирифтани он баъди барҳурдан ба замин ва паридани он (дошта гирифтани туб ҳарчи бештар бояд ба лаҳзаи аз замин паридани туб наздик бошад).

Такрори амали боло, вале дар як вакт бо ду даст дошта гирифтани туб, тадричан кам кардани масофаи тубпартоӣ; ба боло ҳаводиҳии туб (то ҳадди имкон) ва дошта гирифтани он дар вакти чаҳиш.

Дукаса: аз чоӣ ба ҳамдигар додани туб ва ҳангоми аз замин паридан ва дар баландиии то миён (зону) дошта гирифтани он: такрори амали боло, вале бо чоӣивазкунӣ (параллелӣ. руӣ ба руӣ); ба масофаҳои кутоҳ, миёна ва дур тез ҳаво додани туб (талафоти кӣ камтар).

Секаса: аз чоӣ додани туб ба ҳимоятгар дар баӣни ҳучумқӯнандагон. Такрори амали боло, вале дар ҳолати дар ҳаракат будан бо бурдани туб (ба микдори тубдиҳӣ дар 20-30 сонияи мӯқарраршуда). Мусобиқаи се- каса: кадоме аз ҳимоятгарон ба ду нафар ҳучумкунанда имкон медиҳад.
ки камтар тӯбро ба якдигар диҳанд. Бозиҳо «Зарбаи аниқ». «Ба туб рас», «Ҳарифро пайгирӣ намо». Машқҳои махсус, эстафетаҳо «Нишони чӯнбанда», «Кй дӯртар ҳаво медиҳад?», «Кй бештар тӯб мепартояд?» «Шикорчиён ва зогҳо» ӯнвон доранд.

Инчунин кобед

БОЗИҲОИ ВАРЗИШЙ

БОЗИҲОИ ВАРЗИШЙ Бозиҳои варзишй аз чиҳати таъсирнокй яке аз воситаҳои асосии инкишофи руҳияи инсонанд. Машкҳои …