Главная / Илм / УҲДАДОРИҲОИ ОМӮЗГОР, МАҚОМОТИ ДАВЛАТЙ, МУАССИСА ВА ДИГАР ТАШКИЛОТҲОЕ, КИ МАСЪАЛАҲОИ ВОБАСТА БА ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАКРО ТАНЗИМ МЕКУНАНД

УҲДАДОРИҲОИ ОМӮЗГОР, МАҚОМОТИ ДАВЛАТЙ, МУАССИСА ВА ДИГАР ТАШКИЛОТҲОЕ, КИ МАСЪАЛАҲОИ ВОБАСТА БА ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАКРО ТАНЗИМ МЕКУНАНД

Дар асоси қонун масъалаҳои вобаста ба таълиму тарби- яи кӯдак аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, яъне мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маориф ва илм, фарҳанг, тандурустӣ, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, оид ба корҳои дин, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳои соҳавӣ танзим карда меша- ванд (моддаи 11).

Яке аз мақомоти давлатие, ки ба татбиқи қонуни маз- кур ваколатдор шудааст, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳо- кимияти давлатӣ мебошад. Мақомоти мазкур тибқи қисми 3-юми Низомномаи мақомоти васояту парасторӣ, ки бо Қа- рори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11-уми марти соли 2000 таҳти № 98 тасдиқ шудааст, «кӯдаконеро, ки бе парас- тории падару модарон мондаанд, муайян намуда, онҳоро ба қайд мегирад ва бо дарназардошти ҳолатҳои мушаххаси маҳрум шудан аз парастории волидон усули ҷобаҷосозии кӯдакони бе парастории волидон мондаро интихоб мена- мояд ва ҳамчунин, назорати минбаъдаи шароити таъминот, тарбия ва таълими онҳоро таъмин менамояд».

Мақомоти шаҳрак ва деҳот низ дар ин самт як қатор ва- колатҳоро амалӣ менамоянд. Аз ҷумла, тибқи банди 11-и Низомномаи мақомоти васояту парасторӣ, мақомоти иҷро- ияи маҳаллии ҳокимияти иҷроия (ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷамо- атҳои шаҳрак ва ҷамоатҳои деҳот) аз рӯзе, ки ба онҳо дар бораи зарурати муайян намудани васоят ё парасторӣ маъ- лум шудаст, на дертар аз як ҳафта оид ба муқаррар ва таъ- йин намудани васӣ ё парастор қарор қабул менамоянд.

Давлат барои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла суд, прокуратура, мақомоти корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар мақомотро низ ваколатдор намудааст. Суд ҳангоми баамалбарории адола- ти судӣ, ҳангоми баррасии парвандаҳое, ки ба ҳуқуқу ман- фиатҳои кӯдакон дахл доранд, ҳатман ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро ҳифз менамояд.

Вазорати корҳои дохилӣ дар раёсату шуъбаҳои худ сох- тори алоҳида доир ба кор бо ноболиғон дорад. Дар мақо- моти прокуратура низ доир ба ноболиғон кормандони масъул фаъолият доранд. Умуман, мақомоти мазкур дар ин самт на танҳо ҳуқуқи кӯдаконро ҳифз менамоянд, инчунин, корҳои пешгирӣ, фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотиро низ анҷом медиҳанд.

Мақоми дигаре, ки дар моддаи тафсиршаванда номбар шудааст, Вазорати маориф ва илм мебошад. Вазорати ма- ориф, илм ваколатҳоеро амалӣ менамояд, ки ба таълими кӯдакон дахл доранд. Дар низоми мақомоти маориф беш- тар муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти маҳаллии идораи маорифи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо бо кӯдакон сару кор мегиранд.

Мақоми дигари давлатӣ, ки ҷиҳати назорати фаъолияти кории ноболиғон ваколатдор аст, Вазорати меҳнат ва шуғ- ли аҳолӣ мебошад. Кор кардани шахсони ноболиғ (аз син- ни 15-солагӣ ва бо розигии падару модар дар вақтҳои берун аз дарс аз синни 14-солагӣ) тибқи қонунгузорӣ иҷозат дода шудааст, аммо набояд ба саломатии онҳо зараровар бошад. Тамоми ноболиғон баъди муоинаи тиббӣ ба кор қабул шуда метавонанд (м. 174-и Кодекси меҳнат ).

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин самт ваколат- дор мебошанд.

Тибқи моддаи 12 қонун уҳдадориҳои ду гурӯҳи субъект- ҳое муайян карда мешаванд, ки масъалаҳои таълиму тар- бияи фарзандро танзим менамоянд. Аввалан уҳдадориҳои мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳо ва сони- ян, уҳдадориҳои омӯзгорро.

Тибқи сархати якуми моддаи мазкур мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳо уҳдадоранд, ки ба раванди таълиму тарбия дар низоми таҳсилоти умумӣ ва иловагӣ му- соидат намоянд.

Таҳсилот – раванди муттасили таълиму тарбия, ки ба инкишофи маънавӣ, зеҳнӣ, фарҳангӣ, ҷисмонӣ ва салоҳия- ти касбии шахс равона карда шудааст. Таҳсилоти иловагӣ раванди тарбия ва таълимие мебошад, ки дар асоси бар- номаҳои таълимии иловагии ҳамаи сатҳҳо бо мақсади ҳа- маҷониба қаноатманд гардонидани талаботи маърифатии шаҳрванд, ҷамъият ва давлат сурат мегирад (м. 2-и Қонуни ҶТ «Дар бораи маориф»).

Барои ба ин ҳадаф расидан зарур аст, ки мақомоти дав- латӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки бо таълиму тарбия алоқаманданд, бо падару модар якҷоя фаъолият намоянд.

Ҳаёти солим ба раванди дурусти таълиму тарбия таъсир мерасонад ва барои ҳамчун фарди пешқадам ба воя расида- ни кӯдак мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, дастгирии кӯдакони болаёқат ва таблиғи тарзи ҳаёти солим яке аз уҳдадориҳои мақомоти давлатӣ муассиса ва дигар ташкилотҳое, мебо- шад, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро танзим мекунанд.

Тадбирҳои муҳимми давлатӣ бе кумаку дастгирии бево- ситаи аҳли ҷомеа, аз ҷумла падару модарон ва азми қавии онҳо ба ҳадди дилхоҳ ва самарабахш намерасанд[1]. Аз ин рӯ, ҷалби васеи аҳолӣ ба масъалаи пешгирӣ кардани ҳуқуқвай- ронкунӣ зарур аст. Яке аз усулҳои ҷалби аҳолӣ ба пешги- рии ҳуқуқвайронкунӣ ҳавасманд намудани онҳо аз тарафи субъектҳои масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак- ро танзимкунанда иборат аст. Аз ҷумла кӯдаконе, ки дар

пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо саҳм гузоштаанд, бояд ҳавас- манд карда шаванд. Ин ҳавасмандгардонӣ метавонад дар шакли бо раҳматнома ё ифтихорнома сарфароз гардонидан, туҳфаи хотиравӣ ва монанди инҳо амалӣ гардонида шавад.

Ҳамзамон бо ин, қонунгузор нисбати падару модаре, ки ҳуқуқу уҳдарориҳои худро дар таълиму тарбияи фарзанд муваффақона иҷро менамоянд, истифодаи ҳавасмандгар- донии моддӣ ва маънавиро пешбинӣ кардааст. Дар ин самт низ ҳавасмандгардонӣ дар шакли бо раҳматнома сарфароз гардонидан, тақдими туҳфаи хотиравӣ, мукофотонидан бо маблағ, дар воситаҳои ахбори омма интишор намудани ма- вод оид ба фаъолияти намунавии падару модар ва монанди инҳо амалӣ шуданаш мумкин аст.

Баъзан кӯдакон (фарзандон) ба кирдорҳои ношоям ва ди- гар ҳуқуқвайронкуниҳо даст мезананд. Бинобар ин, қонун- гузор субъектҳои ба масъалаҳои таълиму тарбия масъул, аз ҷумлаи мақомоти давлатӣ, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо- ро уҳдадор кардааст, ки доир ба пешгирии ҳуқуқвайронку- ниҳо аз тарафи кӯдакон тадбирҳо андешанд. Ҳамчунин, аз ҷониби қонунгузор муқаррар гардидааст, ки дар ҳолати аз тарафи падар ё модар риоя нагардидани талаботи оинномаи муассисаи таълимӣ ва уҳдадориҳое, ки тибқи қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи онҳо гузошта шудааст, мақомоти давлатӣ, муас- сиса ва дигар ташкилотҳои бо таълиму тарбия алоқаманд метавонанд бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намоянд. Мисол, агар па- дару модар (ё яке аз онҳо) дар давоми шаш моҳи баъди ба- ромадаи ҳалномаи суд дар бораи бе маҳрум намудани онҳо аз ҳуқуқи падару модарӣ рафтори ношоями худро ислоҳ на- кунанд, мақомоти васояту парасторӣ вазифадоранд, ки дар хусуси аз ҳуқуқи падариву модарӣ маҳрум кардани онҳо ба суд даъво пешниҳод намоянд (қисми 2-и моддаи 73 КО ).

Сархати 7 ва сархатҳои минбаъдаи қисми 1-и моддаи 12 ташкили дигар чорабиниҳоро доир ба масъалаҳои тарбияи кӯдак ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла бо мақсади расонидани кумаки педагогӣ, равонӣ ва методӣ ба пада- ру модар гузаронидани «Рӯзҳои падару модар»-ро ҳамчун уҳдадории бевоситаи мақомоти давлатӣ, муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки бо таълиму тарбияи кӯдак сарукор доранд, пешбинӣ менамоянд. Муассисаҳои таълимӣ низ уҳдадоранд, ки бо падару модар ҳамкорӣ намоянд. Чунин ҳамкорӣ дар шакли гузаронидани суҳбату вохӯриҳо бо падару модар, ши- носоӣ бо манзили зист ва ҷойи дарсхонии кӯдак, расонидани усулҳои гуногуни кумаки педагогӣ, равонӣ ва методӣ ба па- дару модар ифода меёбад.

Қисми 2-и моддаи мазкур уҳдадориҳои омӯзгорро оид ба тарбияи кӯдак муқаррар менамояд. Бояд гуфт, ки уҳда- дориҳои омӯзгор оид ба таълиму тарбияи кӯдак мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф муқаррар карда мешаванд. Мувофиқи моддаи 41-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», кормандони соҳаи омӯзгорӣ вазифадоранд, ки азхудкунӣ ва иҷрои бар- номаҳои таълимиро дар сатҳи талаботи стандартҳои дав- латии таҳсилот аз тарафи хонандагон, тарбиятгирандагон, донишҷӯён, коромӯзон, аспирантҳо ва ғайраҳо таъмин на- моянд; ба рушду инкишофи қобилияти тарбиятгирандагон, хонандагон ва донишҷӯён мусоидат намуда, онҳоро дар рӯҳияи эҳтиром ба падару модар, ҳамсолон, насли калонсол, арзишҳои фарҳангию миллӣ, таърихӣ ва рамзҳои давлатии Тоҷикистон тарбия кунанд; хонандагонро дар рӯҳи муно- сибати эҳтиёткорона ба сохти давлатию иҷтимоӣ, расму оинҳо, муҳити зист тарбия намоянд; одобу ахлоқи омӯзго- риро риоя намоянд, ҳуқуқ ва қадру эътибори кӯдак, хонанда ва донишҷӯро эҳтиром кунанд; кӯдакону наврасонро аз аъ- моли зӯроварии ҷисмонию рӯҳӣ ҳимоя намоянд, дар бобати пешгирӣ кардани истеъмоли машрубот ва моддаҳои нашъа- овар кор баранд; сатҳи маърифати худро баланд бардоранд.

Ҳангоми аз таълиму тарбия дур мондани кӯдак ва ба амали номатлуб даст задани ӯ, инчунин, дар мавриди му- айян кардани ҳолатҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии кӯдак таҳ- дид менамоянд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ низ уҳдадоранд, ки мақомоти дахлдори давлатиро огоҳ созанд. Ҳамин тавр, моддаи мазкур уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдак муқаррар менамояд.

Ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдак аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ комилан ба манфиати ҷомеа ме- бошад, зеро кӯдак бунёдкунандаи ояндаи ҷомеа аст. Масъа- лаи аз таълим дур мондани кӯдак ва ба амали номатлуб даст задани ӯ ё ҳолатҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии кӯдак таҳдид менамоянд, бояд барои ягон шахс бетафовут набошад, зеро чунин ҳолат метавонад бар зарари ҷомеа, тартиботи ҷамъи- ятӣ ва ҳаёту саломатии дигар аъзои ҷомеа бошад. Аз ин рӯ, тибқи моддаи 13 қонун шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадор карда мешаванд, ки мақомоти дахлдори давлатиро оид ба ҳолатҳои мазкур огоҳ намоянд. Дар зери мафҳуми «шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» шаҳрвандони Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрвандӣ, муассисаю ташкилотҳо ва дигар шахсони ҳуқуқие дар назар дошта мешаванд, ки оид ба ҳолатҳои зикргардида маълумот доранд. Ба ин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ омӯзгорон, мураббияҳо, духтурон, фаъо- лони маҳалла, шахсони мансабдори муассисаҳои таълимии томактабӣ, муассисаҳои маълумоти умумӣ, муассисаҳои та- бобатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва дигар муассисаҳо дохил ме- шаванд. Бояд зикр кард, ки дар зери мафҳуми аз таълим дур мондан, пеш аз ҳама, ба мактаб нарафтани фарзанди ба синни мактабӣ расида дар назар дошта мешавад. Барои ба мактаб нарафтани кӯдакон омилҳои гуногун, аз қабили мо- неъ гардидани падару модар, камбизоатӣ, бемасъулиятию бепарвоӣ ва монанди инҳо таъсир мерасонанд. Аз тарбия дур мондани кӯдакон бошад, ин фориғболӣ ва бемасъулия- тии падару модар ва шахсони ивазкунандаи онҳо нисбат ба кӯдакон мебошад, ки дар натиҷа фарзандон бетарбия мемо- нанд. Барои аз тарбия дур мондани кӯдакон омилҳои паст будани сатҳи маърифати педагогӣ ва маърифати ҳуқуқии падару модар, надонистани меъёрҳои таълиму тарбия, таъ- сири манфии муҳит ва монанди инҳо таъсир мерасонанд.

Ба амалҳои номатлуб даст задани кӯдак аз рафтори но- матлуби зиддиҷамъиятӣ, ба монанди муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромӣ, рафтори зиддиахлоқӣ, истифодаи суханони қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯчаҳо, хи- ёбонҳо, майдонҳо, муассисаҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳҳо, манзили зист, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ, воситаҳои нашъадор ва моддаҳои пси- хотропӣ, маҳсулоти тамоку, маводи сахттаъсир, оворагардӣ, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ навиштан, ифлос намудан ва расони- дани зарар, шикастани панҷараҳо, санги болои қабрҳо, ҳай- калҳо, нимпайкараҳо ва дигар ёдгориҳое, ки дар оромгоҳҳо ва ҷойҳои таърихию фарҳангӣ мавҷуд мебошанд, инчунин, аз риоя накардани қоидаи рафтор дар мактаб, ки ҷараёни таъ- лиму тарбияро халалдор менамояд, иборат буда метавонанд.

Ба ҳолатҳое, ки ба саломатии кӯдак таҳдид менамоянд, нашъамандӣ, майзадагӣ, истеъмоли маҳсулоти тамоку, ма- води сахттаъсир, намудҳои варзиши ба синну соли кӯдак номувофиқ, ки ба ӯ зарар мерасонанд, истисмори меҳнати кӯдакон ва ғайра мансуб дониста шуданашон мумкин аст.

[1] Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», 14 декабри соли 2010, Душанбе, 2010. С.3.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …