Главная / Илм / ҲУҚУҚ БА ДИГАР ОБЪЕКТҲОИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНИ

ҲУҚУҚ БА ДИГАР ОБЪЕКТҲОИ МОЛИКИЯТИ ЗЕҲНИ

КАШФИЁТ

Нақши махсусро дар рушди раванди илму техника, ки ҳамчун дарки мунтазами қувваи табиат (кашфиёт) ва исти- фодабарии дониши даркшуда (ихтироот) баррасй мегардад, таҳқиқотҳои бунёдй ташкил медиҳанд. Онҳо пурра дар бо- раи муҳити моддии моро иҳотакунанда дониши нав медиҳанд, балки асос барои ба вуҷуд овардани воситаҳои нави таъсиррасонӣ ба табиат мебошанд. Натиҷаи муҳимта- рини татқиқотҳои бунёдӣ кашфиёти илмӣ мебошанд.

Мафҳуми кашфиёт гуногунмаъно аст, чунки дар адаби- ётҳои махсус барои ифодаи мафҳумҳои аз рӯи мазмун ва ҳаҷми гуногун истифода мегардад. Аз ин рӯ, дар зери ма- фҳуми кашфиёт донишҳои нави илмӣ, ки ҳалли вазифаҳои амалии мушахасро дар худ ифода менамояд, фаҳмида меша- вад. Аксаран мафҳуми кашфиётро танҳо дар натиҷаи таҳқиқоти илмиву назариявӣ, ки ба доираи донишҳои муа- йян маҳдуд намегардад, алоқаманд медонанд. Дар маҷмӯъ, зери мафҳуми кашфиёт одатан ошкорнамоӣ, муқарраркунии он донише, ки ба таври мушахас вуҷуд дорад, вале пештар вуҷуд надошт, фаҳмида мешавад. Яъне ин мафҳум бо тафак- кур алоқаманд буда, аз як тараф дар шакли дарки раванди илмӣ ва аз тарафи дигар натиҷаи боэътимоди он мебошад. Эътирофи кашфиёт ҳамчун объекти кҳуқуқи гражданӣ муҳим аст. Мафҳуми кашфиёт, ки дар қонунгузории гражда- нии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст ва аз рӯи ҳаҷм нисбат ба мафҳуми дар илм истифодашаванда маҳдуд мебошад.

Қонунгузорӣ кашфиётро ҳамчун муқарарнамоии қону- ниятҳои мавҷудаи воқеии пештар номаълум, хусусият ва ҳо- дисаҳои дунёи моддӣ, ки тағйироти моддӣ, ки ба сатҳи та- факкур таъсир дорад, эътироф мекунад. (б. 10 Низомнома дар бораи кашфиёт, ихтироот ва пешниҳодҳои ратсионали- заторӣ аз с. 1973). Чунон, ки мебинем мафҳуми расмии кашфиёт танҳо ба доираи илмҳои табиӣ (дарки дунёи моддй) алоқаманд дониста, ба объектҳои эҳтимолии кашфиёт (ҳоди- са ва хусусияти қонунияти дунёи моддӣ) ишора карда меша- вад. Мазмуни кашфиётро муқарарнамоӣ, даркнамоӣ ва ошкорнамоии объектҳои зикршуда ташкил медиҳанд. Дар ин мафҳум нишонаҳои таснифкунандаи (маҳакҳои ҳифзи ҳуқуқӣ) ин ҳодисаҳо, хусусиятҳо ва қонуниятҳои дунёи моддӣ, ки метавонанд ба сифати кашфиёт пешниҳод шаванд ишора карда мешавад. Такмили мафҳум ва амалияи татбиқи он имконият медиҳад ки чунин нишонаҳои кашфиёти илми- ро аз ҳам ҷудо намоем.

Кашфиёт – ин муқарарнамоии омилҳои илмии намуди муайян, яъне ҳалли вазифаи тафаккур аст. Кашфиёт – дарки дунёи моддиро васеъ ва амиқ менамояд ва донишҳои навро дар бораи воқеият пешниҳод менамояд. Дар таркиби он пеш аз ҳама дониш дар бораи мавҷудияти объекти муайян ворид мегардад. Дар як қатор мавридҳо, дар мазмуни маҳаки бар- расишаванда натанхо мукаррарнамоии ин ё он омил, балки тахлили илмии он дохил мешавад.

Кашфиёт ҳамчун ҳалли вазифаи тафаккур дар ошкор- намоии объектҳои мавҷуда, зарурӣ ва такрорёбандаи дунёи моддӣ мебошад. Аз ин ру, ҳифзи ҳуқуқӣ ба кашфиётҳои ҷуғ- рофӣ, геологӣ, палеонтологӣ, инчунин кашфи сарватҳои та- бии паҳн намегардад. Кашфиёт дар соҳаҳои илмӣ ҳифз наме- гардад. Дар баробари ин воқеияти онҳо ба таври объективӣ наметавонад санҷида шаванд. Танҳо дар амалияи ҷамъиятӣ онҳо таҳлил ва муқаррар мегарданд.

Нишонаи баррасишаванда-ҳалли вазифаи тафаккур, имконият медиҳад, ки кашфиётро аз дигар объектҳои моли- кияти зеҳнӣ ҷудо намоем. Дар фарқият аз ихтироот, кашфи- ёт воситаи мушаххаси расидан ба мақсади амалӣ (ҳалли ва- зифаи техникӣ) аст. Кашфиёт ҳамчун натиҷаи даркнамоӣ, худ ба худ дорои арзиш, новобаста аз имкониятҳои бевоси- таи истифодабарии он мебошад. Кашфиёт танҳо заминаро барои ба вуҷуд овардани воситаи мушаххаси таъсиррасонӣ ба табиат ба миён меорад.

Ба сифати кашфиёт на ҳама натиҷаи илмӣ баромад кар- да метавонад, яъне танҳо он натиҷаи илмие кашфиёт эътироф мекунад.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …