НОМИ ФИРМАВИ
Дар муомилоти гражданӣ дар баробари фардикунонии шахсони воқеӣ, зарурат ба фардикунонии шахсони ҳуқуқӣ низ ҷой дорад. Дар м. 55 КГ омадааст, ки шахси ҳуқуқӣ номи худро дорад, ки дар он ба шакли ташкилию ҳуқуқиаш ишора карда мешавад. Номи шахси ҳуқуқӣ дар ҳуҷҷатҳои таъсисии он нишон дода мешавад. Вале худ ба худ номи шахси ҳуқуқӣ объекти ҳифзи ҳуқуқи моликияти зехнӣ нест, зеро муомило- ти молумулкӣ ба он ниёз надорад. Бинобар ин, на ҳама воси- таҳои фардикунонии иштирокчиёни муомилоти гражданӣ бо қонунгузории моликияти зехнӣ ҳифз мегарданд.
Дар муомилоти гражданӣ шахсони ҳуқуқие иштирок мекунанд, ки ба таври касбӣ мақсадашон ба даст дароварда- ни фоида ва ё имтиёзҳои молиявӣ буда, ба истеҳсоли мол, хизматрасонӣ ва ғайра доимо машғул мебошанд. Дар ин ҷо зарурати мутақобила ба фардикунонии онҳо ба миён меояд: аз як тараф, контрагентҳо, истеъмолкунандагон ва ғайра дар боэътимодии субъекте, ки бо он сарукор доранд, манфиат- дор мебошанд. Беҳуда нест, ки таърихан пайдоиши номи фирмавӣ дар Италиё бо функсияи асосии он, нишондод ба шахсе, ки аз рӯи аҳдҳо масъулият дорад, вобаста буд.
Аз тарафи дигар, худи субъект ҳавасманд ва манфи- атдор аст, ки номи ӯро ба таври муайян бишиносанд ва бо ин ном маъруф шуда, ӯро бо дигар субъектон омехта наку- нанд. Ин омили муҳими ба даст овардани фоида, имтиёз ва РК мебошад. Сарфи назар аз чунин табиати «ихтиёрии» но- ми фирмавӣ, муомилоти муосир талаботи ҳатмиро нисбат ба шахсони ҳуқуқии тиҷоратӣ гузошта, қонунгузории граж- дании Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки чунин шахсон бо- яд номи фирмавӣ дошта бошад. Зарурати доштани номи фирмавӣ танҳо ба шахсони ҳуқуқии тиҷоратӣ дар инкишофи. Ҳамин тавр, қонунгузории граждании ҶТ имконияти доштани номи фирмавиро танҳо нисбат ба шахсони ҳуқуқии тиҷоратӣ пешбинӣ карда, қисми боқимондаи шахсони ҳу- қуқӣ танҳо номи расмӣ дошта метавонанд, ҳарчанд дар ама- лия баъзан бо номи фирмавии шахсони ҳуқуқии ғайрити- ҷоратӣ ва соҳибкорони инфиродӣ низ дучор шудан мумкин аст. Масалан, дар оинномаи муассисаи давлатии «Мудири- яти минтақаи зериобшавандаи Нерӯгоҳи барқи обии Роғун», ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 6 январи с. 2011, № 3 тасдиқ шудааст. Ё ин ки қ. 5 м. 133 КГ ишора ба номи фирмавии ассотсиатсияҳо кардааст.
Қобили зикр аст, ки мафҳуми расмии номи фирмавиро қонунгузории Тоҷикистон пешбинӣ накардааст, вале дар асоси таҳлили низомнокӣ меъёрҳои гуногун ва адабиёти ҳу- қуқӣ чунин мафҳумро пешкаш кардан мумкин аст: номи фир- мавӣ гуфта номеро (ифодаеро) меноманд, ки функсияи фарди- кунонии шахси ҳуқуқии тиҷоратиро дошта ва субъекти маз- кур бо истифодаи он дар муомилоти гражданӣ иштирок ме- кунад. Ҳамин тавр, таъиноти асосии номи фирмавӣ – ин фар- дикунонии шахси ҳуқуқии тиҷоратӣ мебошад, вале ҳамзамон дигар нақшҳоро низ иҷро мекунад (маъруфгардӣ, фоидаи ило- вагӣ ва ғайра).
Танзими умумии номи фирмавӣ дар Тоҷикистон гуза- штаи таърихӣ дорад. Ҳануз дар солхои аввали ҳокимияти шӯравӣ дар КГ ҶШСФР (с. 1922) ва баъдан дар Декрети КИМУ ва ШКХ ҶШСФР муқаррарот оид ба номи фирмавӣ ҷой дошт. Сипас Низомнома дар бораи фирма бо қарори КИМ ИҶШС ва ШКХ ИҶШС аз 22 июни с. 1927 тасдиқ шуд (бо тағйирот аз 17 августи с. 1927), ки амали он дар тамоми ҳудуди собиқ ИҶШС паҳн мегардид.
Азбаски санади мазкур расман бекор нашудааст, дар адабиёти ҳуқуқӣ чунин ақида ҳаст, ки меъёрҳои он дар қисми бо қонунҳои амалкунанда мухолифнабуда, то ҳол амал мекунанд. Чунин ба назар мерасад, ки масъалаи аз амал бозмондани он, бо қабул шудани қ. 4 КГ Русия коми- лан ҳал шуд. Бо дар назардошти қ. 2 м. 7 Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» эҳтимолияти чунин амалро дар Тоҷикистон низ тахмин кардан мумкин аст, ҳарчанд ис- тифода ва ё татбиқи он аз тарафи мақомоти ҳуқуқтатбиқку- нанда ва шахсони ваколатдор мушоҳида намегардад.
Давраи дигари инкишофи танзими ҳуқуқии номи фирмавӣ бо қабул шудани КГ Тоҷикистони шӯравӣ (аз 28 декабри с.1963) алоқаманд аст. Дар м. 29 кодекси мазкур омада буд, ки шахсони ҳуқуқӣ дорои ном буда, ҳуқуқу вази- фаҳои фаъолияти хоҷагӣ, ки бо истифодабарии номи фирма вобастаанд, ки бо қонунгузории ИҶШС муайян карда ме- шаванд. Дар партави он фармонҳои Раёсати Шӯрои Олии ИҶШС низ қабул шуда буданд, ки тартиби номгузории муа- ссиса ва ташкилотро муайян мекарданд.
Давраи минбаъдаи инкишофи қонунгузорӣ дар соҳаи номи фирмавӣ ба қабул шудани санадҳои парокандае, ки масъалаҳои ҷузъиро ҳал мекарданд, хусусиятнок аст. Маса- лан, Қонуни ҶТ «Дар бораи моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 14. 12. 1996с., ба сифати объекти моликияти зехнӣ номи фирмавиро пешбинӣ карда буд (м. 4).
Дар Тоҷикистон, охирҳои солҳои 90-уми асри гузашта кӯшиши қабули санади ягона ҳам шуда буд. Ҳатто лоиҳаи Низомнома «Дар бораи номи фирмавӣ» ва баъдан лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи номи фирмавӣ» омода шуд.[1] Вале бо сабабҳои гуногун ин санадҳо то ҳадди расмӣ нарасиданд. Имрӯз низ бо дар назардошти манфиатҳои танзими он, кӯшишҳои қабули қонуни махсусгардонидашуда мушоҳида мегардад. Аслан таҷрибаи баъзе давлатҳо нишон дода исто- дааст, ки чунин санади ягона дар асл функсияи худашро иҷро карда наметавонад. Масалан, дар Ҷумҳурии Қир- ғизистон ҳануз 23 декабри с. 1999 Қонун «Дар бораи номи фирмавӣ» қабул шуда буд, вале ба ҷойи ҳалли масъала, тан- зими ҳуқуқии онро боз ҳам мушкилтар гардонид.
Ҳарчанд мақсад дар як санад гирдоварии ҳамаи паҳлуҳои танзими ҳуқуқии номи фирмавӣ буд, боз зарурати ҳавола ба дигар санадҳои меъёрӣ пешомад. Аз ин ҷост, ки ин қонун чандон самара надода истодааст. Гузашта аз он, гуза- ронидани санҷиш аз рӯи номи фирмавӣ дар шароити набу- дани манбаи ягонаи иттилоот (мисли объектҳои ҳуқуқи па- тентӣ ва ё то ҳадде нисбат ба тамғаҳои молӣ) мушкил ва но- мумкин буда, кӯшиши татбиқ намудани м. 8 Конвенсияи Па- риж низ бенатиҷа мебошад.
Инчунин санҷиши номи фирмавӣ муҳлати тулониро ги- рифта (дар Қирғизистон он ба 15 рӯз баробар аст), ба ис- лоҳоте, ки дар соҳаи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва содда- гардонии бақайдгирии соҳибкорон дар Тоҷикистон гузаро- нидашуда (низоми «Равзанаи ягона»), бинобар ба вуҷуд омадани монеаҳои нави маъмурӣ, халал мерасонанд.
Бинобар ин, ба андешаи мо, аз қабули санади ягона ди- да, такмили КГ мувофиқи мақсад аст, зеро хоҳем нахоҳем хусусият ва унсурҳое, ки дар номи фирмавӣ бояд ҷойгир ша- ванд, дар санадҳои меъёрии махсус, ки вазъи шахси ҳуқуқии муайянро танзим мекунад, пешбинӣ карда мешаванд. Маса- лан, номи фирмавии ҷамъияти саҳомӣ, номи фирмавии ҷамъияти саҳомие, ки ба фаъолияти бонкӣ машғуласт ва ғайра. Дар акси ҳол аз низоми дузина (КГ-қонунҳои махсус), ҶТ ба низоми сезина (КГ-қонуни махсус-қонуни номӣ) гуза- шта, масъаларо бозҳам мураккаб мегардонад. Ин ақидаҳо ҳаргиз маънои онро надорад, ки ҳолати ҳуқуқҳои номи фирмавӣ имрӯз дар Тоҷикистон дар сатҳи лозима буда, за- рурати коркарди меъёрҳои навро надорад. Сухан танҳо дар бораи самаранокии сатҳи он меравад, ки ба андешаи мо дар доираи КГ мувофиқтар аст. Бо назардошти гуфтаҳои боло, ҳарчанд дар адабиёти ҳуқуқии ватанӣ, баъзан оид ба набу- дани санади меъёрии ҳуқуқие, ки ҳолати ҳуқуқии номи фирмавиро дар Тоҷикистон муайян мекунад, андешаронӣ мешавад, бояд қайд намуд, ки имрӯз маҷмӯи санадҳои меъё- рии ҳуқуқие амал мекунанд, ки дар сатҳи лозима му- носибатҳои мазкурро танзим карда истодаанд. Албатта, агар сухан дар бораи як санаде равад, ки комилан ҳолати ҳуқуқии номи фирмавиро тавонад муайян кунад, чунин андешаҳо ду- рустанд. Инак, низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ҳолати ҳуқуқии номи фирмавиро дар Тоҷикистон муайян мекунанд, чунин гуруҳбандӣ кардан мумкин аст:
1). Қонунгузорие, ки хусусияти универсалй доранд. Ба ин гуруҳ КГ дохил мешавад. Дар КГ як қатор моддаҳое мавҷуданд, ки муносибатҳо вобаста ба номи фирмавӣ, аз ҷумла талабот нисбат ба онро танзим мекунанд. Хусусияти танзими номи фирма дар КГ дар он аст, ки ин қонун ҳам ном ва таркиби номи фирмавӣ, талаботи бақайдгирии он, инчу- нин тартиби истифодаи номи фирмавӣ ва оқибатҳои вайрон кардани ҳуқуқ ба номи фирмавиро пешбинӣ кардааст. Чуноне қайд шуда буд, дар м. 55 КГ омадааст, ки шахси ҳуқуқӣ номи худро дорад, ки дар он ба шакли ташкилию ҳуқуқиаш ишора карда мешавад. Номи ташкилотҳои ғайри- тиҷоратӣ, корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ташкилотҳои дигари тиҷоратӣ бояд ишора ба хусусияти фаъолияти шахси ҳуқуқиро дошта бошад. Ба номи шахси ҳуқуқӣ дохил кардани ишора ба номи пурра ё мухтасари расмӣ (номи давлат), ба унсурҳои аснод ё маводи рекламавии шахси ҳуқуқӣ дохил кардани чунин ном ё унсурҳои рамзи давлатӣ мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати ҶТ иҷозат дода мешавад.
Ном ва маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ дар ҳуҷҷат- ҳои таъсисии он нишон дода мешавад. Шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти тиҷоратӣ мебошад, бояд номи фирмавӣ дошта бошад. Шахси ҳуқуқие, ки номи фирмавии он мувофиқи тар- тиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудааст, барои ис- тифодаи он ҳуқуқи истисноӣ дорад.
Шахсе, ки номи ба қайд гирифташудаи фирмавии шах- си дигарро ғайриқонунӣ истифода мекунад, бо талаби соҳиби ҳуқуқдори номи фирмавӣ уҳдадор аст истифодаи он- ро қатъ карда, зиёни расонидаашро ҷуброн намояд.
Дар баробари ин, як қатор моддаҳои дигар низ мавҷу- данд:
- маълумот дар бораи бақайдгирии давлатӣ, аз ҷумла бақайдгирии ташкилотҳои тиҷоратӣ, номи фирма ба Феҳ- ристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони ин- фиродӣ дохил карда мешавад, ки барои шиносоии умум дастрас мебошад (қ. 1 м. 51 КГ);
- номи фирмавии ширкати комил бояд инҳоро дар бар гирифта бошад: номи (унвони) ҳамаи иштирокчиёни он, ин номи фирмавии ширкати ба боварӣ асосёфта бояд аз номи (номгӯи) ҳамаи шарикони комил ва калимаҳои «шир- кати ба боварӣ асосёфта» ё «ширкати коммандитӣ» ва ё аз номи (номгӯи) на камтар аз як шарики комил бо иловаи ка- лимаҳои «… ва шариконаш» ва калимаҳои «ширкати ба бо- варӣ асосёфта» ё «ширкати коммандитӣ» иборат бошад (қ. 4 м. 87 КГ);
- номи фирмавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд бояд номи ҷамъият ва ибораи «дорои масъулияти маҳдуд»- ро дошта бошад (қ. 2 м. 94 КГ);
- номи фирмавии ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ бояд номи ҷамъият, инчунин ибораи «дорои масъулияти иловагӣ»-ро дар бар гирад (қ. 2 м. 105 КГ);
- номи фирмавии ҷамъияти саҳомӣ бояд номи он ва ишораи саҳомӣ будани ҷамъиятро дар бар гирифта бошад (қ. 2 м. 105 КГ);
- номи фирмавии кооператив бояд номи он ва калима- ҳои «кооперативи тиҷоратӣ»-ро дар бар гирифта бошад (қ. 3 м. 118 КГ);
- номи фирмавии корхонаи давлатӣ бояд ишора ба со- ҳибмулки онро дошта бошад (қ. 3 м. 124 КГ);
- номи фирмавии корхонаи ба ҳуқуқи идораи опера- тивӣ асосёфта, бояд ишора ба он дошта бошад, ки корхонаи махсуси (казонии) давлатӣ аст (қ. 4 м. 127 КГ);
- номи фирмавии ассотсиатсия бояд ишора ба мақсади асосии фаъолияти он ва мақсади асосии фаъолияти аъзои онро бо иловаи калимаҳои «ассотсиатсия» ё «иттифоқ» дар бар гирифта бошад (қ. 5 м. 133 КГ);
- ба неъмату ҳуқуқи молумулкӣ ҳамчун объекти ҳуқуқи гражданӣ номи фирма дохил карда шудааст (қ. 2 м. 140 КГ);
- ба ҳайати корхона ҳамчун комплекси молумулкӣ но- ми фирмавӣ дохил шудааст (қ. 2 м. 144 КГ);
- ҳуқуқи истисноии шахси ҳуқуқи ба номи фирмавӣ эътироф карда шудааст (м. 152 КГ).
Гузашта аз он, қисми 2 КГ номи фирмавиро дар муоми- лот танзим кардааст. Масалан, мувофиқи қ. 3 м. 589 КГ тиб- қи шартномаи фурӯши корхона ҳуқуқи истифодаи номи фир- мавӣ, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагар- дида бошад, ба харидор мегузарад. Ё худ тибқи м. 958 КГ ҳу- қуқ ба номи фирмавӣ аз ҷумлаи маҷмӯи ҳуқуқҳои мустасное мебошад, ки тибқи шартномаи имтиёзи тиҷоратӣ мумкин аст ба истифодабаранда дода шавад.
Дар қисми 3 КГ меъёрҳои муайян оид ба номи фирмавӣ мавҷуд мебошанд.
Дар баробари ин, м. 55 КГ пешбинӣ мекунад, ки тарти- би бақайдгирӣ ва истифодаи номи фирмавиро қонунҳо му- тобиқи КГ муайян менамоянд.
- . Қонунгузорие, ки бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқиро пешбинӣ мекунад. Ба он Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» до- хил мешавад. Қобили зикр аст, ки тибқи Конвенсияи Париж номи фирмавӣ сарфи назар аз бақайдгирӣ ҳифз карда меша- вад. Бинобар ин, бақайдгирии номи фирмавӣ ягон амали му- стақил набуда, тибқи қонунгузории Тоҷикистон танҳо он ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид мегардад, ки ҳамзамон бо бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ амалӣ мешавад (мисли номи ди- гар шахсони ҳуқуқӣ). Мувофиқи м. 8 қонуни мазкур Феҳри- сти ягонаи давлатӣ номи пурраи фирмавии (дар ҳолати мавҷуд будан, инчунин номи кутоҳ) шахси ҳуқуқӣ бо забони давлатии ва маълумот дар бораи тағйирёбии онро дар бар мегирад. Аз ин рӯ, дар ариза барои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ бояд маълумот дар бораи шакли ташкилию ҳуқуқии шахси ҳуқуқӣ ва номи пурраи (дар ҳолати мавҷуд будан, инчунин номи кутоҳ) фирмавии шахси ҳуқуқӣ бо за- бони давлатии ҶТ нишон дода шавад.
Бо дар назардошти ин хусусият, бояд м. 55 КГ шарҳ до- да шавад. Сухан дар бораи муқаррарот оид ба он меравад, ки шахси ҳуқуқие, ки номи фирмавии он мувофиқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шудааст, барои истифо- даи он ҳуқуқи истисноӣ дорад.
Чуноне ки мебинем, номи фирмавии шахси ҳуқуқӣ бояд бо забони давлатӣ бошад. Ин талабот аз 1 июли с. 2009 амал карда истодааст. Аз ҳамин сана сар карда, бояд номи та- моми шахсони ҳуқуқӣ бо забони давлатӣ ба қайд гирифта мешуданд. Вале дар татбиқи он, амалия ба дигар самт инки- шоф ёфт. Қобили зикр аст, ки мувофиқи м. 18 Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номгу- зории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, ин- чунин ташкилотҳои дигар, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ба забони давлатӣ бояд сурат гирад. Қисми 3 ҳамин модда муқаррароте дорад, ки ҳам ғалат ва ҳам номуайян аст. Мувофиқи он номи ташкилотҳои хориҷӣ ва муштарак ба забонҳои дигар низ баргардонида мешаванд. Дар ин ҷо ибораҳои «ташкилотҳои хориҷӣ», «ташкилотҳои муштарак» ва «баргардонида мешавад» шарҳро талаб мекунад.
Танҳо ин шарҳ дар амалия бе дарназардошти ду ма- фҳуми аввал сурат гирифт. Дар натиҷа, шахсони ҳуқуқии дорои номҳои фирмавии зерин пайдо шуданд: Сапоп – Ка- мон, Чуҷаҳо – СЫскеп – Цыплята, Тгаус1 апс! Тиг -Тревел энд Тур ва ғайра.
Ба андешаи мо, номи фирмавии шахсони ҳуқуқӣ бояд танҳо бо забони давлатӣ ба қайд гирифта шаванд. Мазмуни меъёрҳои қонунгузории амалкунанда ба ҷой доштани ягон хел баргардон имконият намедиҳанд. Қонунгузории Тоҷикистон оид ба бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ имконияти доштани номи фирмавиро бо дигар забон (дар баробари но- ми фирмавӣ бо забони давлатӣ, ки ҳатмӣ аст) пешбинӣ накардааст. Амалан аксари шахсони ҳуқуқӣ бо дигар за- бонҳо низ дорои номи фирмавӣ мебошанд.
Мушкилоти дигари қонуни мазкур дар он аст, ки ба- қайдгирӣ ва дар Феҳрист ҷой додани танҳо номи фирмавиро пешбинӣ кардааст. Ин дар ҳолест, ки тибқи он шахсони ҳу- қуқие низ ба қайд гирифта мешаванд, ки дорои номи фир- мавӣ намебошанд.
- . Қонунҳои ҶТ, ки ҳолати ҳуқуқии шахсони ҳуқуқии тиҷоратии алоҳидаро муайян мекунанд. Ба ин гуруҳ дохил мешаванд: Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷамъияти дорои масъули- яти маҳдуд». Мувофиқи м. 3 қонуни мазкур ҷамъият номи пурраи расмӣ дошта, ҳуқуқ дорад ба забони давлатӣ дорои номи мухтасар бошад. Номи пурраи фирмавии ҷамъият ба забони давлатӣ бояд номи пурраи ҷамъият ва ибораҳои «до- рои масъулияти маҳдуд»-ро дошта бошад. Номи мухтасари фирмавии ҷамъият бояд дорои номи пурра ё мухтасари ҷамъият ва калимаҳои «дорои масъулияти маҳдуд» ё ихтисо- ри ҶДММ бошад. Номи фирмавии ҷамъият дар забони дав- латӣ дигар истилоҳо ва ихтисорхое, ки шакли ташкилию ҳуқуқ, аз ҷумла аз забонҳои хориҷӣ гирифташударо инъикос менамоянд, дошта наметавонад, агар санадҳои меъёрии ҳуқуқҳои ҶТ қоидаи дигарро пешбинӣ накарда бошанд; Қонуни ҶТ «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ». Мувофиқи м. 8 Қонуни мазкур номи фирмавии корхонаи давлатӣ бояд до- рои нишондод ба соҳиби молумулк будан, маҳсубият ба намуди моликияти давлатӣ (чумҳуриявӣ ё коммуналӣ) – ро дошта бошад. Номи фирмавии корхонаи субъекти ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ дошта, бояд дорои нишондод ба кор- хонаи воҳиди давлатӣ будани онро дошта бошад. Номи фирмавии корхонаи ҳуқуқи идораи оперативӣ дошта, бояд дорои нишондод ба корхонаи давлатӣ будани онро дошта бошад.
Инчунин мувофиқи м. 19 ин қонун корхонаҳои давлатӣ метавонанд ба ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) муттаҳид ша- ванд. Ассотсиатсия (иттифоқ) дорои номи фирмавӣ буда, дар он мақсади асосии фаъолияти он ва аъзояш бо иловаи кали- маҳои «ассотсиатсия» ё «иттифоқ» нишон дода мешавад. Чунин ҳолат баҳснок аст, зеро иттифоқҳо ва дигар ит- тиҳодияҳои ҷамъиятӣ ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мебо- шанд ва дар нисбати онҳо додани чунин имконият бархурди бисёри ақидаҳои илмиро ба вуҷуд меорад ва барои амалияи ҳуқуқӣ низ нофаҳмо мебошад; Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ». Мувофиқи м. 5 Қонуни мазкур ҷамъи- яти саҳомӣ дорои номи фирмавии худ мебошад ва бояд дар номгӯи худ калимаҳои «Ҷамъияти саҳомии кушода (ҶСК)» ё «Ҷамъияти саҳомии пушида (ҶСП)» дошта бошад; Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти бонкӣ». Дар м. 8 қонуни мазкур унсурҳое, ки дар номи фирмавӣ истифода шуда метавонанд ва ё наметавонанд, пешбинӣ шудааст.Номгӯи қонунҳои гу- руҳи мазкур бо ин маҳдуд намешаванд.
- . Қонунгузорие, ки истифодаи номи фирмавӣ ва ё баръакс манъи истифодаи онро пешбинӣ мекунад. Масалан, мувофиқи м. 9 Қонуни ҶТ «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» ба сифати тамғаҳои молӣ аломат- ҳое ба қайд гирифта намешаванд, ки айнан номи фирмавии дар ҶТ нисбат ба молҳои якхела ҳифзшаванда (ё қисми номи фирмавӣ) ва намунаи саноатие, ки ҳуқуқи шахсони дигар дар ба онҳо то санаи аввалияти тамғаи молии бақайдгирифташа- ванда ба вуҷуд омадааст, мебошанд. Мувофиқи м. 10 Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» истеҳ- солкунанда (иҷрокунанда, фурӯшанда) уҳдадор аст, ки номи фирмавии (номи) ташкилоти худ, маҳалли ҷойгиршавӣ, ни- шонии ҳуқуқи ва реҷаи кори онро ройгон ба маълумоти ис- теъмолкунанда расонад.
- . Қонунгузорие, ки ҳифзи ҳуқуқ ба номи фирмавӣ оқи- бати вайрон кардани конунгузории зиддиинҳисорӣ ва ҳифзи манфиатҳои дигаронро ҳамчун манфиати оммавӣ пешбинӣ мекунанд. Қонуни ҶТ «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол». Мувофиқи м. 7 қо- нуни мазкур истифодаи худсаронаи номи фирмавӣ ҳамчун шакли рақобати бевиҷдонона дониста шуда, ба он роҳ дода намешавад. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ дорад дар сурати мавҷуд будани аломатҳои вайронкунии қонунгу- зории зиддиинҳисорӣ дар бораи он парванда оғоз намуда, онро баррасӣ намояд ва аз руи натиҷаи баррасии он карор барорад ва ба субъектҳои хоҷагидор барои иҷрои ҳатмӣ амрия дар бораи дигар кардан ё маҳдуд намудани истифодаи номи фирмавӣ диҳад (м.13); Инчунин Тартиби номгузорӣ ва дигар кардани номи корхонаҳои давлатӣ, истгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо, ташкилоту муассисаҳо, таълимгоҳҳо, ин- чунин объектҳои физикию нугрофӣ, ки бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 31 октябри с. 2009, № 609 тасдиқ шудааст; КҲМ. Дар м. 377 КҲМ барои истифодаи ғайриқонунии номи фирмавӣ ҷавобгарии маъмурӣ пешбинӣ шудааст; КҶ ҶТ. Дар м. 275 Кодекси мазкур барои истифодаи ғайриқонунии номи фирмавӣ агар он такроран пас аз додани ҷазои маъмури со- дир гардида ё ба миқдори калон зарар расонида бошанд (зи-
[1]Исмаилов Ш.М. Правовые аспекты интеллектуальной собственности // Государство и право.- Душанбе, 1998. – № 1. – С.42.