Моҳияти ҳуқуқ ба номи фирмавӣ дар доштани ҳуқуқи истисноӣ нисбат ба он ифода меёбад. Аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ, шахси ҳуқуқӣ ба номи фирмавӣ ҳуқуқи истисноиро пайдо мекунад. Ҳуқуқи истисноӣ ба номи фирмавӣ дар истифодаи он бо тарзҳои манънакардаи қонунгузорӣ (ҷанбаи мусбат) ва манъи исти-
Тарзҳои истифодаи номи фирмавӣ гуногун буда, метаво- над (истифода ҳангоми бастани аҳдҳо, дар муҳр, бланка ҳуҷ- ҷатҳо, дар овезаҳои гуногун, дар бинои маъмурии шахси ҳу- қуқи, дар либосҳои кормандон, рекламаҳо, моли истеҳсол- карда ва ғайра).
Ҳамзамон қонунгузории амалкунандаи граждании ҶТ имконияти ихтиёрдорӣ намудани номи фирмавиро пешбинӣ мекунад. Масалан, мувофиқи қ. 3 м. 589 КГ тибқи шартно- маи фурӯши корхона ҳуқуқи истифодаи номи фирмавӣ, агар дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, ба харидор мегузарад. Ё худ тибқи м. 958 КГ ҳуқуқ ба номи фирмавӣ аз ҷумлаи маҷмӯи ҳуқуқҳои мустасное мебошад, ки тибқи шартномаи консессияи тиҷоратӣ мумкин аст ба исти- фодабаранда дода шавад.
Дар адабиёти ҳуқуқӣ, таҷрибаи давлатҳои гуногун ва марҳилаҳои гуногуни таърихӣ ин масъала ба таври гуногун баррасӣ ва ҳал шудааст. Дар ҳар сурат манъи ихтиёрдории он ба мақсад мувофиқтар менамояд.
Як қатор хусусиятҳои асосии ҳуқуқи истисноӣ ба номи фирмавиро ҷудо кардан мумкин аст:
- де-юре номи фирмавӣ хислати ҳифзи бурунмарзӣ до- рад. Ин хусусият чунин маъно дорад, ки номи фирмавии субъектони дахлдори тамоми давлатҳои ҷаҳон дар Тоҷикис- тон ва баръакс номи фирмавии субъектони дахлдори Тоҷи- кистон дар тамоми ҷаҳон ҳифз мегарданд;
- ҳуқуқ ба номи фирмавӣ ҳамзамон уҳдадорӣ аст (дар тафовут аз ҳуқуқҳо ба дигар объектҳои ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ). Шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти тиҷоратӣ аст, ҳатман бояд номи фирмавӣ дошта бошад;
ҳуқуқ ба номи фирмавӣ бемуҳлат мебошад. Ин хусуси- ят онро аз ҳуқуқҳо ба дигар объектҳои моликияти зеҳнӣ, ки табиати муҳлатнок доранд, тафовут мегузорад. Албатта, бе- муҳлатии номи фирмавӣ набояд мутлақ тавзеҳ ёбад.Ҳуқуқ ба номи фирмавӣ бо тарзҳои пешбиникардаи м. 1137 ва 1137 КГ бо дар назардошти табиати хоссаи он ҳифз карда мешавад.