Главная / Илм / Ҳуқуқи истисноӣ ба тамғаи молӣ (хизматрасонӣ)

Ҳуқуқи истисноӣ ба тамғаи молӣ (хизматрасонӣ)

Моҳи- яти ҳуқуқ истисноӣ ба тамғаи молӣ дар м. 6 Қонуни ҶТ «Дар ҶТ бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» ифода ёфтааст. Мувофиқи он соҳибҳуқуқ метавонад: тамғаи моли- ро истифода барад; истифодабарии онро аз ҷониби шахсони дигар манъ намояд.

Истифодаи тамғаи молӣ бо тарзҳои гуногун имконпа- зир аст (истифода дар борпеч, дар муҳр, дар бланкҳо, дар реклама ва ғайра).

Дар м. 27 Қонун мафҳуми истифодаи тамғаи молӣ пеш- бинӣ шудааст. Тибқи он ба кор бурдани тамғаи молӣ аз ҷониби соҳибҳуқуқ ва ё шахсе, ки чунин ҳуқуқро дар асоси шартнома дорад, дар молҳо ва ё борпечҳои молҳоере, ки нисбат ба онҳо тамғаи молй ба қайд гирифта шудааст, исти- фодабарии тамғаи молй ҳисобида мешавад. Дар сурати мав- ҷуд будани сабабҳои узрноки истифода набурдани тамғаи молй дар молҳо ва ё борпечҳои онҳо ба кор бурдани тамғаи молй дар реклама, нашрияҳои чопӣ, бланкҳои расмӣ, дар лавҳаҳо, ҳангоми намоиши экспонатҳо дар намоишгоҳҳо ва ярмарками дар ҶТ гузаронидашаванда ҳамчун истифодаи тамғаи молӣ эътироф шуда метавонад.

Истифодаи тамғаи мол дар қонунгузорӣ на танҳо ҳам- чун ҳуқуқ, балки инчунин уҳдадорӣ низ эътироф мешавад. Ҳифзи ҳуқуқии тамғаи молӣ нисбат ба ҳамаи ё қисми молҳо бо далели он, ки тамғаи молӣ дар давоми 3 соли дилхоҳи муттасили пас аз бакайдгирй истифода нагардидааст, мета- вонад пеш аз муҳлат қатъ карда шавад.

Зимнан ягон шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ ҳақ надорад, ки тамғаи молии дар Тоҷикистон ҳифзшавандаро бе иҷозати созоҳибҳуқуқи истифода барад. Бе иҷозати соҳибҳуқуқ дар муомилоти граждании ҶТ истифода бурдани тамғаи молӣ (ё нишонае, ки он то дараҷаи иштибоҳангез монанд аст) нисбат ба молҳое, ки барои фардикунонии онҳо тамғаи молӣ ба қайд гирифта шудааст (ё нисбат ба молҳои бо ин молҳо як- хела), ҳамчун вайронкунии ҳуқуқи истисноии соҳибҳуқуқ (истифодаи ғайриқонунии тамғаи молӣ) эътироф карда ме- шавад. Тамғаи молӣ ё нишонае, ки ба он то дараҷаи ишти- боҳангез монанд аст, истифодашуда маҳсуб меёбад, аз ҷум- ла:

  • дар молҳо, тамғаҳои борпечҳои молҳое, ки дар ҶТ ис- теҳсол мешаванд, барои фурӯш пешниҳод мешаванд, фурӯх- та мешаванд, дар намоишгоҳу ярмаркаҳо намоиш дода ме- шаванд ё ба тарзи дигар ба муомилоти гражданӣ ворид ме- гарданд ё бо ҳамин мақсадҳо нигоҳ дошта ё интиқол дода шуда ва ё ба қаламрави ҶТ ворид карда мешаванд;
  • ҳангоми иҷрои корҳо, расонидани хизматҳо;
  • дар ҳуҷҷатҳои марбут ба баровардани молҳо ба муо- милоти гражданӣ;
  • ҳангоми пешниҳоди молҳо ба фурӯш;

– дар интернет, хусусан дар номи доменҳо ё шаклҳои дигари фардикунонии мол истифода бурда шавад.

Молҳо, тамғақоғазҳо, борпечҳои молҳое, ки дар онҳо тамғаи молй ё нишонае, ки ба он то дараҷаи иштибоҳангез монанд аст, ғайриқонунӣ истифода бурда мешаванд, молҳои қалбакӣ ҳисоб меёбанд. Мувофиқи қ. 6 м. 1137 КГ молҳои қалбакӣ (контрафакт) бо ҳалномаи суд аз муомилот гирифта шуда, бидуни ҷуброн нест карда мешаванд. Контрафакт – аз ибораи лотинии сопГгаГасГю (сопГга – зид, муқобил, ГасЧю – анҷом додан, инро кардан) иборат буда, маънои молҳое, ки бо вайрон кардани қонунгузорӣ истеҳсол шудаандро ифода мекунад.

Соҳибҳуқуқи тамғаи молӣ дар баробари истифода, ин- чунин ваколати ихтиёрдориро низ дорад. Дар Қонуни ҶТ «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» им- конияти вогузоркунии ҳуқуқи истисноӣ ба тамғаи молӣ (гу- зашт кардани тамғаи молӣ) ва додани ҳуқуқ барои истифо- дабарии тамғаи молӣ пешбинӣ шудааст (м. 30 – 31). Ҳуқуқи истисноӣ ба тамғаи молӣ нисбат ба ҳамаи ё қисми молҳое, ки тамғаи молӣ барои онҳо ба қайд гирифта шудааст, мета- вонад аз ҷониби соҳибҳуқуқ ба дигар шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ тибқи шартнома оид ба вогузоркунии хукущ истисноӣ ба тамғаи молӣ (шартнома оид ба гузашт кардани тамғаи молӣ) вогузор карда шавад. Гузашт кардани тамғаи молӣ, агар он сабаби ба иштибоҳ андохтани истеъмолкунанда нисбат ба мол ё истеҳсолкунандаи он шуда тавонад, номумкин аст.

Ҳуқуқ ба истифодаи тамғаи молӣ нисбат ба ҳамаи ё қисми молҳое, ки барои онҳо тамғаи молӣ ба қайд гирифта шудааст, метавонад аз ҷониби соҳибҳуқуқ (иҷозатномади- ҳанда) дар асоси шартнома ба дигар шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ (иҷозатномагиранда) пешниҳод карда шавад. Шартномаи зикргардида бояд талаботро дар бораи он, ки сифати мол- ҳои иҷозатномагиранда аз сифати молҳои иҷозатномади- ҳанда пасттар намешавад ва иҷозатномадиҳанда иҷрои ин талаботро назорат мекунад, дар бар гирад. Шартнома дар бораи вогузоркунии ҳуқуқи истисноӣ ба тамғаи молӣ (шарт- нома оид ба гузашт кардани ҳуқуқ ба тамғаи молӣ) ва шарт- нома дар бораи додани ҳуқуқи истифодаи тамғаи моли мешавад.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …