Главная / Ҷуғрофия / УКРАИНА

УКРАИНА

Шароити имрӯзаи сиёсии Украинаро чӣ тавр маънидод мекунед? Шумо ба ояндаи Украина чӣ гуна баҳо медиҳед? Оё вобаста ба мустақилияти Украина тахассуси хоҷагидориаш дигаргун шуд ё не? Ба ақидаи шумо дар оянда Украина алоқаҳояшро бо давлатҳои Ғарб зиёдтар мекунад ё бо давлатҳои ИДМ?

Украина дар қисми ҷанубу ғарбии ҳамвории Аврупои Шарқӣ ҷойгир буда, дар ҷануб ба баҳрҳои Азов ва Сиёҳ роҳи баромад дорад. Аз тарафи шимолу шарқ бо Русия, шимолу ғарб бо Белорус, дар ғарб бо Полша, Словения, Венгрия, Руминия ва Молдова ҳаммарз аст.

Қаламрави Украина дар қисми ҷанубу ғарбии ҳамвории Рус ҷойгир буда, сатҳи онро ҷинсҳои такшонӣ ташкил медиҳанд. Дар қисми ғарбии ҷумҳурӣ ҷинсҳои кристаллӣ мавҷуданд, ки онҳоро сипари Украина меноманд. Дар ҷануб плитаи платформаӣ (қабати махсуси қишри замин) мавҷуд аст, ки оҳиста-оҳиста ба қаъри оби баҳри Сиёҳ ва Азов ворид мешавад. Дар қисми шарқӣ байни дарёҳои Дон ва Днепр пуштакӯҳҳои назди Азов ва Кряжи Дон, дар ҷанубу ғарб кӯҳҳои Карпат ва Қрим ҷойгир шудаанд.

Аз маъданҳои табиӣ конҳои ангишти коксдиҳандаи ҳавзаи Дон (240 млрд т.), ангиштсанги Лвову Волинск (2 млрд т.), Днепр зиёда аз 4 млрд тонна захира доранд. Захираҳои камтари нафту газ дар нишебиҳои назди Карпат, конҳои гази Дашава ва Шебилин дар вилояти Харков мавҷуданд.

Сипари Украина аз захираҳои маъдани оҳан, марганетс, ашёи хоми сохтмонӣ ва ғайра бой аст. Аз металҳои ранга титан, никел, хром ва ғайра вомехӯранд. Конҳои калонтарини намак кони Славяну Артём дар ҳавзаи Дон ва кони намаки ош ва калий дар Карпат мебошанд.

Украина аз захираҳои обӣ бой буда, ҳамаи дарёҳои он ба ҳавзаи баҳри Сиёҳ ва Азов мансубанд, ғайр аз дарёи Буг, ки дар қисми ғарбии мамлакат ҷойгир буда, ба баҳри Балтик мерезад. Дарёҳои калонтаринаш Днепр (981 км дар ҳудуди Украина), Днестр (1360 км) ва Буги Ғарбӣ (806 км) мебошанд. Дар ҳудуди мамлакат зиёда аз 3000 кӯл мавҷуд аст.

Аҳолӣ ва захираҳои корӣ. Дараҷаи афзоиши аҳолӣ дар Украина хеле паст аст. Дар даҳ соли охир таваллуд 1,5 баробар кам шуда, фавт 1,4 баробар зиёд шуд. Афзоиши аҳолӣ ба 1000 нафар 5,8 нафар аст. Шаҳрҳои дорои аҳолии беш аз миллион нафар Киев, Харков, Днепропетровск, Донетск ва Одесса мебошанд. Дар ҳавзаи Дон ҳиссаи аҳолии шаҳр то 90% мерасад. Дар ин ҷо яке аз калонтарин агломератсия дар ҳудуди ИДМ ташкил шудааст. Дар қисми ғарбии Украина аҳолӣ нисбатан кам аст, ки ба ин релефи кӯҳӣ сабаб шудааст. Дар кишвар 72,7%-и аҳолиро украинҳо, 22,1%-ро русҳо ташкил медиҳанд.

Хоҷагии халқи Украина. Украина ҷумҳурии саноатию аграрӣ аст. Дар давраии шӯравӣ яке аз бузургтарин ҷумҳуриҳои истеҳсолкунандаи лаблабуи қанд (60%) ва офтобпарасти тухмӣ ба ҳисоб мерафт. Дар ин ҷо аз чор як ҳиссаи маҳсулоти гӯштӣ, картошка, сабзавот ва зироати ғалладона истеҳсол мешуд. Украина 25,5% ангишт ва 46% маъдани оҳани Иттиҳоди Шӯравиро истеҳсол мекард. Қариб 55%-и маҳсулоташро барои корхонаҳои Иттиҳод истеҳсол мекард. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҳиссаи истеҳсолот хусусан истеҳсоли пӯлод, телевизор, қанд (53%) ва ғайра хеле паст шуд. Айни ҳол Украина ба маҳсулоти нафт, газ, ҷангал ва ашёи хоми саноати сабук эҳтиёҷманд аст.

Саноат. Соҳаҳои муҳимтарини саноат – энергетикаи сӯзишворӣ (24,2%) металлургияи сиёҳ (22%), мошинсозӣ (16%), хӯрокворӣ (15%), химия ва нафту химия (7,4%) мебошанд. Соҳаҳои энергияталаби ин мамлакат аз ҳисоби неруи барқи Русия фаъолият мекард. Барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба иқтисодиёти кишвар зарбаи сахт зад. Украина ҳамагӣ 12% талаботи худро бо нафти маҳаллӣ қонеъ мегардонад. Паст рафтани истеҳсолот боиси заиф шудани соҳаҳои саноат шуд. Истеҳсоли техника ва технологияи нав қариб қатъ шуд. Проблемаи асосӣ дар комплекси энергетикӣ мебошад. Аз солҳои 90-ум талабот ба нафт якчанд маротиба паст фуромада, коркарди технологии он низ кам шуд.

Украина аз ҷиҳати истифодаи газ дар ҷаҳон баъди Русия ва ИМА дар ҷойи сеюм меистад.

Ҳоло 85%-и воридоти газ ва 95%-и воридоти нафти Украина аз Русия мебошад. Истихроҷ ва истеҳсоли ангишт низ 2 маротиба кам шуд. Масъалаи муҳимми Украина нарасидани ашёи хоми сӯзишворӣ ва навсозии корхонаҳои саноатӣ ба фалокати НАБ «Чернобил» вобаста мебошад.

Саноати металлургияи сиёҳ дар байни соҳаҳои саноат дар ҷойи дуюм меистад. Истихроҷи маъдани оҳан дар як сол 50 млн тоннаро ташкил медиҳад, ки 19 млн тоннаи он содир карда мешавад. Марказҳои асосии истеҳсоли оҳан Кривой Рог, Мариупол, Днепропетровск, Днепродзержинск, Запорожйе, Донетск, Макаевка мебошанд. Металлургияи ранга хуб ташаккул наёфтааст. Дар ҷумҳурӣ корхонаҳои истеҳсоли алюмин, титан, манган, симоб, руҳ амал мекунанд. Марказҳои асосии металлургияи ранга шаҳрҳои Запорожйе ва Светловодск мебошанд.

Мошинсозӣ. Ин соҳа дар Украина ба буҳрони иқтисодӣ гирифтор шудааст. Хусусан дараҷаи пасти истеҳсолот дар соҳаи мошинҳои кишоварзӣ, тракторсозӣ (5 маротиба), автомобил ва электротехника дида мешавад. Қариб тамоми корхонаҳои саноатии истеҳсоли роботҳои саноатӣ ва саноати электронӣ аз кор мондаанд. Автомобилсозӣ дар шаҳрҳои Харков, Киев, Донетск, Лвов, Запорожйе, мошинҳои кишоварзӣ дар Одесса, дастгоҳҳо барои саноати химия дар Суми, мошинҳои роҳи оҳан ва вазнин дар Днепропетровск, Луганск, мошинҳои калонҳаҷм дар Краматорск, Мариупол, киштисозӣ дар Николаев ва Херсон ба роҳ монда шудааст.

Саноати хӯрокворӣ ба соҳаҳои кишоварзӣ зич алоқаманд буда, маҳсулоти онро ҳамчун ашёи хом истифода мебарад. Соҳаҳои муҳимми он саноати қанд, равғанкашӣ, гӯшт, шир, равғану панир, консерваи меваю сабзавот ва шароб мебошанд. Ду соҳаи охирин дар қисми ҷанубӣ ва Закарпатия марказонида шудаанд.

Саноати химия истеҳсоли нуриҳои маъданӣ (Одесса, Венитса, Ровно, Горловка, Константиновка, Северодонетск), кислотаи сулфат, содда, нахҳои химиявӣ (Киев, Чернигов), маҳсулоти техникии аз резин сохташударо дар бар мегирад. Ин соҳа низ ба монанди дигар соҳаҳои саноат аз норасоии ашёи хом танқисӣ мекашад.

Кишоварзӣ. Ин соҳа аз рӯйи релефи минтақавӣ фарқ мекунанд. Масалан парвариши лаблабуи қанд асосан дар минтақаи бешадашт, офтобпараст дар минтақаи дашт, зағир дар қисми ғарбӣ ва назди беша, тамоку дар Закарпатйе, рустаниҳои полезӣ ва токпарварӣ дар қисми ҷанубӣ ва Закарпатйе ба роҳ монда шудааст. Чорводорӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ташаккул ёфтааст. Хукпарварӣ дар минтақаи дашт ва бешадашт, гӯсфандпарварӣ дар минтақаи бешазорони Карпат ва Полесия ривоҷ ёфтааст. Дар солҳои охир дар соҳаи кишоварзӣ низ пастравӣ ба назар мерасад.

Нақлиёт. Дар Украина тамоми соҳаҳои нақлиёт амал мекунанд. Украина ба монанди Белорус мавқеи муҳимми транзитӣ дорад. Хусусан байни Федератсияи Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ. Дар соҳаи гардиши бор ва мусофиркашонӣ нақлиёти роҳи оҳан нақши муҳим дорад. Дарозии умумии роҳи оҳан ба 23 ҳазор км мерасад, ки зичии миёнаи он нисбат ба Белорус зиёдтар аст. Аз ҷиҳати гардиши бор тавассути киштиҳо дар ИДМ Украина баъди Русия дар ҷойи дуюм меистад.

Савол ва супориш.

  1. Соҳаҳои тахассусии хоҷагии Украина кадомҳоянд? Инро ман медонам.
  2. Фарқи соҳаҳои тахассусии хоҷагии Украинаро аз Белорус баён кунед.
  3. Саноати ангишт, химия ва металлургияи Украина чӣ гуна инкишоф ёфта истодааст?
  4. Мавқеи географии Украина дар тараққиёти хоҷагиаш чӣ аҳамият дорад?
  5. Сабаби дар Украина ташаккулёбии марказҳои калони металлургию мошинсозӣ дар чист?

Инро ман метавонам.

  1. Чаро дар саноати энергетикии Украина неругоҳҳои барқии алавӣ афзалият доранд?
  2. Сабаби камшавии истеҳсоли ғалладона дар Украина чист?
  3. Заминаи ашёи хоми саноати Украина чӣ гуна аст?

Оё медонед?

  1. Дар деҳаи Междуречйеи Украина қадимтарин харитаи географии дунё ёфт шудааст, ки дар устухони мамонт тасвир шудааст. Синну соли ин бозёфти таърихиро 15 ҳазор сол медонанд.
  2. Захираи маъдани марганетс дар Украина ба 2,3 млрд тонна баробар аст, ки 11%-и захираи ҷаҳонии ин маъданро ташкил медиҳад.
  3. Осоишгоҳҳои баҳри Азов машҳуранд, он тунукобтарин баҳри дунё мебошад. Чуқурии миёнаи он 6-7 метр аст.
  4. Дар солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳон олмониҳо аз Украина ба воситаи поезд ҳатто хоки сиёҳи серҳосилро бурданд.
  5. Дастовардҳои пурарзиши Украина дар соҳаи самолётсозӣ, истеҳсоли бузургтарин самолётҳои боркаш дар ҷаҳон АН-228, «Мария» ва АН-124 «Руслан» мебошад.

Хулоса. Украина кишвари саноатию аграрӣ буда, бойигарии муҳимтарини табиии он хоки сиёҳзамину ҳосилхез мебошад. Солҳои охир дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи он пастравӣ дида мешавад. Вазъи имрӯзаи сиёсии Украина ин ҳолатро боз мушкилтар кардааст.

Инчунин кобед

МАРКАЗҲОИ АСОСИИ ҲОҶАГИИ ҶАҲОНИ (с.2008)

МАРКАЗҲОИ АСОСИИ ҲОҶАГИИ ҶАҲОНИ (с.2008) Марказ ММД (млрд. долл) Ҳисса дар ММД (%) Амрикои Шимолй …