Ҷумлаи пайрави хилоф амалеро мефаҳмонад, ки хи- лофи амали сарҷумла аст. Ин ҷумлаи пайрав ба сарҷумла ба воситаи пайвандакҳои ки, агарчи, гарчи (арчи), агар- чанде, агарчанде ки, бо вуҷуди ин (он) ки, сарфи назар аз ин (он) ки, қатъи назар аз ин (он) ки, бар хилофи ин (он) ки, ҳарчанд ки тобеъ мегардад.
Мисолҳо: Ман, гарчанде хобам омада бошад ҳам, зуд бархоста ҷомаамро пӯшида дар наздаш нишастам. (С.У.) Ӯ ҳам, бо вуҷуди ин ки ҳозир аз мактабдор он ҳама чӯбро хӯрда буд, бе ҳеҷ тарсу бим ба пеши он зо- лим омад. (С.А.)
Дар ифодаи муносибати хилофии ҷумлаи пайрави хилоф пайвандаки «ҳам» саҳми хеле муҳим дорад. Аксар бо ифодаи ҳамин пайвандак ҷумлаи пайрави шарт маъ- нои хилоф мегирад ва чун ҷумлаи пайрави хилоф шинох- та мешавад.
Муқоиса кунед:
Агар тез ояд, мо ӯро дида Агар тез ояд ҳам, мо ӯро метавонем -шарт дида метавонем -хилоф
Аломатҳои китобат дар ин навъи ҷумлаи пайрав низ чун дигар хели ҷумлаҳои пайрав вобаста ба ҷойи он ҳар хел аст.
У 127. Бо пайванДакхои маъмултарини чумлаи пайрави хилоф мисолҳо гӯеД.
V128. Аз силсилаи шеърҳои «Қиссаи ҚинДустон»-и Мирзо ТурсунзоДа чумлаҳои мураккаби тобеъ бо пайрави хилофро цуДо карДа, ба Дафтаратон нависеД.
V 129. Ҷумлаҳои мураккаби тобеъ бо чумлаи пайра- ви хилофро Дар шакли наҳша онҳоро тасвир кунеД. ГӯеД, ки чумлаҳои пайрав ба сарчумла чӣ тавр алоҳаманД шуДаанД?
Моҳ дар сари кӯҳ хеле баланд шуда, шуояш равшантар шуда бошад ҳам, чӣ будани ояндаро ҳанӯз фарқ кардан душ- вор буд. (Ф.М.)
Сабзаҳо сӯзанд агар дар зери гармои тамӯз, Ман тару тоза дар оғози баҳораш сӯхтам.
(Л.Ш.)
Юнус, бо вуҷуди он ки гуфтаҳои такдори вай аз ҷавшани ҷонаш мегузаштанд, дандон ба дандон монда, худро ба нофаҳмӣ зад. (С.Т.)
У 130. Аз матни зерин чумлаҳои мураккаби тобеъ бо пайрави хилофро чудо карда ба дафтаратон нависед ва гӯед, ки чумлаи пайрави хилоф ба воситаи кадом пайвандак ба сарчумла тобеъ шудааст?
Қишлоқ ба тозагӣ бино ёфта бошад ҳам, хеле калон буд; муҳоҷирони ғармӣ, дарвозӣ, хуҷандӣ, ӯротеппагӣ, фарғонагӣ ва дигарон дар он ҷо ҷой гирифта буданд. Барои ҳар хонаво- да хонаву ҷойи ҷудогона бошад ҳам, молхона, коҳу бедахона, анбори захираи ҳосилот, анбори озуқаи ҳаррӯза, анбор ва са- ройи асбобҳои киштукор муштарак буданд.
Дар миёнаҷойи қишлоқ мактаб, клуб, қироатхона, идо- рахона, чойхонаи сурх, духтурхона, агрономхона, ҳаммом ва дукони кооператив барин иморатҳои ҷамоатӣ бино ёфта буданд. Дар як тарафи иморатҳои ҷамоатӣ боғчаи умумии сабзу хуррам бо ниҳолҳои навхези худ чашми бинандаро нур медод. (С.А.)
V 131. Ҷумлаҳои зеринро ба Дафтаратон нависеД ва ба зери пайванДакҳои тобеъкунанДаи хилоф хат кашеД. Ҷойи цумлаи пайрави хилоф ва аломатҳои китобатро Дар онҳо шарҳ ДиҳеД:
- Оташи манқал хомӯш шуда бошад ҳам, хона ҳанӯз гарм буд.
- Асп акнун ором гирифта, маҳин пой мекӯфт, бо вуҷуди ин аз зери сумаш, каме бошад ҳам, лой чарахса мекард.
- Бо вуҷуди он ки офтоб тобон буд, аз пеш бӯйи борон меомад.
- Агарчи чанд дақиқа пеш борон монда, осмон низ оҳиста-оҳиста равшан мешуд, ӯ дар қайди андеша буд.
- Душман зӯр бошад ҳам, мо ҳанӯз шикаст нахӯрдаем.
- Усмон Азиз овони бачагиву имрӯза вазъияти Анварро пеши назар оварда, бо вуҷуди он ки дина боз аз беодобиҳои ӯ сахт оташин буд, ба ҳоли вай дилаш каме сӯхт.
- Таманно ҳама қувваташро истифода бурда, бо вуҷуди он ки сахт лакот шуда буд, бо ҷандала роҳ мепаймуд.
- Гаҳвораашон аз осмон омада бошад ҳам, онҳо мувофиқи гуноҳи худ ҷазо гиранд.
- Ҷанг тамом шуда бошад ҳам, мардум боз чанд соли дигар аз хӯрданиву пӯшиданӣ танқисӣ мекашиданд.
- Бо вуҷуди он ки ҳаво гарм аст, Темур дар тан ҷома дорад … (С.Т.)