Услуби илмӣ аз нигоҳи корбасти вожаю истилоҳот аз услубҳои дигар фарқ мекунад. Асарҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бо услуби илмӣ навишта мешаванд. Дар услуби илмӣ ба саҳеҳии фикр, асоснокӣ, мантиқи қавии навишта эътибор дода мешавад. Дар услуби илмӣ барои тасдиқи фикр, қувват додани фикр, ба сарчашмаҳои дигар, далелу маъхазҳои муъ- тамад такя карда мешавад, бинобар ин, ба онҳо ишора ме- равад. Ҳар як соҳаи илм истилоҳи хоси худро дорад.
169. Намунаҳои зеринро аз услуби илми хонеД ва мулохрзаҳои хуДро оиД ба онхо баён намоеД:
«Қавл аз бисёрии он чаҳор қисмат аст: яке амр, чунонки касе мар ба касе гӯяд: «Чунин гӯй» ва ҷуз он. Ва дигар истихбор[1] [2] аст ба ғайри «яъне» хабар пурсидан, чунон ки ка- серо гӯем: «Чӣ гуна будӣ?» ва «Куҷо рафтӣ» ва ҷуз он. Ва сеи дигар суол, яъне хостани чизе, чунон ки касеро гӯӣ: «Маро таом деҳ»…Ва чаҳорум хабар аст, ки гӯем: «Чунин аст» ва ҷуз он». (Носири Хусрав)
* * *
«Образи бадеӣ дар адабиёт ва санъат шакли инъикоси воқеият, манзараи конкрет ва муҷталии[3] ҳаёти инсон буда, дар партави идеали эстетикии санъаткор бо ёрии тахайюли[4] бадеӣ офарида мешавад». (Энсиклопедияи адабиёт ва санъ- ати тоҷик)
[1] Истиғно- нисбат ба касе ноз кардан, беэътиноӣ кардан
[2] Истихбор – хабар пурсидан
[3] Муҷтал – ҷамъшуда, тӯдашуда
[4] Тахайюл – хаёлот, ба хаёл овардан