Главная / Биология / Усули дугоникҳо

Усули дугоникҳо

Дугоникҳо тахминан 2%-ро дар байни кӯдакони навзод ташкил мекунанд. Дугоникҳо ду хел мешаванд: яктухма ва дутухма. Дугоникҳои яктухма аз ҳисоби як тухмҳуҷай- ра ва як нутфа таваллуд мешаванд ва онҳо ҳамчун нусхаи якдига- ранд, яъне зоҳиран онҳоро фарқ намекунанд ва ҳатман ҷинсашон якхела ё ҳар ду духтар ё писар таваллуд мешаванд, чунки геноти- пашон якхела аст.

Дугоникҳои гуногунтухма аз ҳисоби ду тухмҳуҷайра ва ду нутфа инкишоф меёбанд ва аз ҳамдигар ва бо ҷинсашон фарқ ме- кунанд, яке духтар дигаре писар ё ҳар ду духтар, ё ҳар ду писар. Агар дугоникҳои яктухма дар шароити гуногун тарбия ёбанд, ин имкон медиҳад, ки фарқи байни онҳоро вобаста ба шароити муҳити беруна дар ташаккулёбии баъзе аломатҳои онҳо муайян намоем.

Дар умум рафтор ва кирдори дугоникҳои яктухма бо ҳам мо- нанданд, дугоникҳои гуногунтухма бошанд, бо ин хусусиятҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Инчунин кобед

027

Бемориҳои хромосомй

Ин гуна бемориҳо бо тағйирёбии миқ- дори хромосомаҳо ё мутатсияи геномӣ ва ё сохтори хромосомӣ …