Главная / Биология / Усули популятсионй

Усули популятсионй

Тадқиқотҳои генетикӣ – популятсионӣ имконият медиҳад, ки миқдори вохӯрии генҳо ва генотипҳо дар ин ё он популятсия муайян карда шаванд. Дар натиҷаи таҳлили оморӣ паҳншавии ин ё он аломат дар гурӯҳҳои гуногун, имкония- ти пайдо шудани мутатсия аз насл ба насл дар муддати дуру дароз ҷой дорад.

Ҳамин тавр, сохтори мураккаби гуногуни генетикии фарқи одамон, миллатҳо, мамлакатҳои гуногун мушоҳида мешаванд.

Дар асоси ин метод паҳншавии на танҳо генҳои алоҳида, инчунин, нуқсонҳо ва издивоҷи ғайрихешон ва хешони наздик таҳлил карда мешавад. Мисол, дар яке аз қабилаҳои Караба дар Панамаи Ҷанубӣ, ки аксари онҳо албиносанд ё ин ки дар яке аз деҳаҳои Шветсария 2200 аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, ки дар байни онҳо 50 нафар кару гунг ва зиёда аз 200 кас нуқсонҳои шунавоӣ доранд.

Аз ҳамин сабаб ҷавонон пеш аз он ки хонадор шаванд, бояд ҳатман аз ташхиси тиббй – генетикӣ гузаранд.

Инчунин кобед

027

Бемориҳои хромосомй

Ин гуна бемориҳо бо тағйирёбии миқ- дори хромосомаҳо ё мутатсияи геномӣ ва ё сохтори хромосомӣ …