Муносибатҳои Русия ва аморати Бухоро. Вазъи сиёсии амо- рати Бухоро баъди ба зери тасарруфи Русия гузаштан хеле тағйир ёфт. Акнун аморати Бухоро бо дигар давлатҳои ҳамсоя мустақилона муносибат карда наметавонист. Чунин маҳдудият ҳарчанд дар ягон шартномаи байни Русияю Бухоро акс наёфта- аст, вале амирони Бухоро дар симои ҳукумати подшоҳӣ ба худ пушту паноҳи пурқувватеро дида, бо мақсади нигоҳ доштани аморат ва осуда ҳукуматдорӣ намудан, аз баҳри чунин мустақилӣ «ихтиёран» гузашта, худро батамом мутеи ҳукумати подшоҳии Русия ҳисобиданд.
Дар таърихи 22-юми апрели соли 1868 хатти гумрукӣ (боҷӣ)-и Сибири Ғарбӣ ва Оренбург аз байн бардошта шуд. Баъди он масъалаи тиҷорати байни Русияю Осиёи Марказӣ ба масъалаи дохилии империяи Русия табдил гардид. Соли 1894 хатти гум- рукии Русияю Бухороро низ аз байн бардоштанд ва он ба хат- ти гумрукии Бухорою Афғонистон пайваст. Солҳои 1894 – 1895 дар чунин нуқтаҳои сарҳадии аморати Бухоро: Қаршӣ, Келиф, Чӯшқагузар, Паттаҳисор ва Айваҷ нуқтаҳои гумрукии Русия ку- шода шуд. Ин ташкилотҳо, бегуфтугӯ, озодона ба бозори дохи- лии чи аморат ва чи кишвари Туркистон дохил гардидани молҳои хориҷиро маҳдуд мегардониданд.
Соли 1893 мувофиқи талаби вазорати молияи Русия аз тарафи ҳукумати амирии Бухоро ва хонии Хева сикка задани тангаҳои нуқра қать карда шуд. Қурби тангаи бухороӣ ва хевагӣ аз рӯйи 15 тини русӣ ҳисоб карда, аз тарафи Бонки давлатии Русия харида мешуд. Бо ҳамин яке аз нишонаҳои асосии мустақилии аморати Бухоро аз байн рафт, вале амири Бухоро дигар ҳуқуқи сикка зада- ни тангаи худро надошта бошад ҳам, тангаи бухороӣ дар қатори рубли русӣ то барҳам хӯрдани тартиботи амирӣ гардиш кард.
Ба ҳукумати подшоҳӣ содиқ будан ба ҳар се амирони Бухо- рои замони ҳукуматдории мустамликавии Русия дар ин сарза- мин хос аст. Масалан, амир Музаффар кӯшиш мекард, ки нисбат ба ҳукумати подшоҳӣ садоқати худро исбот намояд. Генерал- губернатори Туркистон К.П. Кауфман ҳам ин садоқати ӯро эҳсос намуда, гуфта буд, ки «беҳтарин ҳокими уездии ман амири Бу- хоро мебошад». Моҳи январи соли 1886 дар Бухоро «Агентии сиёсии императории Русия» кушода шуд, ки ба он агенти сиёсӣ сарварӣ мекард ва он дар асл ба фаьолияти амир ва ҳукумати ӯ назорат карда, ба мушовири асосиаш табдил ёфта буд.