Главная / Илм / Вожаҳои наздикталаффуз (паронимҳо)

Вожаҳои наздикталаффуз (паронимҳо)

Вожаҳои наздикталаффуз (паронимҳо)

Сабаб чӣ бошад, ки баъзе мактабиён номи чунин кишварҳо, мисли Шветсия ва Шветсария, Австрия ва Австралия, ҳатто Арктикаро бо Антрактида омехта мекунанд? Баъзан калонсолон ҳам ба ҷойи бӯҳрони иқтисодӣ бурҳони иқтисодӣ мегӯянд. Ҳол он ки маънои истилоҳи бӯҳрон ба русӣ «кризис» ва бурҳон «далел» мешавад. Сабаб ин аст, ки он калимаҳои ҷуфт аз ҷиҳати таркиби овозиашон ба якдигар хеле наздиканд. Чунин калимаҳо ҳамреша бошанд (ба мисли Давр – Давра, замон – замона, сарф – сарфа, қувва – қувват, байн – мобайн, маҳал – маҳалла ва ғайра), пароним (юнонии para «наздики» ва onyma «ном ё наздикном»), гуногунреша бошанд (монанди сурат – суръат, нукта – нуқта, зарар – зиён, набз – назм ва ғайра), дар забоншиносӣ паронимаз (юнонии para «наздики» ва onomazo «меномам») ном бурдаанд. Дар забоншиносии тоҷик Т. Зеҳнӣ чунин калимаҳоро ба тарзи умумӣ наздикталаффуз номидааст:

Табиб дасти худро ба тарафи саройбон дароз карда: «Канӣ, дастатонро диҳед, назматонро бинам» – гуфт (С.А.); Дар ҳамон ҷо ду пояшро дароз карда ба рӯйи хок нишаст ва ҳам- чун кӯдак ба гиря сар кард. Ҳунгидани ӯ аз ҳангидани хӯтук- ча ҳеҷ монданӣ надошт (Ҳ.К.). Инак, як суруди дигарро дар иҷрои ҳофизи дӯстдоштаатон ба самти шумо мерасонем (Радио).

Дар мисоли аввал нависанда аз забони табиб ба ҷойи калимаи набз дар нохунак назмро оварда, ба нодонии табиб ишорае кардааст. Дар мисоли дуюм гиряи бадмастро ҳаҷвомез бо ҳангидани хӯтук қиёс намудааст. Дар мисоли сеюм гӯяндаи радио зоҳиран тафовути калимаҳои арабии самъро аз самт намедонистааст.

Надонистани тафовути маъноии калимаҳои наздикталаффуз боиси ғалатҳои дағали луғавӣ мегардад. Чунин ғалатҳо на танҳо дар корҳои хаттии хонандагон, балки дар забони матбуоти имрӯза ҳам мушоҳида мешаванд:

Барои қаноатманд намудани талаботи зиёд ба тарҷумонҳо дар бисёр мамлакатҳо мактабҳо таъсис дода шудаанд; Саволҳои одии писарак гувоҳи он буданд, ки дар бораи компютер таассуроти кӯчак доранд; Агар дар харидории масоили палав ба гуфтаҳои мо риоя кунед, ошатон ҳам арзону ҳам табъи дил хоҳад шуд.

Рӯзноманигор фарқи маъноии қонеъ намудан, тасаввурот ва масолеҳро аз қаноатманд намудан, таассурот ва масоил (шакли ҷамъи шикастаи арабии масъала) надонистааст.

Илова бар ин, ба ҷойи сифати кӯчак калимаҳои маъмули тоҷикии кам, андак, ночиз ва ба ҷойи харидорӣ вожаи харид ё хариданро истифода кунем, матлаб саҳеҳтар ифода меёбад.

 

Калимаҳои наздикталаффузи зерин чӣ маъно доранд? Бо ҳар кадоми онҳо ибора ё ҷумла созед ва тафовути маъноии онҳоро шарҳ диҳед:

 

Ризо – розӣ, рустан – растан (рустанӣ – растанӣ), сукут – субут, фурӯ гирифтан – фаро гирифтан, қувва – қувват, муло- им – мулоимат, ҳимоя – ҳимоят.

  1. Кадом шакли калима дуруст аст? Онро ба дафтар нависед ва барои асоснок будани дурустии интихоби худ ба луғатҳо му- роҷиат намуда собит кунед.

Мусбӣ ё мусбат, зарурат ё зарурият, фарқ ё фарқият, хатогӣ ё хато, ҳайратомез ё ҳайратангез, пандомӯз ё панда гез?

  1. Аз матнҳои зерин калимаҳои наздикталаффузро нависед ва хаттӣ шарҳ диҳед, ки аз ҳамдигар чӣ тафовути овозӣ доранд ва онҳо дар матнҳо бо кадом мақсад кор фармуда шудаанд.
  2. Ишқу ашк пинҳон намемонад; 2. Мард барои ном меми- рад, номард барои нон(4); 3. Дар пеши бача «ҳавлӣ»(1) нагӯй, ки «ҳалво» мешунавад; 4. – Аз дасти меҳнаткашони ситамди- да(3), ки ба даст яроқ гирифтаанд, сари худро саломат гирифта гурехтан ҳам барои амир як зафар аст: ҳарчанд ҷаҳонгир нашавад ҳам, дар хоки бегонагон дар ба дар гашта «ҷаҳонгард» мешавад(4) (С.А.).
  3. Мехостам,(7) осуда ба кунҷе бинишинам, Ногаҳ болои ту барангехт(2) балоро (Ҳилолӣ).

 

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …