Xориҷия -яки дигаре аз он равияҳое мебошад, ки дар ислом бар асари ихтилофи сиёсӣ ба вуҷуд омада аст. Таърихи пайдоиши равияи хориҷияро бидъатнигорони исломӣ ба натиҷаи муҳорибаи байни сипоҳи Алӣ ибн Абитолиб (р) ва ҳокими Сурия Муъовия дар маҳале бо номи Сиффин (с. 657) сурат гирифта, вобаста мекунанд, вале дар мавриди аз чи иборат будани асли ихтилоф иттифоқи назар вуҷуд надорад. Яке аз ривоятҳо чунин аст, ки гӯё дар муҳорибаи номбурда, ҳангоми ҷанг сипоҳи Алӣ наздик буд сипоҳи Муъовияро тору мор кунад, вале тарафи Муъовия бо роҳи макр ба сари найзаҳои ҷанговаронаш варақҳои Қуръонро халонда, хохони бо роҳи гуфтушунид дар асоси Қуръон ва суннати Паёмбар ҳал кардани ихтилоф шуд ва дар натиҷаи гуфту шунид низ бо макру ҳилла намояндаи Муъовия Амр ибни Ос масъаларо ба манфиати Муъовия ҳаллу фасл карданд. Аз ин ҳодиса як гурӯҳи 12-хазор нафарӣ норозӣ шуда, аз сипоҳи Алӣ хориҷ шуданд ва “хориҷия” ном гирифтанд.
Муҳимтарин ихтилофи онҳо бо мазҳаби шиъа рӯи масъалаи имомат аст. Хориҷиён мӯътақиданд, ки имом метавонад ғайри қурайшӣ бошад. Тибқи ақидаи онҳо ҳар як мусалмоне, ки онҳо сазовор донанд, хоҳ ғулом, хоҳ озод, хоҳ набатӣ, хоҳ қурайшӣ, метавонад имом бошад. Яъне, хориҷиён баробарии мусалмонон ва дар умури раҳбарӣ ва имомат интихобӣ будани ин мақомро талаб мекарданд. Хамин ақидаи онҳо сабаби зуд интишор ёфтан ва пайравони зиёд пайдо кардани онҳо гардид. Ихтилофи дигари онҳо аз ҳамон зиддият оид ба қазовати Сиффин сарчашма мегирад ва мегӯянд: “Танҳо Аллоҳ метавонад қазоват ва ҳкм кунад” ва ба ҳамин далел ҳукму қазовати одамонро эътироф намекунанд.
Хориҷиён имомати Абубакру Умарро (рр) мепазиранд вале имомати Усмонро(р) рад мекарданд, аз амали Алӣ (р)дар маҳали Сиффин норозӣ ҳастанд. Баъзе аз онҳо, масалан а з р а қ и я Усмон(р), Талха, Зубайр ҳатто Оиша ҳамсар ва Абдуллоҳ ибни Аббос амаки Паёмбарро маҳкуми дӯзах ва азоби абадӣ мешуморанд. Онҳо ҷиҳодро ба муқобили мухолифонашон, чи мусалмон ва чи ғайри мусалмон, ҷоиз медонанд ва мӯъмини аз ҷиход рӯ тофтаро кофир мешуморанд. Куштани занон ва кӯдакони мухолифони худро иҷозат додаанд. Шахси гуноҳи кабира содир карда ва ашхосе, ки фароизи диниро иҷро накардааст ва ҳатто як гуноҳ кардаанд, бо вуҷуди эътирофи ваҳдонияти Худо ва рисолати Муҳаммад(с) кофир ва маҳкум ба оташи дӯзах медонанд. Онҳо сангсор кардани шахси зино содир карда ва ҷазои туҳматкардаро бекор кардаанд. Ба ақидаи онҳо ҳамроҳи мушрикон фарзандони онҳо низ ба дӯзах хоҳанд афтод. Тақияро на дар сухан ва на дар амал қабул надоранд. Хориҷиён дар масъалаи сархушиҳо ва ҳашомату ороиш сахт таассуб доранд, тамокукашӣ ва мусаккиротро манъ карда буданд.
Дар масоили ақидатӣ онҳо Қуръонро махлуқ мешуморанд, иҷмоъ ва қиёсро намепазиранд. Сураи “Юсуф”- ро рад мекарданд ва онро ба шаъни китоби муқаддас мувофиқ намешуморанд, чун дар он оид ба ишқу муҳаббати Юсуф бо зани мисрӣ ривоят шудааст. Ба ақидаи хориҷиён Парвардигор метавонад паёмбаре фиристад, ки вай баъд аз рисолати худ кофир шавад ё пеш аз рисолат кофир бошад.
Аввалин намояндагони машҳури хориҷая Ашъас ибни Қайс ал-Киндӣ, Мисъар ибни Фадақ ат-Тамимӣ, Зайд ибни Ҳусайн- ат-Тоъӣ буданд, ки ба муқобили Алӣ (р) хурӯҷ карданд. Хориҷия низ бо мурури замон ба чандин фирқҳои ифротӣ ва миёнарав тақсим шуданд ва маъруфтарини онҳо: а з р а қ и я, с у фр и я, наҷдия, б а й ҳ а с и я, а ҷ р а д и я, с а ъ л а б и я, и б о д и я мебошанд, ки дар навбати худ хар кадом боз ба чандин фирқаҳои хурдтар тақсим шудаанд.