Главная / Илм / Зарурат ва оқибатҳои ғайридавлатӣ гардонидани моликият дар Тоҷикистон

Зарурат ва оқибатҳои ғайридавлатӣ гардонидани моликият дар Тоҷикистон

Солҳои тулони – қариб 70 сол ҷаҳони сармоядорию иқтисодӣ бозаргонӣ ба низоми Иттиҳоди Шуравии собиқ муқобилият мекард. Дар нимаи дуюми асри XX ҷаҳониён дарёфтанд, ки роҳи умдаву намоён ва боэътимоди ягонагию бартараф сохтани низоми бюрократию фармонӣ – ин руй овардани ҳалқҳо ба барқарорсозии иқтисоди бозаргонӣ буда метавонад. Ҳамин тавр, бозсозии соли 1986 дар Иттиҳоди Шуравии собиқ пешгирифташуда, шиори бозгаштан ба иқтисоди бозаргониро дошт. Ин амали ҳамаҷониба мулоҳизакорона боиси ҳамон гардид, ки дар ҳамон давра парогандашавию фаноравии лагери ҷаҳонии сотсиалистӣ ба вуқуъ пайваст.

cementТайи ҳамон ҷараёну равишҳо Тоҷиқистон ҳам моҳи сентябри соли 1991 ба истиқдолият расид. Ҳарчанд ислоҳоти куллии иқтисоди бозаргонӣ, вазифаҳои руоварӣ ба иқтисоди бозаргонӣ ва гайридавлатӣ гардонидани молиқиятро ба нақша гирифт, иҷрои ин вазифаҳо таи ҷанги шаҳрвандию буҳронҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсӣ ниҳоят дароз кашид.

Дар Чумҳурии Тоҷиқистон равияҳои зерини гайри- давлатӣ гардонидани моликиятро корбурд намуданд:

  • Фуруши озоди мулки давлатӣ,
  • Саҳҳомигардонии моликият,
  • Ба иҷора гузоштан.

Зарурати истифодаи равияҳои зайлро ҷараёни мухталифи иқтисодиёти мамлакат муайян карда буданд. Ҷанги шаҳрвандии оғозшуда ҳам дар ҳиссае мақсади «Тақсимоти меросро» дошт. То соли 1997 ҳиссаи алоҳидаи молу мулк фурӯхта ва саҳҳомӣ гардонида шуда бошад, ҳиссаи дигари он аз ҷониби қувваҳои муайяни дохилию аҷнабӣ ғасб карда ба ғорат бурда онҳоро тай тасарруфи худ гирифтанд. Ҳамин тавр, ҷомеаи Тоҷикистон ба хараҷу мараҷи беандоза, ғасбу ғорат кашида шуда, дар натиҷаи ин ҳаёту мамоти худро аз даст дод ва ба як давлатӣ ғоратгардида табдил ёфт.

Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, тадриҷан молиқияти саҳҳомӣ, ҳусусӣ, ҳамҷоя, муштарак ба фаъолияти воқеӣ расиданд. Пас аз истиқрори сулҳ (с. 1997) иқтисодиёт бо душвориҳо қадам ба қадам ба эътидол оварда мешуд. Дар баробари ин шаклҳои молиқият ҳам тағйир ёфта, сол то сол ҳиссаи моликияти хусусию саҳҳомӣ зиёд ва моликияти давлатӣ камтар мешуд. Пажӯҳишгарон таъкид доранд, ки то соли 2003-м ғайридавлатӣ гардонидани моликияти қорхонаҳои хурду миёна ба анҷом расонида шуда, тули солҳои 2003 – 2007 ғайридавлатӣ гардонидани фирмаҳои калон ба анҷом расида буд. Натиҷаҳои ҳосилшударо аз ҷадвали 3.1. дидан мумқин аст.

Ҷадвали 3.1.

Шумораи корхонахои Ҷумхурии Точикистон аз руи шаклҳои моликият таи солхои 1991 – 2008

№ р/т Намудҳои корхонахо аз руи мо- ликият  
1991 1995 1999 2000 2003 2004 2005 2008
1 Давлатй 4197 4897 5757 5784 6166 6370 6601 8599
2 Хусусй 2237 4726 9176 10279 15545 23911 27017 37538
3 Коллективй 2193 3119 4519 4895 7597 9448 10723 16291
4 Дигар шаклҳо 170 225 309 328 487 570 645 923
5 Хамагй 8797 12967 1976 12128 29795 40299 45000 63352
6 Мулки ху- сусй. Фоиз аз шумораи умумй % % 25,4 36,5 46,4 48,3 52,2 59,3 60,1 59,3

Чи тавре, ки аз ҷадвали 3.1. дида мешавад, соли 1991 дар шумораи умумии қорхонаҳои Тоҷиқистон ҳиссаи қорхонаҳои хусусй 24,5% бошад, соли 2008 ин нишондиҳанда ба 59,3 фоиз расида буд.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …