Главная / Ҷуғрофия / ЗАРУРИЯТИ ТАҚСИМОТИ МИНТАҚАВӢ

ЗАРУРИЯТИ ТАҚСИМОТИ МИНТАҚАВӢ

География аз ибтидо ба омӯзиш ва тавсифи ҳудудҳои алоҳида, таҳлилу тадқиқи хусусиятҳои табиӣ, тахассуси хоҷагӣ ва аҳолии ҳудуду минтақаҳо сару кор дорад. Ҳар як қитъаи олам хусусияти географии худро дорад. Гуногунии инкишофи иқтисодӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва географии мам- лакатҳо ин тафовутҳоро боз ҳам васеътар мекунанд.

Заминаи асосии тақсим кардани кураи Замин ба минтақаҳои бузург дар чист? Аз чӣ сабаб минтақаҳоро ба минтақаҳои фарҳангию таърихӣ ва таърихӣ-географӣ ҷудо кардаанд?

Барои ифода намудани воҳиди ягонаю ҳамаҷонибаи географӣ мафҳуми «минтақа» (регион), ки аслан ҳудуди васеъро дар бар мегирад, истифода мешавад. Ғайр аз ин мафҳуми «ноҳия» вуҷуд дорад, ки аслан ҳангоми тақсимоти маъмурӣ-сиёсӣ, ноҳиябандии иқтисодӣ ва табиӣ истифода мешаваду масоҳати камтарро дар бар мегирад.

Аз мафҳуми «минтақа» истилоҳи «Географияи минтақавӣ» пайдо шудааст ва он тамоми гуногуниҳои ҷаҳони имрӯзаро инъикос мекунад ва меомӯзад.

Дар гузаштаи на он қадар дур ҷаҳонро ба Дунёи нав ва Дунёи қадим ҷудо мекарданд. Зери мафҳуми Дунёи қадим се қитъаи олам – Аврупо, Осиё ва Африқо, ки аз қадим маълум буданд, фаҳмида мешуд. Дунёи нав қитъаи чоруми олам аст, ки то асри XVI ҳанӯз маълум набуд. Баъди кашф кардан онро Амрико номиданд. Ҳамин тавр ҷаҳон аз рӯйи як қатор хусусиятҳои фарқкунандаи географӣ минтақабандӣ карда мешавад.

Зери мафҳуми минтақаҳои махсус – минтақаҳои табиӣ-географӣ (Ҳимолой, Саҳрои Кабир, Помир ва ғайра), ноҳияҳои иқтисодӣ, ноҳияҳои алоҳида, ки миллату халқиятҳои он хусусиятҳои ягонаи этникию динӣ доранд, кишварҳои алоҳида ва ғайра фаҳмида мешавад.

Ба минтақаҳо ҷудо кардани ҳудудҳо аз рӯйи хусусияти ҳар яки онҳо амалӣ мешавад.

Мо аксар вақт ба мафҳумҳои минтақаи Аврупои Ғарбӣ, Шарқи Наздик, Вест-Индия, Африқои Тропикӣ ва ғайра вомехӯрем. Ин минтақаҳо аз рӯйи таърихи маскуншавии аҳолӣ, шароити табиӣ, хусусиятҳои этникию динӣ, баъзе умумиятҳои тахассуси хоҷагидорӣ ва дигар нишондиҳандаҳо аз якдигар фарқ мекунанд. Инро ба инобат гирифта, ҷаҳонро ба минтақаҳои ҷудогона тақсим кардаанд. Ҳар кадоми ин минтақаҳо дар навбати худ боз тафовутҳои дохилии худро доранд. Масалан қитъаи Аврупо ба Аврупои Ғарбӣ, Шарқӣ, Марказӣ ҷудо мешавад ва Африқо ба Африқои Шимолӣ, Тропикӣ ва ғайра.

Ҳангоми ба минтақаҳо ҷудо кардани ҷаҳон пеш аз ҳама хусу- сиятҳои фарҳангии онҳо ба инобат гирифта мешавад, зеро нисбат ба хусусиятҳои идеологӣ, сиёсӣ ва монанди ин камтар тағйир меёбанд.

Сайёраи мо аз назари географӣ хеле гуногунранг ва ҷолиб аст. Ҳар як минтақаи он дорои шароити гуногуни табиию иқтисодӣ, таркиби этникӣ, ҷойгиршавӣ ва баъзе хусусиятҳои умумии аҳолӣ мебошад. Минтақаҳоро аз рӯйи нишондиҳандаҳо ва меъёрҳои гуногун таснифот мекунанд. Аз рӯйи меъёр ва назарияи таърихӣ-географӣ ҷаҳонро ба минтақаҳои таърихию географӣ ҷудо мекунанд, ки онҳо барои мо кайҳо боз ҳамчун қитъаҳои олам маълуманд. Барои минтақабандӣ яке аз нишондиҳандаҳои асосӣ ин хусусиятҳои ташаккули таърихии он мебошад.

Мо дар ҳаёти ҳаррӯза ба мафҳуми минтақа (сиёсати минтақавӣ, проблемаҳои минтақавӣ, иқтисодиёти минтақавӣ, минтақаҳои туристӣ-рекреатсионӣ ва ғайра) рӯ ба рӯ мешавем, онро дар харита мебинем ва таҳлил мекунем. Бинобар ин ҳангоми тавсифи минтақаҳо мо унсурҳои географии онҳоро, ки пеш аз ҳама ба хусусияти имрӯзаи минтақа таъсир мерасонад, мавриди таҳлил қарор медиҳем. Ба ин нишондиҳандаҳо пеш аз ҳама «тамаддун» ва «тараққиёт» мансуб мебошанд.

Як шохаи илми географияро «Географияи тамаддунҳо» ташкил медиҳад, ки он ба омӯзиши фарҳанги моддӣ ва маънавии халқу миллатҳо нигаронида шудааст.

Тавсифи ҳар як минтақа дар асоси муайян кардани хусусиятҳои географии он, масалан давраҳои гуногуни таърихӣ ба назар гирифта мешавад. Чунончи дар Осиё ҷойгиршавии аҳолӣ мунтазам амалӣ шуд, аммо дар Африқо, бахусус дар Амрико ва Австралия тарзи зисти аҳолӣ ва фаъолияти хоҷагидории он якчанд садсола пеш, дар замони мустамликадории аврупоиҳо сурат гирифтааст.

Тафовути шароити табиӣ ва хусусиятҳои иқтисодию фарҳангӣ боиси ба вуҷуд омадани минтақаҳои махсусгардонидашудаи дохилӣ мегардад. Ин хусусият дар минтақаҳои Осиё ва Аврупо ба таври равшан ба назар мерасад. Ҳар як минтақа шароит ва сарватҳои табиии хоси худро дорад (ҳаҷм, маҷмӯъ, мавқеи ҷойгиршавӣ). Иқтидори захиравии сарватҳои табиӣ имконияти рушди хоҷагии минтақа ва шароити табиӣ, хусусияти зиндагии аҳолиро муайян мекунад.

Аксари минтақаҳои бузурги ҷаҳон таркиби мураккаб ва серзина доранд, ки инро мо дар мисоли Аврупои Ғарбӣ ба таври возеҳ мушоҳида карда метавонем. Ин минтақаро ба Аврупои Ҷанубӣ, Марказӣ, Шимолӣ ва ҷазираҳои Британия ҷудо мекунанд. Дар дохили онҳо боз минтақаҳои хурдтар ҷудо шудаанд. Масалан кишварҳои Скандинавия ё ин ки Бенилюкс. Дар баробари ин дар дохили давлатҳо низ тафовутҳои хурди фарҳангию таърихӣ дида мешавад. Масалан дар Британияи Кабир – Англия, Шотландия, Уэлс; дар Фаронса – Лотарингия, Элзас, Бретан, Корсика, Бургундия, Прованс, Лангедок ва ғайра; дар Олмон – Бавария, Саксонияю Анхалт, Тюрингия; дар Испания – кишвари Баскҳо, Андалусия, Кастилия, Каталония ва ғайра.

Қитъаи Осиё ба чунин минтақаҳо ҷудо карда шудааст: Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ, Ҷанубӣ, Шарқӣ, Ҷанубу Шарқӣ. Пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ боиси ба вуҷуд омадани зерминтақаи Осиёи Марказӣ шуд, ки ба ҳайати он Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон дохил мешаванд. Аз тарафи дигар дар доираи ҳар яке аз ин зерминтақаҳо боз минтақаҳои хурдтар, ки дорои хусусиятҳои фарҳангию географии худ мебошанд, ҷудо карда мешаванд.

Давлатҳои минтақаи Амрико аз рӯйи хусусиятҳои забонӣ ба мамлакатҳои Амрикои англисзабон (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико – ИМА, Канада) ва Амрикои Лотинӣ (дар ҳайати он минтақаҳои хурдтар – Мексика, Амрикои Марказӣ ва Вест-Индия, мамлакатҳои Анд, кишварҳои ҳавзаи Амазонка ва пастии Ла-Плата) ҷудо карда мешаванд.

Африқо ба ду минтақаи мушаххас – Африқои Шимолӣ (бо минтақаи Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ, ки тамаддуни исломӣ дорад) ва Африқои Тропикӣ (ба ҳайати он зерминтақаҳои Африқои Ғарбӣ, Шарқӣ, Ҷанубӣ ва Марказӣ дохил мешаванд) ҷудо карда мешавад. Ҳамин тавр дар дохили ҳар як минтақа мамлакатҳои зиёде ҷойгиранд (ғайр аз Австралия ва Уқёнусия), ки аз якдигар куллан фарқ мекунанд.

Аз харитаи сиёсии ҷаҳон ба шумо мавқеи ҷойгиршавӣ, масоҳат, мамлакатҳои ҳамсарҳад, пойтахт, шаҳрҳои калонтарини давлатҳои ҷаҳон маълум аст. Ин имкон медиҳад, ки харитаи ҳар як ҳудудро барои давраҳои гуногуни таърихӣ муқоиса ва натиҷагирӣ кунед.

Дар ин китоби дарсӣ мо мафҳумҳои «мамлакат», «давлат» ва “кишвар”-ро ҳамчун синоним истифода мебарем, гарчанде ки ин мафҳумҳо гоҳе маъно ва тобишҳои хоси худро доранд.

Мамлакат ҳудуде мебошад, ки сарҳади муайян дошта, аз рӯйи нишондиҳандаҳои гуногуни географӣ – мавқеи географӣ, шароити хоси табиӣ ва ғайра фарқ намуда, ягонагии ин қаламравро тавсиф мекунад.

Давлат – системаи сиёсии ҳокимият мебошад, ки дар ҳудуди муайян воқеъ шудааст. Ба ибораи дигар, давлат ин мамлакати соҳибистиқлол ва мустақил аст.

Кишвар – низ синоними мамлакат буда, бештар дар мавриди ҳудуди муайяни географӣ истифода мешавад.

Инро бояд дар хотир дошт!

Истилоҳоти муҳим: минтақа, ноҳия, географияи минтақавӣ, минтақаҳои таърихӣ-географӣ, минтақаҳои фарҳангӣ-таърихӣ, принсипҳои минтақабандӣ, давлат, кишвар, мамлакат.

Савол ва супориш.

  1. Аз харита мамлакатҳои: а) минтақаи баҳри Миёназамин,

б) мамлакатҳои нимҷазираи Балкан, в) минтақаи баҳри Кариб,

г) мамлакатҳои Амрикои Лотиниро нишон диҳед.

Инро ман медонам.

  1. Кадом минтақаҳои ҷаҳонро медонед?
  2. Минтақаҳои таърихӣ-географӣ ва таърихӣ-фарҳангиро аз рӯйи кадом хусусият ва меъёрҳо фарқ мекунанд?
  3. Географияи минтақавӣ чиро меомӯзад?
  4. Тоҷикистонро ба кадом зерминтақаи таърихӣ-фарҳангӣ ворид кардан мумкин аст?

Инро ман метавонам.

  1. Аз рӯйи нақша тавсифи таърихӣ-географии минтақаҳоро тартиб диҳед.
  2. Кураи Заминро аз рӯйи нишондиҳандаҳои гуногун ба минтақаҳо ҷудо мекунанд. Дар дафтаратон аз рӯйи таснифоти ба шумо маълум тақсими ҷаҳонро ба минтақаҳо нависед. Шумо чӣ гуна таснифотро пешниҳод карда метавонед? Кадом фарқиятро шумо ба асос мегиред?

Хулоса. Дар асоси хусусиятҳои ташаккули таърихӣ ва фарҳангӣ мо метавонем, ки ҷаҳонро ба минтақаҳо ҷудо кунем. Хусусиятҳои ҳудудӣ ва мавқеи ҷойгиршавии географии мамлакатҳо, ки хоси ин минтақа мебошанд, ба ҷойгиршавии аҳолӣ ва рушди хоҷагӣ бештар таъсир мерасонанд. Хусусиятҳои ҳар як минтақа ва мамлакат такрорнашаванда аст. Минтақа ва мамлакатҳои ҷаҳонро танҳо дар асоси таснифоти пурра ва мукаммал бо назардошти меъёрҳои географӣ дуруст омӯхта метавонем.

harita

Инчунин кобед

МАРКАЗҲОИ АСОСИИ ҲОҶАГИИ ҶАҲОНИ (с.2008)

МАРКАЗҲОИ АСОСИИ ҲОҶАГИИ ҶАҲОНИ (с.2008) Марказ ММД (млрд. долл) Ҳисса дар ММД (%) Амрикои Шимолй …