Главная / Ҷуғрофия / ЗЕЛАНДИЯИ НАВ

ЗЕЛАНДИЯИ НАВ

ЗЕЛАНДИЯИ НАВ аз дигар кишварҳо ва ҳудудҳои тобеи дигар мамлакатҳо куллан фарқ дорад. Қисми зиёди аҳолии онро қавмҳое ташкил медиҳанд, ки онҳо аз ҷазираҳои тобеи Британияи Кабир омадаанд. Дар ин ҷо ҳиссаи аҳолии шаҳр зиёд аст (84%). Ин давлати рушдёфта бо иқтисоди бозорӣ мебошад. Заминаи асосии иқтисодиёти онро кишоварзӣ ташкил медиҳад. Аз ҷиҳати содироти равғани маска, гӯшт ва пашм дар бозори ҷаҳонӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Саноати хӯрокворӣ ва маъдани кӯҳӣ низ тараққӣ кардааст (истихроҷи ангишт, маъдани оҳан, мис). Инчунин, корхонаҳои саноати металлургияи сиёҳ ва ранга, мошинсозӣ ва ғайра пурмаҳсул фаъолият доранд.

Инро бояд дар хотир дошт!

Уқёнусия – Англо-австралиягиҳо, аборигенҳо, кишвари капитализми муҳоҷир, Микронезия, Полинезия, Меланезия.

Савол ва супориш.

  1. Аз атлас ва харитаҳо истифода бурда, доир ба хусусиятҳои ҷойгиршавии иқтисодӣ-географии Уқёнусия маълумот диҳед.

Инро ман медонам.

  1. Тақсимоти маъмурӣ-ҳудудии Австралия чӣ гуна аст?
  2. Австралия чӣ гуна хусусиятҳои табиӣ дорад?
  3. Мамлакат кадом намуди сарватҳои табииро ба бозори ҷаҳонӣ содир мекунад?
  4. Аҳолии Австралия чӣ гуна ҷойгир шудааст? Чунин шакли ҷойгиршавиро шарҳ диҳед.
  5. Хусусиятҳои фарқкунандаи иқтисодиёти Австралия кадомҳоанд?
  6. Сабаби дараҷаи баланди урбанизатсия дар Австралия дар чист? Инро ман метавонам.
  7. Дар харитаи контурӣ калонтарин конҳои маъданҳои табиии Австралияро тасвир кунед ва дар зерашон номи онҳоро нависед.
  8. Атлас ва харитаро истифода бурда, дар харитаи контурӣ ноҳияҳои муҳимтарини кишоварзӣ ва саноатиро тасвир кунед?
  9. Бузургтарин ҷазираҳои Уқёнусияро дар харитаи контурӣ тасвир кунед.
  10. Сабаби бартарӣ доштани монополияи хориҷӣ дар иқтисоди кишварҳои Уқёнусия чист?

Оё медонед?

  1. Сидней яке аз қадимтарин ва бузургтарин шаҳрҳои Австралия мебошад ва он дар соҳили гулугоҳи Порт-Ҷексон ҷойгир шудааст. Пуле, ки аз болои гулугоҳ мегузарад, ягона ва бузургтарин дар дунё мебошад ва як аркаи оҳанин дорад. Дар шаҳри Сидней иншооти аз ҳама баландтарин манораи телевизионӣ аст (305 м).
  2. Австралия аз сарватҳои минералӣ бой буда, саноати маъдани кӯҳии он дар дунё яке аз тараққикардатарин ба шумор меравад. Австралия бузургтарин содиркунандаи ангишт ва яке аз пешсафони истихроҷи маъдани оҳан, тилло, мис ва алмос дар ҷаҳон аст.
  3. Пас аз кушодани кони тилло (соли 1851) дар Австралия шумораи муҳоҷирон афзуд. Австралия соле зиёда аз 300т тилло истихроҷ мекунад ва аз ҷиҳати истихроҷи тилло дар дунё ҷойи сеюмро ишғол мекунад.
  4. Зеландияи Нав дар минтақаи фаъоли вулқонӣ ҷойгир шудааст. Дар ин ҷо чашмаҳои гарм, гейзерҳо ва лойҳои вулқонӣ хеле зиёданд, хусусан дар минтақаи Роторуа.
  5. Авлоди маори-полинезиягиҳои қадим, ки дар асри Х ба Зеландияи Нав омадаанд, онро тахаюлан Аотеароа – «Кишвари абри сафеди дароз» ном гузоштанд.

Хулоса. Австралия ва Уқёнусия – яке аз минтақаҳои Дорои хусусиятҳои географии ба худ хос буда, ба ҳайати он мамлакат- материки Австралия ва олами ҷазиравии Уқёнусия дохил мешаванд. Дар Уқёнусия ҷазираҳоро ба се гурӯҳ ҷудо мекунанд, ки аз ҷиҳати нажодию этникии таркиби аҳолӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Австралия дар ҷаҳони имрӯза пешсафи истеҳсолкунандагони бузурги маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ва ашёи хоми минералӣ мебошад. Дар байни кишварҳои Уқёнусия танҳо ду мамлакати бузург : Папуа- Гвинияи-Нав ва Зеландияи Нав вуҷуд доранд. Боқимонда давлатҳои на он қадар бузург буда, дараҷаи ниҳоят маҳдуди тахассусӣ доранд, ки нақши асосиро дар таркиби хоҷагидории онҳо моҳидорӣ ва кишоварзӣ мебозанд. Соҳаи сайёҳӣ босуръат афзоиш меёбад.

Инчунин кобед

МАРКАЗҲОИ АСОСИИ ҲОҶАГИИ ҶАҲОНИ (с.2008)

МАРКАЗҲОИ АСОСИИ ҲОҶАГИИ ҶАҲОНИ (с.2008) Марказ ММД (млрд. долл) Ҳисса дар ММД (%) Амрикои Шимолй …