Главная / Илм / Зиёдшавии массаи гидросфера ва атмосфера

Зиёдшавии массаи гидросфера ва атмосфера

Гидросфера дар натиҷаи ҷудошавии об аз мантияи замин ҳосил шудааст. Барои ҳамин бо осонӣ аз рӯйи микдори оби дар давраҳои гуногуни геологӣ аз мантия ҷудо шуда ва барои ташаккулёбии гидросфера сарфшударо ҳисоб карда метавонем. Барои ин дараҷаи ғилзати тағйирёфтаи обро бо массаи мантияи замин, ки ба 4,05.1027 г баробар аст, зарб кардан лозим аст. Ба ақидаи олим О. Г. Сорохтина, ҷудошавии босуръати об аз мантияи замин ба давраҳои фаъоли раванди тектоникию магматикии замин, ки ба давраи протерозой (1-2,5 млрд. сол пеш) рост меоянд, амалӣ шудаанд. На ҳамаи оби ҷудошудаи мантияи замин дар хосилшавии гидросфера иштирок дошт, чунки як қисми он бо ҶИНСХ.ОИ қишри замин пайваст шуда, қисми дигари он ба уқёнус дохил мешуд, ки онро бо чунин типи таассурҳо нишон додан мумкин аст.

4 (Mg, Fe)2 SiO4 + 4НгО + 2СО2 = (Mg, Fe)6 Si4Oio (OH)8 +
Олнвин                           Серпентин

+2(Mg, Ғе)СОз
Магнезит, сидерит

ё ки

6MgSiO3 + 8H2O = Mg6Si4Oio(OH)8 + 2Si(OH)4

 

Ҷараёни метоморфизми рухом ва габб, ки дар қишри уқёнусӣ амалӣ мешуд, қишри уқёнусро бо об бой мегардонд.

Мисол,

2CaAhSi2O8 + 4НгО + 2СОг = AhSi-iOio (ОН)« + 2СаСОз

Дар баробари ҳосилшавии об, дар ин гуна таассурҳо дуоксиди карбон фурӯ бурда мешуд, ки ин ҷараёнҳо қувваи асосии аз гидросфера ҷудо шудани СО2 ба ҳисоб мерафтанд. Муайян шудааст, ки дар қабати сеюми қишри уқёнусӣ 1,46.1024г, дар ҳабати якум ва дуюми қишри уқёнусӣ 0,49.1024г ва қишри қитъавӣ 0,35.1024 г об маҳфуз аст.

Массаи атмосфера на танҳо аз ҳисоби ҷудошавии об аз мантияи замин, балки аз ҳисоби газҳои кӯҳҳои оташфишон зиёд мешуд. Зиёдшавии массаи атмосфера барои такомули

икдими ҳамонрӯзаи сайёраи Замин, аҳамияти калон дошт, чунки массаи атмосфера қобилияти механикӣ ва гармии Заминро муайян мекунад (чи қадаре масса зиёд бошад, ҳамон қадар қобилияти кашондани гармии бештарро дорад, яъне қобилияти гармиро аз минтақаҳои гарм ба минтақаҳои хунук ва бо ҳамин мувозинаи ҳароратро қисман дар самти амудй нигоҳ доштанро доро аст).

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузорӣ дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иқтисодӣ таҳти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (қимат)-и неъматҳову хадамот, манфиатнокии онҳо …