Афзоиши чинси ахамияти калони тахаввулоти дошта, нисбат ба афзоиши гайричинси бартари дорад, зеро генотипи наслхо дар натичаи омезиш (комбинатсия)-и генхои волидон ба вучуд меояд. Дар натича кобилияти мутобикати наслхо ба шароити гуногу- ни мухит зиёд шуда, онхо нисбат ба волидони худ дар мубори- за бахри хаёт бартари пайдо мекунанд. Хангоми афзоиши чинси омезиши нави генхо ба вучуд омада, барои фардхо дар шароити нави зист имконияти бештари мутобикатро фарохам меоварад.
Ба вучуд омадани омезиши генхои нав самара ва суръати му- тобикати намудхоро ба шароити тагйирёбандаи мухит метезо- над. Мохияти афзоиши чинси дар он аст, ки якчояшавии маводди ирси дар наслхо, аз хисоби ахбори генетикии ду сарчашмаи гуно- гун, яъне волидон амали мешавад.
Дар хайвонот ва рустанихои дучинса мутобикате хаст, ки худ- бордоршавиро бозмедорад. Дар пахнкирмхо ва халкакирмхо (пла- нария ва кирми лойхурак) чуфтшави дар байни фардхои гуногун мегузарад. Дар наботот худбордоршави дар рустанихои якчинса ба мушохида мерасад. Агар гулхои дучинса инкишоф ёбанд, пас хангоми расидан, гардбарг ва мевабарг аз хамдигар фарк меку- нанд. Дар чунин холат гардолудшави дутарафа мегузарад.
Инкишофи хучайрахои чинси (гаметогенез)
Дар гадудхои чинси инкишофи хучайрахои чинси, ки онхоро гамета меноманд, ба амал меояд. Хучайрахои нарина (нутфа) дар наслдон ва модина (хучайратухм) дар тухмдон инкишоф меёбанд.
Чудочинси аз нигохи эволютсиони бартари дорад. Чудочинси сохт ва рафтори волидонро махсус гардонида, хамчун омили нави эволютсиони, яъне интихоби чинси ташаккул меёбад ва нисбати наслхои худ гамхори зохир менамояд. Дар ин холат наринахо асо- сан накши мухофизат ва гизоёбиро бозида, дар мухориба барои ба даст овардани модина иштирок мекунанд. Дар раванди пайдо- иш хучайрахои чинси хам дар сперматогенез ва хам дар овогенез даврахои гуногунро аз сар мегузаронанд (расми 6.4).
Давраи аввалро даври афзоиш номида, дар ин чо хучайрахои ибтидоии чинси бо рохи митози таксим ва микдоран зиёд мешаванд. Дар сперматогенез афзоиши хучайрахои аввалини чинси хеле фаъол буда, аз вакти ба балогатраси огоз меёбад ва дар тамоми давраи насл- дихи, яъне вакте ки хайвонот дар афзоиши чинси иштирок дорад, давом мекунад, сипас тадричан дар дами пири катъ мегардад.
Хучайрахои аввалини чинсии модина дар мухрадоро- ни дарачаи паст дар давоми хаёташон инкишоф меёбанд. Дар ширхурон, аз чумла дар одам, ин гуна хучайрахо дар батни модар инкишоф ёфта, нисбатан фаъоланд ва дар холати ороми то пухта расидани хучайрахои чинси махфуз мемонанд.
Давраи дуюм давраи сабзиш аст. Дар гаметахои норасидаи нарина сабзиш чандон ба назар намерасад ва андозаи онхо низ хурд мебошад. Баръакс, хучайратухми оянда, ки оосит ном до- рад, хачман садхо, хазорхо, баъзан миллионхо маротиба калон мешавад.
Дар баъзе хайвонот оосит бо суръати нихоят тез, масалан, дар давоми чанд руз ё хафта инкишоф меёбад, дар намудхои дигар бошад, давомоти сабзиши он моххо ва солхоро дар бар мегирад. Сабзиши ооситхо аз хисоби моддахое, ки хучайрахои дигари ор- ганизмхо пайдо мекунанд, ба амал меояд. Масалан, дар мохихо, обхокихо ва бештар дар хазандагону парандагон массаи асосии тухмро зарди ташкил мекунад.
Дар раванди афзоиши чинси организмхои хар намуд дар наслхои худ микдори муайяни хромосомахои хосро нигох медо- ранд. Ин холат дар натичаи таксимшавии мейози ба амал мео- яд, чунки дар рафти пухта расидани хучайрахои чинси микдори хромосомахо кам (редуксия) ва аз хучайраи дастаи диплоиди (2п) хучайраи гаплоиди (1п) пайдо мешавад. Баьди бордоршави, яьне омехташавии хучайрахои чинси, дастаи хромосомахо боз микдо- ри пешинаи худро пайдо мекунанд (2п).Зардй дар шакли моддахои гизои (равганхо, сафедахо, ан- гиштобхо, витаминхо ва гайра) буда, барои инкишофи чанин лозиманд. КРН синтези сафедахоро дар давраи огози инкишоф таъмин мекунад, зеро дар ин вакт КРН-а худ хануз ба фаъолият шуруь накардааст. Давраи дигар ё сеюм, давраи пухтараси ё мей- ози аст, ки дар расми 6.5 нишон дода шудааст. Хучайрае, ки ба давраи балогат шуруь мекунад, дастаи хромосомааш диплоиди буда, микдори КДН дучанд гардидааст (2п,4с).Зарди дар чигар дар шакли махлули махсус синтез шуда, ба воситаи хун ба тухм мегузарад. Дар он чо вай ба оосити сабзанда дохил шуда, дар шакли зардии серкабат чамъ мегардад. Гайр аз ин, дар хучайраи чинсии оянда сафедахои гуногун, хамчунин мик- дори зиёди КРН (наклиёти, рибосоми, ахборй) синтез мешаванд.
Конуниятхои чараёни мейоз дар хучайрахои чинсии нарина ва модина мохиятан монанданд. Бинобар ин, аввал конуниятхои умумии мейоз ва сипас чихатхои фарккунандаи сперматогенез ва оогенезро дида мебароем. Мохияти мейоз аз он иборат аст, ки хар як хучайраи чинси нисфи хромосомахоро мегирад, яьне дастаи хромосомахо гаплоиди (ток) аст. Аз тарафи дигар, мейоз даврае мебошад, ки омезиш (комбинатсия)-и нави генхо дар натичаи якчояшавии хромосомахои волидон ба амал меояд. Ба таври дигар гуем, дар мейоз омезиши хиссачахои ирси хамчунин, дар натичаи ивазшави (додугирифт)-и хромосомахои гомологи ба амал меояд. Мейоз ду давраи таксимшавии пайихамро дар бар мегирад, ки ка- риб дар байни онхо фосила нест. Мейоз хамчун митоз чор мархала – профаза, метафаза, анафаза ва телофазаро аз сар мегузаронад.
Тестхо
- Ахамияти афзоиши чинси дар чист?
а) дар натичаи омезиши генхои волидон наслхои пайдошуда кобили- яти мутобикии хуб доранд; б) генхо дигар мешаванд; в) наслгузори паст мешавад.
- Огози инкишофи хучайрахои чинси (гамета) аз кучо сар мешавад?
а) дар гадудхои чинси; б) дар хучайрахои соматики; в) дар хучай- рахои нашви.
- Инкишофи хучайрахои нарина дар кучо ба амал меояд?
а) наслдон; б) тухмдон; в) чанин.
- Инкишофи хучайраи модина дар кучо ба амал меояд?
а) наслдон; б) тухмдон; в) чанин.
- Нутфагенез (сперматогенез) ва оогенез чанд давраро аз сар мегу- заронанд?
а) ду; б) се; в) чор.
- Дар давраи афзоиш хучайрахо бо кадом рох таксим мешаванд?
а) митоз; б) мейоз; в) амитоз.
- Дар давраи расиш хучайрахо бо кадом рох таксим мешаванд?
а) митоз; б) мейоз; в) амитоз.
- Мохияти таксимшавии мейозй аз чи иборат аст?
а) дар хучайрахои чинси танхо нисфи хромосома (ток) аст; б) хромо- сомахо кам намешаванд; в) гаметахо диплоиданд.
- Мейоз аз чанд давра иборат аст?
а) ду; б) се; в) чор;
- Мейоз чанд фазаро аз сар мегузаронад?
а) се; б) чор; в) панч.