Главная / Чугрофия / АХОЛИ ВА ХОЧАГИИ ОСИЁ

АХОЛИ ВА ХОЧАГИИ ОСИЁ

Ахоли ва чойгиршавии он. Дар Осиё бештар аз 4,0 миллиард нафар ахоли (бе ахолии кисми шаркии Русия) хаёт ба сар мебарад. Афзоиши нихоят баланди табиии ахоли сабаби бо суръат афзудани саршумори он гардидааст, ки ба як катор омилхои ичтимоию иктисоди вобаста мебошад. Ба ин омилхо, пеш аз хама дарачаи нокифояи тараккии иктисодиёт, бартари доштани сохаи кишоварзи, зиёд будани бесаводи, паст будани маданияти нигохдории тандурусти, акди никохи барвакт, бисёрзани ва урфу одатхои милли, ки серфарзандиро химоя мекунанд, мусоидат мекунанд. Афзоиши баланди табиии ахоли кариб ба аксарияти мамлакатхои Осиё хос мебошад. Ба хисоби миёна афзоиши табии ба 1000 нафар ахоли 18 касро ташкил менамояд. Дар солхои охир барои «ба танзим даровардани оила» дар баъзе мамлакатхои Осиё, аз чумла дар серахолитарини он Чин ва Хиндустон аз тарафи давлат чорабинихое андешида шуданд, ки ба паст намудани дарачаи баланди афзоиши табиии ахоли равона карда шудаанд. Дар хайати чинсии ахолии Осиё мардон бартарй доранд. Ин ба он вобаста аст, ки дар натичаи никохи бармахал (дар синни 13-15-солагй), серфарзандй, риоя накардани коидахои тиббй занхо бештар мефавтанд. Дар хайати синну соли ахолй бошад, микдори чавонон зиёд аст. Чавонони то 14-сола 40, калонсолон (аз 15 то 59-сола) 53, пиронсолон 6 дарсади ахолиро ташкил менамоянд. Зиёд будани шумораи ахолй дар аксари мамлакатхои Осиё ва суст тараккй кардани иктисодиёт сабаби афзудани сафи бекорон гардидааст, ки баъзан ба мочарохои дохилй оварда мерасонад. Ахолии фаъол дар сохахои мухталифи хочагй кор мекунад. Дар таркиби он шахсоне, ки ба кишоварзй ва сохахои мучовири он (хочагии чангал, шикорчигй, мохидорй ва мохипарварй) машгуланд, бартарй доранд. Хама кабила, халкият ва миллатхое, ки дар Осиё зиндагй мекунанд, аз руйи аломатхои зохирй ба се нажоди умумичахонй (аврупой, мугулоидй ва экваторй) мансубанд. Халкхое, ки ба нажоди аврупой дохил мешаванд, дар Осиёи Пеш, Миёна, Хиндустони Шимолй ва Сибири Чануби пахн гардидаанд. Намояндагони нажоди экваторй дар Осиёи Чанубу Шаркй, Океания ва Австралия хаёт мегузаронанд. Халкхои нажоди мугулоидй асосан Осиёи Чанубу Шаркй, Марказй, Шимолй ва Осиёи Миёнаш Кдзокистонро фаро гирифтаанд. Хама халкхое, ки ба ин нажодхо мансубанд, аз даврахои кадим ин чониб, ба ин ё он дин эътикод доштанд. Бехуда нест, ки махз дар Осиё се дини чахонй – насронй, ислом ва буддой накши худро гузоштаанд. Дини буддой кадимтарин дин ба хисоб меравад. Вай дар ибтидои асрхои У1-У то мелод дар кисми шимолии Осиёи Чднубй ба миён омада, баъд дар Осиёи Марказй ва Шаркй васеъ пахн гардид. Дар заминаи дини буддой дар Хиндустон ва Тибет индуизм ва ламаизм ташаккул ёфтанд. Дини буддой инчунин ба пайдоиши динхои миллии Чин (даосизм, конфусй) ва чопонй (синтоизм) мусоидат намудааст.

Дар чанубу гарбй Осиё ва Фаластин боз ду чараёни динй (иудаизм ва насронй) васеъ пахн гардид. Бояд гуфт, ки бисёр фикру акидахои иудаизмро дини насронй (христианй) таклид намудааст. Холо иудаизм (калимй) ва дини насрониро на факат дар Осиё, балки дар дигар кисмхои чахон парастиш менамоянд. Дар мамлакатхои Аврупо ва Амрикои Шимолй шумораи бисёри одамон онро парастиш мекунанд, ки нисбат ба яхудиёни дар Исроил икоматкунанда ду маротиба зиёданд. Дини ислом ибтидо дар нимчазираи Арабистон ба вукуъ омада, баъд дар каламрави чанубу гарбй, чанубй, чанубу шарки Осиё ва Осиёи Миёна пахн гардид. Мувофики маълумоти А.П. Кузнетсов таркиби дини ахолии Осиё нихоят мухталиф буда, дар 16 мамлакат чараёни суннии ислом бартарй дорад. Дини буддоИ бошад, дар шаш мамлакат, бо хам омехтагии буддоИ, даосизм ва конфусИ хам дар шаш мамлакат афзалият доранд. Дар як катор давлатхои Осиё ислом хамчун дини давлатй эътироф шудааст.

Чойгиршавии ахолй. Вобаста ба шароити табиИ, имконияти истифодабарии сарватхои он ва омилхои ичтимоию иктисодй дар каламрави Осиё ахолИ нобаробар чойгир шудааст. Хисоби миёнаи зичии ахолИ дар як километри мураббаъ 80 нафарро ташкил менамояд. Дар баробари ин, дар Осиё мавзеъхое хастанд, ки дар онхо ахолИ бехад зич чоИгир шудааст. Ин мавзеъхо чунин чоИхое мебошанд, ки дар онхо аз даврахои кадим кишти яке аз зироатхои нихоят мехнатталаб – шоликорИ васеъ пахн гардида буд. Осиёи ЧанубИ ва Чанубу ШаркИ аз кабили хамин гуна мавзеъхо мебошанд. Зичии ахолИ дар ин мавзеъхо дар як километри мураббаъ аз 200 нафар бештар мебошад. Дар баъзе махалхо 1500-2000 нафарро ташкил менамояд. Дар шахрхо аз ин хам зиёд мебошад. Чунончи, дар Сингапур 4 хазор ва дар Макао бештар аз 30 хазор нафарро ташкил мекунад. Дар Бангладеш ва чазирахои Малдив ин нишондод ба 1000 нафар мерасад. Кдтъи назар аз ин, кисми зиёди каламрави Осиё хеле камахолИ мебошад. Аз чумла, зичии миёнаи ахолИ дар Мугулистон дар як километри мураббаъ 2, дар кисми Осиёгии Русия 3, дар Арабистон СаудИ, Кдзокистон ва Туркманистон аз 10 нафар камтарро ташкил менамояд.

Осиёи МарказИ, кухсори Тибет, биёбони ГобИ ва биёбонхои нимчазираи Арабистон кариб одам надоранд. Дар Осиёи ШимолИ ва Помир хам микдори ахолИ он кадар зиёд нест. Вобаста ба маскуншавИ дар Осиё се навъи махалхои ахолинишин фарк мекунанд: шахрИ, дехотИ ва бодиянишинИ. Ахолии онхо бо нуфуз, холати рухи, тарзи зиндагИ, анъана ва малакахои истехсолИ аз якдигар фарк мекунанд. Аз чихати нуфуз ахолии дехот бартарИ дорад.

Кариб 72 дарсади ахолИ дар дехот зиндагИ мекунад. Ин аз кадимулаИём дар дехот ба инкишоф додани сохахои мехнат- талаби кишоварзИ ва обёрИ вобаста мебошад. Чунин тамоюл ба шаялхои чоИгиршавии ахолии дехот низ таъсир расонидааст. Дар мавзеъхое, ки сохахои мехнатталаби кишоварзИ зимни васеъ обёрй намудани заминхо инкишоф ёфтаанд, шакли чойгиршавии гурухии ахолии дехот бартарй дорад. Аммо дар он нохия ва давлатхое, ки шароит барои инкишофи суръатнокии кишоварзй махдуд аст, ахолии дехот ба таври пароканда чойгир шудааст. Хочагии бодиянишинй асосан чорводорй ва шикорчигиро дар бар мегирад. Аз сабабе, ки чорводорон вобаста ба мавсими сол аз як чарогох ба дигар чарогох харакат мекунанд, бинобар ин, онхо махалли сукунати доимй надоранд. Ин шакли чойгиршавии ахолй барои минтакаи дашт, нимбиёбон ва биёбону тундра хос мебошад. Сокинони шахр такрибан 30 дарсади ахолии Осиёро ташкил менамоянд. Ба мавчуд будани шахрхои кадим ва инкишофи минбаъдаи шахрхо нигох накарда, Осиё бо ифодаи образноки олимон хамчун «дехаи чахонй» бокй мемонад. Кдтъи назар аз ин, дар Осиё шахрхое инкишоф ёфта истодаанд, ки мувофики хисобкунихои дурнамо дар соли 2015-ум дар хар яки онхо аз 10 млн бештар ахолй зиндагй хохад кард.

Ба ин шахрхои бузург Шанхай (12,8 млн), Токио (26,9 млн), Пекин (10,8 млн), Бомбей (18,3 млн), Калкутта (14,3 млн), Чакарта (13,2 млн) дохил мешаванд. Зичии ахолй дар ин шахрхо дар як километри мураббаъ зиёда аз дах хазорро ташкил менамояд.

Инчунин кобед

Ахолии Куба

Ахолии Куба 11,7 млн буда, зичии миёнаи он дар 1 километри мураббаъ ба 99,7 нафар …