Асосгузори фанни генетика олими чех Грегор Мендел мебошад. У соли 1865 конунхои меросгу- зории аломатхои ирсиро кашф намуда буд, лекин дар давоми 35 сол ахли илми онвакта бо ин каш- фиёт марок зохир накард ва ё сарфахм нарафт. Факат соли 1900 ин конунхо аз сари нав кашф шуданд ва он соли тавлиди фанни генетика ба хи- соб меравад. Генетика илми нисбатан нав бошад хам, лекин ба комёбихои калон ноил гаштааст. Дар ин муддат тасаввурот дар бораи мутатсия, хатхои соф, популятсияхо, назарияи ирсияти хромосомй, инчунин, конуни катори гомологй, ирсият ва тагйирпазирй ба вучуд омаданд.
Зинаи дуюмини пешрафти генетика ба та- раккиёти техника, аз чумла пайдо шудани асбобхои мураккаби хозиразамон вобаста аст. Хамин тарик, ба туфайли ин дастовардхо имко- нияти муайян кардани механизми ирсият мухайё гардида, сохти кислотахои нуклеинат ва вазифаи онхо дар гузаронидани аломатхои ирси, кушода- ни рамз (код)-и генетики ва зинахои синтези са- феда маълум шуданд.
Комёбихои генетика дар сохахои гуногуни фаъолияти илми ва истехсоли, алалхусус дар илми биология, тиб ва кишоварзи, мавкеи хос доранд. Кашфи конуниятхои генетики боиси муайян намудани омилхои пайдоиши хаёт дар руйи Замин ва асоси ма- териалии табаддулоти эволютсиони гардид. Омузиши алокаман- дии генхо бо сафеда бошад, заминаи пайдоиши илми биологияи молекулави шуд. Имруз пешрафти пуравчи иммуногенетика, ки асосхои реаксияхои мухофизатии организмхоро меомузад, ба му- шохида мерасад.
Алхол, асосхои генетикии бисёр беморихои инсон муайян гардида, роххои муоличаи саривактии онхо дарёфт ва роххои пешгирии онхо маълум шуданд. Генетика имруз асоси илмии корхои селексиони дар сохаи кишоварзи буда, усулхои нави ама- лиро дар сохахои биотехнология ва генетикаи мухандиси чори на- муда истодааст. Хамаи ин исбот мекунад, ки генетика дар бисёр чабхахои илм ва сохахои гуногуни хочагии халк истифода шуда, дар тарбия ва таълими хонандагон мавкеи хос дорад.