Дар “Асосхои касбу хунар”-и синфи 9 шумо бо фаслхои Асосхои ис- техсолот, интихоби касб, иктисодиёти оила, маданияти корхои таъмиру сохтмон, касбу хунари ниёгон шинос мешавед ва мустакилона лоихахои эчодии дилхохатонро мувофики фаслхои барнома интихобан ичро кар- да метавонед.
Дар фасли «Асосхои истехсолот» оид ба равандхои технологи дар сохахои мухталифи саноати муосир, техника, мошинахо, мачмуи тачхи- зоти технологи, иктисодиёту ташкили истехсолот ва роххои тезонидани пешрафти илмию техники маълумоти муфассал мегиред.
Дар фасли «Интихоби касб» дар хусуси майлу рагбат ба касб, оид ба кобилият ва кудрати корй, саломатй ва интихоби касб, роххои сохиб шудан ба касб, накшахои хаётй ва касбй маълумот пайдо хохед кард.
Дар фасли «Иктисодиёти оила» бори аввал оид ба бучаи оила, харо- чоти оила, маркетинг, менечмент, сохибкорй дар оила ва иктисодиёти замини наздихавлигй шинос мегардед ва корхои амалиро оид ба ин мав- зуъхо ичро хохед кард.
Дар фасли “Касбу хунари миллй” кулолгарй пешниход карда меша- вад, ки он яке аз хунархои халк буда, хонанда бо масолех ва хусусиятхои онхо шинос мегардад.
Дар фасли “Маданияти корхои таъмиру сохтмон” корхои андоваку- ниро давом дода, бо технологияи ба девор часпонидани зардеворй ши- нос мешавед.
Эчодкорй дар хамаи сохахои фаъолияти инсон зарур мебошад. Махз аз хисоби эчодкорй чамъият ба суи прогресс харакат мекунад, яъне тех- ника ва технологияхои нав эчод мегарданд. Эчодкорй доим ба хаёт ва тафаккури мо тагйиротхо дохил мекунад, барои такмил додани дониш кумак мерасонад. Натичахои ичрои лоихахои эчодй бояд маснуоти реалй бошад, ки талаботи гузошташударо конеъ гардонад. Мо умедворем, ки хонандагон аз ухдаи ин кор мебароянд.