Главная / Илм / АВТОМАТОНИИ РАВАНДХОИ ИСТЕХСОЛИ

АВТОМАТОНИИ РАВАНДХОИ ИСТЕХСОЛИ

Автоматони яке аз самтхои асосии такмил додани истехсолот мебошад. Автоматонии васеъ бо чори кардани дастгоххои мухталифи автомати, ки фаъолияти инсонро дар кори назорати рафти амалхои чудогонаи технологи ва идораи онхо (дастгоххои нимавтомат, автомат ва гайра) иваз мекунанд, огоз ёфта буд.

Дар солхои охир микдори зиёди дастгоххо ихтироъ гардида ва дар амал чори карда шудааст, ки идоракунии онхо ба таври автомати аз руйи барномаи муайян ба амал бароварда мешавад. Дастгоххои дорои идоракунии барномави дар сохахои мухталифи хочагии халк (мошинсози, асбобсози ва г.) ба таври васеъ истифода бурда мешаванд. Онхо як ё якчанд амали технологиро ичро карда, ба зуди аз як речаи кор ба дигараш гузашта метавонанд.

Ба талаботи тезонидани равандхои истехсолот дастгоххои металлбури серамал (ба номи марказхои коркардабароянда) ба дарачаи зиёдтар чавоб дода метавонанд. Дастгохи серамал мошини мураккаби идоракунии барномавиаш ракамдор мебошад. Вай махсулотро кабул мекунад ва ба речаи автоматии пешаки аз тарафи оператор муайяншуда коркарди тамоми сатхи чузъро хеле дакик анчом медихад. Дар сохти чунин мошинхо ивазкунии автоматии чузъхо, асбоб, назорати автоматии сатхи коркардашаванда ва дигар амалхо пешбини шудаанд. Дастгохи серамал якчанд дастгоххои металбурро иваз мекунад ва дар натича хосилнокии мехнатро 3-8 маротиба афзун менамояд.

Татбики дастгоххои автомати дар чойхои алохидаи кори зинаи аввали автоматони-автоматонии чузъии равандхои истехсолот мебошад. Зинаи минбаъда дар рохи автоматонии комили (комплекси) истехсолот сохтан ва чори кардани конвейерхои автомати дар сохаи нихоят мухталифи хочагии халк мебошад.

Конвейерхои автомати мачмуи мошинхои автомат мебошанд, ки бо пайдархамии муайян ба таври автомати, бе иштироки инсон амалхои технологиро оид ба тайёр кардани махсулот ичро мекунанд. Хар як дастгох амали худро ичро карда, бо ёрии дастгохи автомати ё абзор, чузъ ё вохиди васлшавандаро бо дастгохи шафат медихад. Ин амал то комилан анчом ёфтани раванди истехсоли давом мекунад. Идора кардани конвейерхои автомати, инчунин назорати кори тамоми унсурхои он аз лахви (пулти) идоракуни ба амал бароварда мешавад.

Дар конвейерхои автомати на танхо амалхои технологи, балки амалхои ёрирасон хам аз кашондан то борпечони ва то ба анбор расонидани махсулоти тайёр автомати гардонида мешаванд. Автоматонии корхои кашондан, дар анбор чойгиркуни ва бор кардану фаровардан ба туфайли ба вучуд овардани техникаи хисоббарории хеле хурд, манипуляторхои саноати ва роботхо имконпазир гардид.

Масалан анбори автоматонидаи хозира аз чи иборат аст? Ин рафхо мебошанд, ки дар хоначахои он бо тартиби муайян маснуоти тайёр гузошта шудаанд. Ахбор дар бораи чойгиршави, инчунин маълумот дар бораи он ки аз анбор ба чойи кори чи, аз кадом хонача дохил шудааст, махсулоти дохилшаванда (махсулоти нимтайёр ва маснуот)-ро дар кучо чой додан мумкин аст дар хотираи компютер нигох дошта мешавад. Компютер роботи наклиётиро, ки алокаи байни анбор ва чойи кориро ба амал меорад, идора мекунад. Мувофики фармони компютер роботи наклиёти махсулоти аз сех овардашударо ба мизи гузаронандаи анбори автоматонида мегузорад. Роботи сарчинкунандаи махсулот онро мегирад ва ба хоначахои раф чойгир мекунад. Роботи сарчинкунанда бо микропротсессорхо идора карда мешавад.

Адади конвейерхои автоматие, ки дар тамоми сохахои хочагии халк истифода мешаванд, сол аз сол меафзояд. Конвейрхои ротори аз хама бештар пахн шудаанд.

Дар автомати ротори чузъ ва асбоби онро коркунанда дар кисми барабан-ротор чой гирифтааст ва хамрохи он давр мезанад. Хамин ки ротор кариб пурра давр зад, амали технологи анчом меёбад. Гирохои махсус, ки дар ротори шафати ба ном наклиёти гузошта шудаанд, чузъро кабул мекунанд ва онро ба ротори дигари кори, ки дар он амали дигар анчом дода мешавад, медиханд. Чузъ аз як ротори даврзананда ба дигараш то хамон вакте харакат мекунад, ки раванди технологи комилан ба анчом расад.

Дар истехсолот конвейерхои автоматии бо робот мучаххазгардида низ ба кор бурда мешаванд. Дар онхо махсулот ва маснуотро дар раванди технологи роботхо, робокара, манипуляторхои саноати ва гайра аз як чо ба чойи дигар мегузаронанд.

Конвейерхои автомати воситаи мухими автоматонии комплексии сеххо ва корхонахо мебошанд. Алхол дар мамлакати мо корхонахои пурра автоматонидаи бетон, истгоххои баркии оби, заводхои нонпази, заводхои истехсолкунандаи шохии сунъи ва як катор дигар корхонахо мавчуданд.

Дар заводи автоматонида операторхо аз лавхи диспетчери, ки бо воситахои мухталифи сигнализатсия, назорат, бахисобгири ва идоракуни мучаххаз шудааст, ба тамоми истехсолот назорат мебаранд.

Онхо ахбори хосилшударо тахлил карда, карор кабул намуда, ба рафти раванди технологи дахолат мекунанд. Натича ба тачриба ва кобилияти оператор барои базуди тахлил карда тавонистани вазъияти баамаломада вобаста аст.

Зинаи навбатии сифатан нави автоматонии комплексии равандхои истехсоли истифодаи мошинхои идоракунанда ва системахои идоракуни мебошад. Мошинхои идоракунанда кодиранд дар зарфи ним сония маълумоти садхо датчикхои мухталиф ва дастгоххои ченкуниро гирифта, онхоро тахлил ва бо кимматхои муайян мукоиса карда, аз вариантхои мухталифи халли ин ё он масъала бехтаринашро интихоб намоянд. Дар ин маврид, вакте ки мошинхои идоракунанда дар идоракунии раванди истехсолот пурра инсонро иваз мекунанд, дар бораи системаи идоракунии автомати (СИА) сухан меравад.

Мошини идоракунии хисоб дастгохи хеле мураккаб ва хануз хеле гарон аст. Аз хамин сабаб онро танхо дар системахои идоракунии равандхои мураккаби технологи ё объектхои калони саноати истифода мебаранд. Системахои идоракунии автомати, ки бо иштироки бевоситаи инсон амал мекунанд, ба таври васеъ пахн шудаанд. Ин системахо имкон медиханд, ки равандхои истхсоли аз руйи принсипи ба хам тобеъ идора карда шаванд: чойи кори (дастгоххои автомат бо дасгохи дорои идоракунии барномавии раками), конвейер (гурухи дастгоххои автомат ва дигар воситахои автоматони), сех, завод.

Инчунин кобед

1_5254f6315b2e55254f6315b323

Нарх ва ташаккули нархгузори дар шароити бозор

Дар адабиёти муосири иктисоди тахти нарх шакли пулии ифодаи арзиш (кимат)-и неъматхову хадамот, манфиатнокии онхо …