АВТОМОБИЛ, ТРАКТОР,
ВОСИТАХОИ НАКЛИЁТИ РУЙИЗАМИНИ,
НАКЛИЁТИ РОХИ ОХАН, ХАВОИ, ОБИ
Чумхурии Точикистон диёри кухсор буда, 93 дарсади онро куххо ташкил медиханд. Аз ин ру, ташаккули инфра- сохтори наклиёти мухим буда, омили асосии пешрафти иктисоди милли ба шумор меравад. Ба чумхури тавассути роххо аз чумхурихои хамсоя ва хоричаи дуру наздик мол ва тачхизоти ниёзи мардум бо воситахои наклиёти боркашон оварда мешавад. Дар солхои истиклолият масъалаи тачдиду бунёд ва ба истифода супоридани роххои мошингард рушд ёфта, натичахои назаррас ба даст оварда шуд.
Азнавсозии шохрохи мошингарди Душанбе – Турсунзо- да, шохрохи Айни – Панчакент, шохрохи Душанбе – Лахш – марзи Киргизистон, рохи мошингарди Восеъ – Ховалинг, рохи охани Душанбе – Кургонтеппа аз чумлаи дастовардхои чумхури дар даврони сохибистиклолии кишварамон мебо- шад. Рохи мошингарди Душанбе – Кулоб – Калъаихумб – Хоруг – Кулма чавобгу ба сатхи байналмилали буда, мав- риди истифодаи ахоли карор дода шудааст. Роххо имконият медиханд, ки чумхури пурра аз бунбасти коммуникатсиони бароварда шуда, дар хама мавсимхои сол робита ба гушахои дурдасти кишвар баркарор карда шавад.
Барои рушди босуръати сохтмони роххо мутахассисони касбии ватани лозиманд. Мехри касби рохсози асосан дар раванди таълим ва шиносои бо нозукихои касб, тавассу- ти машварату маълумот пайдо мешавад. Барои рохсозон, мухандисони рохсоз донишхои амики математики, физики- ву химияви ва табиатшиноси мухим аст.