Главная / Илм / Абдуррахмони Мушфики

Абдуррахмони Мушфики

Иоир ва хачвнигори номии точик Абдуррахмони Мушфики дар шахри Бухоро, такрибан соли 1525 таваллуд шудааст. Падару бобои шоир аслан аз Марв будаанд. Ин аст, ки Мушфики баъзан ба Марви будани худ ишорахо мекунад. Шоир дар шахри Самарканд ба Абдуллоххон касидае навишта, аз мулки хеш, аз Бухоро дур афтодани худро хабар медихад.

2

«Гариби мулки хешам дар замони давлатат, шохо!»

Мушфики дар хурдсоли аввал аз падар ва баъд аз модар ятим мемонад. Дар ин бора баъзе ишорахои шархихолии у гувохИ медиханд. Чунончи:

Бо падар хурсанд будам, бевафои кард умр,

Мехр бар модар ниходам, ёфт модар хам вафот.

Мушфики аз сабаби тангии маиши ба хидмати яке аз хунар мандони шахри Бухоро дохил шуда, аз у бисёр дастгирихо мебинад. Бо дастгирии ин марди шариф тахсили ибтидоиро ба поён расонида, ба мадраса дохил мешавад.Мушфики илмхои чории замонааш: хикмат, хайат, нучум, рамлу хисоб, каломро хуб меомузад. Хусусан улуми адаби ва аз ин миён назмро бештар дуст медорад:

Шеър оби хаёт аст, хуш он ном, ки монад Човид зи оби сухани марди сухандон.

Давраи аввали сабзиш ва камолоти маънавии шоир дар шахри Бухоро сипарИ мешавад. У шеъргуиро дар хамин шахр шуруъ кардааст. Мактабхои адабии Бухоро Мушфикиро хамчун шоири тавоно мепазиранд, вале хасудони дарборй уро хеле фишор медиханд. Шоир дар чавони голибан ашъори мутоибави гуфтааст, зеро даврони ятими ва бепарастории у ба эчоди чунин ашъор боис гардидааст.

Мушфики соли 1564 ба Самарканд меояд, ки шояд сабаби сафари шоир хамоно тангии маиши бошад. Шоир дар Самарканд ба вазифаи китобдори Султон Саид пазируфта мешавад ва дах сол дар ин шахр икомат мекунад. У дар ситоиши Султон Саид чанд касида низ эчод кардааст ва девони якуми газалиёти худро низ ба ин хоким бахшидааст. Аз баъзе ишорахои шоир пайдост, ки рузгори у дар Самарканд низ чандон хуб набудааст:

Хони оликадри кайвонманзилат Султон Саид, Пеши даргохи ту гардуни муалло хеч нест. Арзи холи ман, ки хастам заррае беэътибор, Назди хуршеди замири оламоро хеч нест. Шуд се соли рост, к-аз чинси чаву гандум маро Дона чуз дар мазраи Парвину Чавзо хеч нест. Куръа афкандам барои фол, мурон саф заданд, Нуктахоро дона пиндоранд, аммо хеч нест.

Хамин гуна ишорахои шикояти дар ашъори Мушфики хеле зиёд ба назар мерасад. Аксари ишорахои шоир мохияти ичтимои дошта, хасрати адиб аз тангии маиши мебошад:

Шахо, ту мардуми чашми саводи оламро, Ба лутфу рахмати ту мардуме намеёбам. Шунидаам, ки Самарканд чаннати дунёст, Чи Одамам, ки дар у гандуме намеёбам.

Баъзан чунин холат хам рух додааст, ки инъомхои хон хатто ба шоир ё кисман ва ё умуман намерасидаанд. Чунин муносибат Мушфикиро водор кардааст, ки бевосита у ба худи шох мурочиат намояд:

Подшохо, чакмани инъомро мехтар надод, Дар либоси назм бо у гуфтугу хохад шудан. Чун ба таври ошти чизе аз у хосил нашуд, Чанги чакман дар миёни мову у хохад шудан.

Дар баъзе мавридхо Мушфики ба вазири хон-Осаф хам мурочиат намуда, ба ин восита шоху вазирро аз нобасомонихои дохили дарбор огох месозад, ки «об аз сар лой аст» ва бояд пеши чунин кирдорхои зишт гирифта шавад:

Осафо, шаб омадам суйи високи худ савор, Аспи мискини маро аз фикр сар боло нашуд. Дар хаёли чав хама шаб дидаи у мепарид, Хостам бар чашми у кохе нихам, пайдо нашуд.

Албатта, чунин шиквахои Мушфики оханги чолиби хазлу шухи низ гирифтаанд ва шояд яке аз сабабхои аз мадди назари амиру вазир дур афтодани талабхои шоир гардида бошад. Масалан, дар ин байт аз беманзили чунин шикоят менамояд:

Дар Самарканд имтихон кардам, ки ёбам хонае, Бехтар аз байти тахаллус хонае пайдо нашуд.

Аз баъзе ишорахои шоир бармеояд, ки дар ибтидо рузгори у нисбатан бехтар буда, хатто мухити дарбор низ барояш созгор будааст. Мушфики он хушхолихоро ба ёд оварда, дар як газали худ аз гузашти он рузхо афсус мехурад:

Хуни дил мегиряму ашки чигархун мехурам,

Пеш аз ин май мекашидам, ин замон хун мехурам. Вах, ки дар ахди чавони пир гаштам, Мушфикй, Чун нагардам пир аз ин гамхо, ки акнун мехурам?!

Пас аз вафоти Султон Саид соли 980 (1573) бародари хурди у Чавонмардали ба тахт мешинад, вале соли 1576 писарони Чавонмардалихон аз падар ру гардонида ба Абдуллоххон забон як намуда буданд. Абдуллоххон худи хамон сол Чавонмардалихонро катл намуда, баъди чанд муддат он ду писари Чавонмардалихонро низ ба катл мерасонад. Нобасомонихо, албатта, ба Мушфики сахт фишор меоранд ва у азми сафари Хиндустон мекунад, зеро дер боз чунин орзу дошт. Дар Мовароуннахр овоза шуда буд, ки гуё шохи Хиндустон-Акбаршох шеърпарасту шоирдуст аст. Мушфики низ соли 1577 ба Хиндустон меравад. Уро Акбаршох хуш пазируфта бошад хам, пас аз як сол, соли 1578 шоир боз ба диёри худ меояд:

Кардам сафари Хинду пушаймон шудам он чо,

Гардид бадал рузи сиёхам ба шаби тор. Дидам, ки агар боз наоям ба вилоят, Хуни чигарам мехурад ин Хинди чигархор.

Аз баъзе газалхои Мушфики маълум мешавад, ки шоир аз сафари Хинд пушаймон баргаштааст:

Сафар, кардам фироки дилрабое пеши ман омад, Намерафтам, зарурат шуд, балое пеши ман омад.

Гаму дарди чудои кам шавад аз катъи манзилхо, Ба хар манзил гаму дарди чудое пеши ман омад. Ба гурбат мурдан осон менамуду зиндаги мушкил, Чи кори мушкиле, осоннамое пеши ман омад.

Мушфики пас аз сафари Хинд ба дарбори Абдуллоххон рох меёбад. Шоир дар як муддати кутох дар байни ахли дарбор ва бевосита пеши Абдуллоххон обрую эътибор пайдо мекунад. У дар як муддати кутох ба мартабаи маликушшуарои мушарраф мешавад. Вазъи моддии рузгори у низ бехтар мегардад. Мутаассифона, ин холат замоне даст медихад, ки умри шоир аз шаст гузашта буд. Ба ин маъни шоир чунин ишора мекунад:

Имтихон кардаанд пиру чавон, Хеч кори фалак ба сомон нест. Ком бахшад даме, ки ком намонд, Нон ба вакте дихад, ки дандон нест.

Поёни умри Абдуррахмони Мушфики дар шахри Бухоро гузаштааст. У соли 1588 дар хамин шахри бостони аз ин олам чашм бастааст. Уро дар чавори мазори Шайх Чамол дафн кардаанд. Дар санги мазори шоир байте аз як газали худи у сабт шудааст:

Ба хоки Мушфики он дам, ки дустон гузаранд,

Расад ба хотири эшон, ки хоксоре буд.

Инчунин кобед

d21f97d7

Тарз ва усулхои таъмин ва инкишофи муозинии фаъолияти фирма

Фаъолияти фирма нисбатан мураккаб ва бисёрчанба (истехсолй, ичтимой, тичоратй, бурунмарзй) буда, тахти услубхои бозор ва …